«Тоҷикистон. Боз як қадами устувор дар ҷойгоҳи ҷаҳонӣ»,- шарҳи матбуоти даврӣ

Матбуоти даврии Тоҷикистон ҳафтаи равон рӯйдоду  навгониҳоеро, ки дар ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии мамлакат ва ҷаҳон ба вуқӯъ пайвастаанд, дар саҳифаҳои худ инъикос намудаанд.

Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ҷумҳурият» дар  шумораи рӯзи чоршанбе, 22 сентябр №189 (24 296) сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ пурра инъикос намудааст. Ҳамчунин дар ин шумора маводи таҳлилии муаллифон Қурбоналӣ Раҳмонзода ва Фирӯз Раҳмониён  таҳти унвони «Тоҷикистон. Боз як қадами устувор дар ҷойгоҳи ҷаҳонӣ» доир ба ду нишасти дорои аҳамияти байналмилалӣ-ҷаласаи Шӯрои амнияти дастҷамъии СААД ва ҷаласаи Шӯрои сарварони давлатҳои узви СҲШ ба нашр расидааст.

Муаллифон дар сароғози мақолаи худ чунин нигоштаанд: «Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари таъсиргузор дар ҳалли масоили минтақавию ҷаҳонӣ ва мунодии сулҳ дар ақсои олам ҳафтаи сипарӣ дар сархати расонаҳои дунё  ва меҳвари таваҷҷуҳи аҳли башар қарор гирифт. Кишвари мо ба ин далел мавриди таваҷҷуҳ ва сари забонҳо буд, ки дар вазъияти бисёр печидаи авзои минтақа ду нишасти дорои аҳамияти байналмилалӣ-ҷаласаи Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ва ҷаласаи Шӯрои сарварони давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхайро дар сатҳи баланд мизбонӣ кард, ки натиҷаҳои он дар таърихи фаъолияти ин ду созмони бонуфуз ҳамчун фасли нави ҳамгироӣ ва таҳкими сулҳу субот рақам зада мешавад».

Нашрияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Садои мардум» дар шумораи 21 сентябри соли равон, чоршанбе, №118 (4380)  суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони ноҳияи Сангвор таҳти унвони «Кишоварзӣ дар ноҳияи Сангвор сол то сол равнақ меёбад» ва таҳти унвони «Ноҳияи Лахш дар ояндаи наздик зебову замонавӣ мегардад» аз мулоқот бо роҳбарону фаъолони ноҳияи Лаш, инчунин аз маросими ба истифода додани иншооти бунёдгардида дар ноҳияи Рашт мунташир намудааст. Инчунин хонандагони нашрияи парлумонии «Садои мардум» имкон доранд аз ин шумора бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар «Дар бораи зиёд намудани андозаи маоши амалкунандаи вазифавии кормандони раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикикистон ва муассисаҳои тобеи он» ва эълони озмун бораи ишғоли мансабҳои холии хизмати давлатӣ шинос гарданд.

Нашрияи русизабони  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Народная газета» дар шумораи  рӯзи чоршанбе, 22 сентябр, №37 (20318) хабару гузориш аз ҷараёни баргузории ҷаласаи Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, ҷаласаи Шӯрои сарварони давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай ва сафари кории Пезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои тобеи марказро нашр намудааст.

Инчунин хонандагони нашрияи русизабони  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Народная газета» имкон доранд аз ин шумора маводи ҷолибро, аз қабили «Фарход Рахими: Этот путь сделает нашу страну технически сильной», «Диаспоры как инструмент внешней политики государства», «Ледяной щит жаркого края», «Генсек ШОС-почетный доктор Академии государственного управления», «Зафарбек Давлатзода: до конца года планируется сдать в эксплуатацию еще 200 объектов» ва дигар хабарҳои дохили мамлакатро мутолиа намоянд.

«Минбари  халқ» — нашрияи марказии  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон /ҲХДТ/  дар шумораи 22 сентябри соли 2021, чоршанбе, №38 (1332) хабару гузоришҳо аз ҷараёни баргузории ҷаласаи Шӯрои амнияти дастҷамъии СААД, ҷаласаи Шӯрои сарварони давлатҳои узви СҲШ ва сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ инъикос намудааст.

Фирӯзаи ДАВЛАТ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

  • Сентябрь 2021
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
     12345
    6789101112
    13141516171819
    20212223242526
    27282930  
  • Архиви Моҳона

  • Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028