Нашри махсуси маҷаллаи «Diplomatic World» ба муносибати 30-солагии Истиқлоли Тоҷикистон дар Брюссел

Ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Брюссел шумораи махсуси маҷаллаи «Diplomatic World» ба забони англисӣ ба нашр расид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар ин шумораи махсуси маҷалла ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангии Тоҷикистон инъикос гардида, дар ин замина ба дастовардҳои кишвар дар замони Истиқлол, ҳамчунин нақши афзояндаи кишвар дар арсаи байналмилалӣ аҳамияти махсус дода шудааст.

Паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Шӯрои Аврупо Шарл Мишел ба маҷаллаи мазкур ҳусни оғоз бахшидаанд.

Маҷалла ба тарғиби дастовардҳои беназири кишвар дар тӯли 30 соли Истиқлол бахшида шуда, мақолаҳои роҳбарони мақомоти давлатиро дар бар мегирад.

Маҷалла бо аксҳои таҷассумкунандаи зебоиҳои Тоҷикистон ороиш ёфтааст.









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

  • Сентябрь 2021
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
     12345
    6789101112
    13141516171819
    20212223242526
    27282930  
  • Архиви Моҳона

  • Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028