Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба як гурӯҳ ятимони ноҳияҳои минтақаи Рашт туҳфаҳо тақдим намуданд

22 сентябр дар ноҳияи Рашт Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хислатҳои ҳамидаи инсондӯстию ятимпарварӣ чун анъанаи наку бо як гурӯҳ ятимони ноҳияҳои минтақаи Рашт мулоқоти самимӣ доир карда, аз ҳолу аҳвол, шароити зисту таълим ва тарбияашон пурсон шуданд.

Мулоқоти Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази муосир ва навбунёди тиҷоратию хизматрасонии “Мираюб”, ки аз ҷониби сокини ватандӯсти ноҳияи Рашт Мираюб Шокиров бунёд шудааст, баргузор гашт.

Ин навбат 60 нафар кӯдакони ятим аз ноҳияҳои Рашт, Нуробод ва Тоҷикобод ба суҳбату дидори падари ғамхорашон мушарраф гардидаву аз дасти Сарвари хирадпеша ва раъиятпарвар туҳфаҳои иборат аз сару либос, шириниҳо, ашёи хониш ва кумаки молиявӣ гирифтанд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи иштирокчиёни вохӯрӣ, кӯдакони хуштолеи даврони соҳибистиқлолиро, ки бо амри тақдир аз меҳру навозиши падару модар маҳрум гаштаву зери ғамхории Пешвои муаззами миллат қарор доранд, бо ҷашни бузурги миллӣ 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, барояшон саломатии бардавом, хониши хубу аъло ва саодати зиндагиро орзу карданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи дастгирии иҷтимоии Ҳукумати мамлакат суханронӣ карда, таъкид доштанд, ки тарбияи инсони комил ва аз ҳар ҷиҳат обутобёфта, бахусус кӯдаконе, ки аз падару модар ятим мондаанд, аз ҳадафҳои неки сиёсати иҷтимоии роҳбарияти давлату Ҳукумати кишвар ба шумор меравад. Ҳамин аст, ки ҳамаи ятимони ҷумҳурӣ ҳамеша дар мадди назари Роҳбари давлат қарор дошта, ҳанӯз аз овони хурдӣ то ба камол расондани онҳо аз тарафи Сарвари давлат тамоми тадбирҳои нек андешида мешаванд.

Баъд аз суханронӣ ва тақдими туҳфаҳо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сари дастархони пурнозу неъмат, ки ба хотири кӯдакони даврони соҳибистиқлолӣ ороста шуда буд, бо онҳо суҳбати самимӣ доир карданд.

Ятимон аз ғамхории ҳамешагии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи тарбия, соҳибмаълумоту соҳибкасб карданашон изҳори сипос намуданд.

Дастгирии ятимону барҷомондагон, шахсони яккаву танҳо ва бесарпараст, ки аз ҷониби Пешвои миллат сурат мегирад, аз ҷониби аҳли ҷомеа, бахусус шахсони ватандӯст ва соҳибкорони саховатпеша ҳамаҷониба пуштибонӣ меёбад.

Натиҷаи ҳамин аст, ки соҳибкорон дар баробари расондани кумакҳои моддӣ, инчунин дар самти бунёду обод кардани як гушаи диёр, соҳиби шуғл кардани мардум, ки ба хотири беҳдошти сатҳи зиндагии аҳолӣ равона гардидааст, ташаббусҳои арзанда мекунанд.

Оилаи Мираюб Шокиров бо ҷонибдории амиқ аз сиёсати Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи ободу шукуфон намудани сарзамини аҷдодӣ як маркази муосири хизматрасонӣ бунёд карда, 20 сокини ноҳияро бо ҷойи кори доимӣ таъмин намуданд.

Тақдими туҳфаҳо ба ятимон дар ноҳияи Рашт 22.09.2021

Чунин корҳои ободонӣ дар саросари кишвар аз ҷониби шахсони ватандӯст дар соли таҷлили ҷашни бузурги миллӣ сисолагии истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ ба анҷом расида, садҳо иншооти таъиноти гуногун ва ҳазорҳо ҷойҳои корӣ таъсис дода шуд.









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

  • Сентябрь 2021
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
     12345
    6789101112
    13141516171819
    20212223242526
    27282930  
  • Архиви Моҳона

  • Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028