ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ “НОЗИРОТИ АНДОЗ” ТАЪСИС ЁФТ

Санаи 23–уми сентябри соли ҷорӣ дар Нозироти андоз дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Маҷлиси муассисони ҲХДТ доир гардид.Дар Маҷлиси мазкур Ниёззода Искандар Ҷумъа– Роҳбари Нозироти андоз дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Ҷурахонзода Ҷумахон–Муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Садирова Саломат сармутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроия иштирок ва суханронӣ намуданд.Нахуст Ниёззода Искандар Ҷумъа – Роҳбари Нозироти андоз дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ маҷлисро ифтитоҳ намуда, меҳмононро ба ҳозирин муаррифӣ намуд. Ҳамчунин тибқи рӯзномаи маҷлис ба 10-нафар кормандони Нозироти андоз дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, ки бо аризаи шахсиашон мавқеи сиёсии худро муайян намуда, аъзои ҲХДТ шуданд, шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуда, ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ таъсис дода шуд ва номи ташкилоти ибтидоӣ бо пешниҳоди дастаҷамъонаи аъзоён “Нозироти андоз” номгузорӣ гардид. Бо ҷонибдории ҳамаи аъзои ҳизби ташкилоти мазкур Ниёззода Искандар Ҷумъа Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Нозироти андоз” интихоб карда шуд. Барои пешбурдани корҳои таблиғотӣ- сиёсӣ бо дастгирии аъзоёни ҳизб ва Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Нозироти андоз”, Асоева Маҳбуба–котиби ташкилоти ибтидоӣ интихоб карда шуд. Сипас Ҷурахонзода Ҷумахон–Муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ аз мақсад ва ҳадафи Оинномавӣ ва Барномавии ҲХДТ суханронӣ намуд. Мавсуф қайд намуд, ки ҲХДТ баҳри иттиҳод намудани ақлҳои солими ҷомеа, таблиғи тарзи дурусти истифодабарии иттилооту зиндагии шоистаи мардум, баҳри баланд бардоштани савияи донишҳои сиёсӣ ва кам намудани сатҳи камбизоатии сокинони кишвар кушиш ба харҷ дода, амалишавии ин ҳадафҳоро мақсади асосии худ мешуморад. Раиси тозаинтихоб Ниёззода Искандар Ҷумъа дар назди аъзоёни ҳизб бо ҳисси баланди масъулият аз ҷонибдорӣ ба Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва дастгири намудани сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукумат суханронӣ намуда, ҳамагонро бовар кунонид, ки бо дасти дили гарм баҳри боз ҳам пешрафти корҳои сиёсӣ–таблиғотии ҲХДТ содиқона хизмат хоҳам кард.Дар фарҷоми маҷлис миёни иштирокчиён мубодилаи афкор сурат гирифта ба саволҳои сершумори худ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

  • Сентябрь 2021
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
     12345
    6789101112
    13141516171819
    20212223242526
    27282930  
  • Архиви Моҳона

  • Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028