Оғози корҳои сохтмонӣ дар 2 бинои истиқоматии панҷошёна дар маркази ноҳияи Балҷувон

23 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Балҷувон ба корҳои сохтмонии 2 бинои истиқоматии панҷошёна оғоз бахшиданд.Иттилоъ дода шуд, ки масоҳати умумии иншооти сохташаванда 50 садяк заминро дар бар гирифта, замини зери сохтмон 124 метри мураббаъ мебошад.Дар биноҳои бунёдшаванда 50 хонаи истиқоматии барҳаво, аз ҷумла 10 хонаи 1 ва 40 хонаи 2 ҳуҷрадор ҷойгир карда мешавад.Фармоишгари иншоот Муассисаи давлатии Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва лоиҳакаши он Ҷамъияти Саҳҳомии Кушодаи «САНИИОСП» мебошанд.Зимни муаррифии лоиҳаи бунёди биноҳои истиқоматӣ Сарвари давлат ба таъмини сифати кор дар рафти бунёди сохтмон дастуру маслиҳатҳо доданд. Бинои истиқоматӣ бо мақсади дар оянда таъмин намудани кормандони касбу кори гуногун бо манзили истиқоматии хизматӣ сохта шуда, дар он шароити хуби зисту зиндагонӣ фароҳам оварда мешавад. Тибқи лоиҳа дар назди иншоот майдончаи бозии кӯдакона ва истироҳати калонсолон ба нақша гирифта шудааст.Ҳамзамон ҳарду бинои бунёдшаванда дорои лифт ва ҷойи махсуси либосхушккунӣ хоҳанд буд. Мутобиқи нақша оянда дар ин ҷо боз як бинои дигари 5 ошёнаи истиқоматии хизматӣ сохта мешавад.Қайд кардан ба маврид аст, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар бо таваҷҷӯҳ ва ғамхориҳои бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қисми бештари кормандони сохторҳои гуногун бо манзилҳои истиқоматии хизматӣ таъмин гардидаанд ва оғози сохтмони 2 бинои истиқоматии панҷошёна дар маркази ноҳияи Балҷувон аз тадбирҳои навбатӣ дар ин самт ба шумор меравад.









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

  • Сентябрь 2021
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
     12345
    6789101112
    13141516171819
    20212223242526
    27282930  
  • Архиви Моҳона

  • Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028