Мавлуда Қаландарзода: Судҳои иқтисодӣ самараи Истиқлолияти давлатӣ мебошанд

Судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон рисолати конститутсионии худро бобати ҳифзи ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо ва қонунияту адолат бо масъулияти баланди касбӣ дарк намуда, дар ин  ҷода фаъолияташонро дуруст ба роҳ мондаанд. Ҳамин аст, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ ҳазорон баҳсҳои аз фаъолияти соҳибкориву иқтисодӣ барояндаро ҳал намуда, ҷиҳати барқарорсозии ҳуқуқҳои вайронгардида ва татбиқи адолати судӣ саҳм гузоштанд. Агар солҳои аввали таъсис дар судҳои иқтисодӣ ҳамагӣ 472 парвандаи иқтисодӣ баррасӣ гардида бошад, пас ин рақам соли 2020 ба 4000 адад расидааст, ки шумораи онҳо сол ба сол зиёд мешавад. Дар мавриди шарҳи намоёнтарин дастовардҳои судҳои иқтисодии мамлакат тайи 30 соли соҳибистиқлолӣ таваҷҷуҳ намоед ба мусоҳибаи хабарнигори АМИТ «Ховар» Нарзулло АЛИЗОДА бо Раиси Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон Мавлуда ҚАЛАНДАРЗОДА.

АМИТ «Ховар»: Имсол мардуми шарафманди Тоҷикистон ҷашни бузурги миллӣ- 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар сатҳи баланд таҷлил менамоянд. Мехостам дар мавриди бузургтарин дастовардҳои судҳои иқтисодии мамлакат дар даврони соҳибистиқлолӣ сухан бигӯед. 

Мавлуда Қаландарзода: Тоҷикистон  аз лаҳзаҳои касб намудани соҳибихтиёрӣ ислоҳоти ҳуқуқиро асоси  таҳкими сохти давлатдорӣ эътироф намуда, қабл аз ҳама, қабули Конститутсияи нави ҷавобгӯ ба талаботи стандартҳои байналмилалиро ба миён гузошт. Маҳз бо ҳамин мақсад 6 ноябри соли 1994 дар райъпурсии умумихалқӣ санади олии ҳуқуқӣ — Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Ин ҳуҷҷат ибтидои ислоҳоти ҳуқуқии басо муҳими даврони истиқлолияти давлатӣ буда, дар низоми ҳокимияти давлатӣ дигаргунии куллӣ- таҷзияи он ба се рукни мустақил – ҳокимияти қонунгузор, ҳокимияти иҷроия ва ҳокимияти судӣ ба амал омад, ки он яке аз нишонаҳои асосии давлати ҳуқуқбунёд маҳсуб меёбад. Бояд гуфт, ки бори аввал дар таърихи таҷрибаи идораи давлатӣ мафҳуми «ҳокимияти судӣ» ба миён омад. Меъёрҳои Конститутсия ҳокимияти судиро ҳамчун шохаи мустақили  ҳокимияти давлатӣ муқаррар  намуда, таъмини ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо қонунияту адолатро тавассути мақомоти судӣ кафолат додааст.

Бузургтарин дастовардҳои судҳои иқтисодии мамлакат дар даврони соҳибистиқлолӣ — ин таъсиси судҳои иқтисодӣ мебошад. Бо қабули Конститутсияи давлати соҳибистиқлол бори нахуст дар низоми судии кишвар ниҳодҳои мустақили судӣ — Суди конститутсионӣ, судҳои иқтисодӣ ва ҳарбӣ таъсис дода шуданд. Яъне судҳои иқтисодӣ самараи Истиқлолияти давлатӣ мебошанд. 4 ноябри соли 1995 расман судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуданд. Минбаъд дар раванди ислоҳоти судӣ борҳо сохтори судҳои иқтисодӣ такмил дода шуда, шумораи кормандон ба маротиб зиёд гардидааст.

Қобили тазаккур аст, ки дар даврони Истиқлолияти давлатӣ дастгириҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат нисбат ба ҳокимияти судӣ ва ба таври васеъ ҷонибдорӣ намудани пешниҳодҳо вобаста ба ислоҳоти судӣ эҳсос мегарданд. Бахусус қадрдонии Роҳарияти олии мамлакат аз заҳматҳои судяҳо ҷиҳати таъмини адолати судӣ, татбиқи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ ва рушду таҳкими ҳокимияти судӣ ва сарфароз гардонидани онҳо бо мукофотҳои давлатӣ шаҳодати гуфтаҳои болост. Давоми 30 соли Истиқлолият 20 нафар кормандони судҳои иқтисодӣ бо мукофотҳои давлатӣ, ба монади унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон, ордени «Шараф», медали «Хизмати шоста» ва Ифтихорнома сарфароз гардонида шудаанд.

АМИТ «Ховар»: Бо ташаббуси Сарвари давлат дар даврони истиқлолият 4 барномаи ислоҳоти судӣ – ҳуқуқӣ дар Тоҷикистон қабул гардиданд. Онҳо ба раванди рушди судҳои иқтисодии мамлакат то чӣ андоза таъсир гузоштанд?

Мавлуда Қаландарзода: Зарурати гузаронидани ислоҳоти судӣ-ҳуқуқиро Президенти мамлакат ҳанӯз дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ 20 апрели соли 2006 таъкид карда буданд. Тӯли 30 соли Истиқлолияти давлатӣ бо мақсади баланд бардоштани нақши суд дар ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ҷиҳати таҳкими ҳокимияти судӣ ва баланд бардоштани нақш ва мавқеи он дар ҷомеа Сарвари мамлакат таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда, бо мақсади рушди ҳокимияти судӣ то ба имрӯз чор Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ (барои солҳои 2007-2010, солҳои 2011-2013, 2015-2017 ва солҳои 2019-2021) тасдиқ гардида, баҳри таъмини мустақилияти мақомоти судӣ корҳои муайян, аз ҷумла,  дар ҷараёни  ислоҳоти ҳуқуқӣ Ҳукумат дар баробари фаъолияти ҳокимияти судӣ таҳким бахшидани фаъолияти сохторҳои дигаре, ки дар баамалбарории адолати судӣ алоқа доранд, мақсаднок шуморида, дар ин раванд, таъсиси як қатор сохторҳои давлатӣ аз ҷумла, аз тобеияти Вазорати адлия баровардани ҳокимияти судӣ бо ташкили мақомоти коллегиалӣ — Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки татбиқи сиёсати давлатиро оид ба ҳокимияти судӣ анҷом медиҳад, институти   Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, ки вазифаи асосии он тақвияти кафолатҳои конститутсионии ҳимояи давлатии ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, мусоидат ба риоя ва эҳтироми онҳо аз ҷониби мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот (ҷамоат) ва шахсони мансабдори онҳо, роҳбарон ва шахсони мансабдори корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқиашон  мебошад, амалӣ гардида,  фаъолияти онҳо пеш аз ҳама ба таъмини волоияти қонун ва созмони ҷомеаи демокративу ҳуқуқбунёд, ки ҷавҳари онро ҳуқуқ ва озодиҳои инсону шаҳрванд ташкил медиҳанд, равона карда шудааст.

Марҳила ба марҳила такмил ёфтани қонунгузорӣ, таъсисёбии Маркази таълимии судяҳо, дар ҳайати Суди Олӣ, судҳои вилоятҳо ва шаҳри Душанбе таъсиси коллегияҳои судӣ оид ба парвандаҳои оилавӣ ва маъмурӣ, ба миён омадани вазифаи коромӯз-судя, зиёд намудани воҳидҳои вазифаи судя ва кормандони дастгоҳи судҳо, беҳгардонии вазъи иҷтимоии онҳо, таъмини судҳо бо биною таҷҳизотҳои муосир пайомади ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ буда, тадбирандешӣ дар ин самт идома дорад.

АМИТ «Ховар»: Назари Шуморо роҷеъ ба паҳлуҳои ҳуқуқии пешниҳоди Сарвари давлат дар масъалаҳои глобалӣ, аз ҷумла «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 — 2028» донистан мехоҳем.

Мавлуда Қаландарзода: Аз муқаррароти Конститутсия ба мо маълум аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати сулҳҷӯёнаро дар амал татбиқ намуда, соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти дигар давлатҳои ҷаҳонро эҳтиром менамояд ва муносибатҳои хориҷиро дар асоси меъёрҳои байналмилалӣ муайян мекунад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун аъзои ҷомеаи ҷаҳонӣ барои ҳалли мушкилоти глобалии ҷаҳонӣ бетараф набуда, дар даврони истиқлолият Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли масоили глобалии ҷаҳон — об ташаббус намуданд.  Ба ҳамагон маълум аст, ки 21 декабри соли 2016 Маҷмаи Умумии СММ Қатъномаи A/RES/71/222-ро зери унвони «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028» бо ҳаммуаллифии 177 кишвари узви СММ қабул намуд.

Қобили зикр аст, ки ташаббус оид ба эълони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» бори аввал аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рафти Форуми 7-уми ҷаҳонии об дар Ҷумҳурии Корея ироа шуда буд.

Мутобиқи Қатъномаи мазкур (ОР3) давраи солҳои 2018-2028 ҳамчун Даҳсолаи байналмилаии амал «Об барои рушди устувор» эълон мешавад, ки он аз 22 марти соли 2018 шурӯъ шуда, 22 марти соли 2028 ба анҷом мерасад. Зимни суханронӣ дар Форум Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр карда буданд, ки «… таҳдиду хатарҳои муосири глобалӣ, аз ҷумла буҳронҳои молиявию иқтисодӣ, афзоиши аҳолӣ, тағйири иқлим, зуд-зуд рух додани ҳодисаҳои офатбори гидрометеорологӣ, норасоии об ва дар натиҷа, боло рафтани сатҳи камбизоатӣ, густариши бемориҳои сирояткунанда ва афзоиши фавти модару кӯдак, аз мо саъю талони бештар ва дар ин арса андешидани тадбирҳои марбутаро тақозо доранд».

Аз нигоҳи ҳуқуқӣ ташаббуси мазкур иҷрои яке аз уҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон ба шумор меравад, ки иҷрои он боиси наҷоти миллионҳо нафар сокинони сайёра мегардад. Мояи ифтихор аст, ки ташаббусҳои Пешвои миллат дар асри 21 ҳадафи стратегяи навро барои башарият ва таъмини ҳаёти арзандаи инсонҳо ба миён гузоштанд. Имрӯз кишвари моро оламиён дар самти ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби ошомиданӣ ва мушкилоти мардуми сайёра дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар миқёси ҷаҳонӣ мешиносанд.

АМИТ «Ховар»: Чуноне маълум аст, таҷзияи ҳокимияти давлатӣ дар кишвари мо ҳамчун давлати демократӣ ба чунин шакл аст: қонунгузорӣ, иҷроия ва судӣ. Шумо намояндаи шохаи сеюми ин таҷзия ҳастед. Бигӯед, ки дастоварди бузурги истиқлолият дар самти таҳкими касбияти судҳо чӣ нақш дорад?

Мавлуда Қаландарзода: Таъмини волоияти қонун дар фаъолияти тамоми шохаҳои ҳокимият ва иҷрои бечунучарои талаботи қонун аз тарафи ҳамаи шаҳрвандон ва мақомоти давлатӣ, риоя ва эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд ҳамчун кафолати  ҷомеаи ҳуқуқбунёд арзёбӣ мегардад. Агар мафҳуми давлати ҳуқуқбунёдро тафсир диҳем, дар адабиёт он ҳамчун шакли ташкили ҳокимияти сиёсӣ дар мамлакат, ки ба волоияти қонун, ҳуқуқ  ва озодиҳои инсону шаҳрванд асос ёфтааст, шарҳ дода шудааст. Маҳз ин аломатҳо дар Қонуни асосии мамлакат таҷассум гардида, давлати ҳуқуқбунёд будани Тоҷикистон, арзиши олӣ донистани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва дахлнопазир будани ҳуқуқҳои фитрии инсон, баробарии ҳама дар назди қонун ва суд (моддаҳои 1,5,17 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон) кафолат дода шудааст.

Эълон намудани ҳуқуқ ва озодиҳои инсон  ҳамчун арзиши олӣ, маънои онро дорад, ки дар робитаи инсон, ҷомеа ва давлат бартарият ба ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии инсон дода мешавад. Қонуни асосӣ эътироф, риоя ва ҳифзи онро вазифаи давлат донистааст, ки мӯҳтавои ин меъёрҳо дар моддаи  14 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  возеҳу равшан чунин ифода ёфтааст. «Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба воситаи  Конститутсия, Қонунҳои ҷумҳурӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки аз тарафи Тоҷикистон эътироф шудаанд, ҳифз мегарданд. Ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд бевосита амалӣ мешаванд. Онҳо мақсад, мазмун ва татбиқи қонунҳо, фаъолияти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия, маҳаллӣ ва мақомоти худидоракунии маҳаллиро муайян мекунанд ва ба воситаи ҳокимияти судӣ таъмин мегарданд. Маҳдуд кардани ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрванд танҳо ба мақсади таъмини ҳуқуқ ва озодии дигарон, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳимояи сохти конститутсионӣ ва тамомияти арзии ҷумҳурӣ раво дониста мешавад».

Бевосита амалӣ шудани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро эътироф намудан мазмуни онро дорад, ки ҳамаи шахсони мансабдор ва мақомоти давлатӣ бояд онҳоро эҳтиром ва ҳифз кунанд. Агар ҳуқуқу озодиҳои инсон бевосита амалӣ ва риоя нашаванд, онҳо ба воситаи ҳокимияти судӣ бо  роҳи татбиқи чораҳои маҷбуркунӣ таъмин карда мешаванд. Дар ин маврид санадҳои мақомоти иҷроия дар доираи назорати судӣ санҷида мешаванд, то ки ҳуқуқу озодии инсон ва шаҳрванд халалдор нагардад.

Муқаррароти боби ҳаштуми Конститутсия ба ҳокимияти судӣ  бахшида шуда, дар он талабот нисбат ба вазифаи судягӣ, тартиби таъйин, интихоб, озод ва бозхонд аз вазифа, аз номи давлат ва аз тарафи судяҳо амалӣ намудани адолати судӣ, кафолати мустақил будан дар фаъолият ва дахлнопазирӣ  ва вазифаҳои суд зикр гардидааст.

Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» масоили таъмини мустақилияти суд, касбият, дахлнопазирӣ, салоҳиятнокӣ ва дигар самтҳоро муайян намудааст.

Конститутсияи даврони соҳибистиқлолӣ кафолат дод, ки судя ҳуқуқи дахлнопазирӣ дорад. Ӯро бе ризоияти мақомоте, ки интихоб ё таъйин кардааст, ҳабс кардан ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан мумкин нест. Судяро дастгир кардан мумкин нест, ба истиснои дастгир кардани ӯ ҳангоми содири ҷиноят. Масоили мустақилияти судяҳо яке аз талаботи асосии таъмини волоияти қонун дар давлати ҳуқуқбунёд ба ҳисоб рафта, ҳифзу риояи ҳуқуқҳои конститутсионии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолатро танҳо суди босалоҳият ва беғараз таъмин карда метавонад.

Давлате, ки бобати мустақилӣ ва баланд бардоштани нақши суд дар ҷомеа таваҷҷуҳ мегузорад, роҳҳои самарабахши ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандонро дар ҷомеа  таъмин менамояд, зеро боварии ҷомеа ба ҳокимияти судӣ яке аз омилҳои муҳими оромию суботи мамлакат маҳсуб меёбад.

Чун сухан дар бораи таҳкими касбияти судяҳо рафт, бояд гӯям, ки талабот нисбат ба касбият аз моддаи 85 Конститутсия маншаъ мегирад, зеро он синну сол, дараҷаи таҳсил, собиқаи кориро  барои номзад ба вазифаи судягӣ муқаррар карда, минбаъд ин меъёрҳоро Қонуни констиутсионӣ «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» тақвият бахшидааст.

Доир ба баланд бардоштани сатҳи касбияти судяҳо давлат таваҷҷуҳи хосса зоҳир мекунад. Бори аввал дар таърихи судҳо бобати такмили ихтисоси судяҳо Маркази таълимии судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Илова бар ин, муқаррароти Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» меъёрро пешбинӣ кардааст, ки судя дар ду сол як маротиба бо такмили ихтисос фаро гирифта мешавад. Дар Маркази зикргардида бомаром судяҳо ба бозомӯзӣ фаро гирифта мешаванд, ки ин тадбирҳо баҳри баланд бардоштани касбияти судяҳо равона гардидаанд.

Инчунин дар раванди ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ баҳри ҷорӣ намудани талаботи қатъӣ зимни интихобу ҷобаҷогузории кадрҳо талаботҳои тахассусӣ ҳангоми таъин ва интихоби судяҳо, баланд бардоштани маҳоарти малакаи касбии онҳо, маърифати баланди ахлоқӣ, дараҷаи касбию зеҳнӣ, дониши амиқи ҳуқуқӣ, ҳисси баланди эҳтиром ба Конститутсияву қонунҳо, одоби муоширати касбӣ, адлу инсоф, беғаразӣ,  поквиҷдонӣ масоили калидӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин ҷода, бо мақсади баланд бардоштани ҳисси масъулияти судяҳо дар иҷрои вазифаҳо  ва босамар гардонидани фаъолият тибқи Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ Кодекси одоби судяи Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 29 ноябри соли 2013 аз ҷониби ҷомеаи судяҳо қабул карда шуд, ки он талаботи умумӣ нисбати рафтори судя, принсипҳо ва қоидаҳои рафтори касбии судя, қоидаҳои рафтори судя дар фаъолияти ғайрисудиро дарбар мегирад.

АМИТ «Ховар»: Яке аз рукнҳои асосии фаъолияти Шумо- ин таъмини адолати судӣ аст, ки дар Конститутсия ва қонунҳои касбӣ зикр шудааст. Он дар асосҳои демократие қарор мегирад, ки аз моҳият ва вазифаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ бармеоянд. Ба андешаи Шумо оё дар самти пиёдасозии адолати судӣ айни замон мушкилот вуҷуд доранд?

Мавлуда Қаландарзода: Ин ҷо, ба маврид аст, ки аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалӣ, ба монанди принсипҳои асосии марбут ба мустақилияти мақомоти судӣ, ки аз ҷониби Конгресси СММ аз 26 август то 6 сентябри соли 1985 дар Милан қабул гардида, бо резолютсияҳои 40/32 Ассамблеяи Генералии СММ аз 29 ноябри соли 1985 ва 40/146 аз 13 декабри соли 1985 маъқул дониста шудааст,  ёдовар шавем. Ҳуҷҷати мазкур тасдиқ менамояд, ки мустақилияти мақомоти судиро, пеш аз ҳама, давлат ва Конститутсияи он кафолат медиҳад ва дар Конститутсия ё қонунҳои кишвар зикр карда мешавад. Ҳама гуна шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ уҳдадоранд мустақилияти мақомоти судиро эҳтиром ва риоя намоянд. Мутобиқ ба ин санади байналмилалӣ мустақилияти судҳо дар Конститутсияи Тоҷикистон зикр гардидааст. Воқеан мустақилӣ ва фаъолияти амалигардонии адолати судӣ аз моддаи  84 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, ки тибқи он ҳокимияти судӣ мустақил буда, аз номи давлат ва аз тарафи судяҳо амалӣ мегардад. Ҳокимияти судӣ ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд.

Дар Конститутсия тамоми ҳуқуқҳои фардии шахс, аз ҷумла, баробарии ҳуқуқи инсонҳо дар назди қонун ва суд, ҳаққи зиндагӣ,  озодии сухан, ташкили оила, ҳуқуқ ба меҳнату истироҳат, манзилу моликият, таҳсил, саломатӣ, ҳифзи судиву истифода аз ёрии ҳуқуқӣ ва дигар ҳуқуқу озодиҳо арзишҳои муқаддастарин ҳисобида шуда, ҳифзи онҳо тавассути ҳокимияти судӣ кафолат дода шудааст. Яъне ин аввалин ислоҳоти конститутсионӣ мебошад, ки масъалаҳои вобаста ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон дар он мавқеи муҳимро ишғол намуда, инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ эътироф гардидааст. Муқаррароти мазкур аз нишонаҳои асосии давлати демократӣ будани Тоҷикистон шаҳодат медиҳад. Дар баробари ин таъмини волоияти қонун дар фаъолияти тамоми шохаҳои ҳокимият, иҷрои бечунучарои талаботи қонун аз тарафи ҳамаи шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ новобаста аз шакли моликиятдориашон  ҳамчун кафолати ҷомеаи ҳуқуқбунёд ба ҳисоб меравад.

Хусусияти хоси ҳокимияти судӣ аз рукнҳои дигар дар мустақилӣ, ягонагӣ, танҳо ба қонун итоат намудан ифода ёфта, аз номи давлат амалӣ намудани адолати судиро аз ҷониби мақомоти махсуси давлатӣ -судҳо таъмин мекунад. Ягон мақоми дигар ё шахсони ҳуқуқӣ ба зиммаи худ гирифтани таъмини татбиқи адолати судиро надоранд. Ин ҷо суханронии Пешвои миллатро ёдовар мешавам, ки 21 ноябри соли 2019 зимни мулоқот бо кормандони мақомоти судӣ қайд намуданд, ки «Конститутсия барои ҳама ҳифзи судиро кафолат додааст, яъне шахсони воқеиву ҳуқуқӣ ва ташкилоту муассисаҳо ҳангоми халалдор шудани ҳуқуқу озодиҳояшон метавонанд бевосита ба суд муроҷиат намоянд ва суд дар асоси меъёрҳои Конститутсия ва қонунҳо бояд ҳуқуқу озодиҳои онҳоро ҳимоя кунад ва дар сурати вайрон шудани онҳо ҳуқуқу озодиҳои худро барқарор намоянд. Ин муқаррароти Конститутсия барои пешрафти ҷомеа ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон хеле муҳим буда, эътимоди шаҳрвандонро барои таъмини ҳуқуқу озодиҳо ва манфиатҳои қонунии онҳо таҳким мебахшад».

Имрӯз бо сипосмандӣ аз дастгириҳои пайвастаи Роҳбарияти олии кишвар ва ба таври васеъ ҷонибдорӣ намудани пешниҳодҳо вобаста ба ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ зикр менамоям, ки судҳо дар самти пиёдасозии адолати судӣ ҳама имкониятро, ба монанди заминаи ҳуқуқӣ – қонунгузории мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ ва шароити хуби корӣ доранд. Баҳри такмил додани ихтисосу сатҳи касбияти онҳо шароитҳои муносиби корӣ фароҳам оварда шудааст. Ҳамзамон метавон бо ризомандӣ аз  фаъолияти самараноки ҳокимияти судӣ  ҳарф занем. Таҳлилҳои омор шаҳодат медиҳанд, ки дар баробари зиёдшавии сарбории судяҳо, сифати санадҳои судӣ бамаротиб беҳтар шудааст. Вале, дар баробари ин мушкилот низ дар ин ҷода ба мушоҳида мерасад. Ба андешаи ман сохторе нест, ки доир ба ин ё он масъала мушкилот ё муаммое надошта бошад, дар ҳаёт ҳама чиз идеалӣ буда наметавонад. Мушкилоти ҷойдошта, имруз бештар ба иҷро расонидани санадҳои судӣ марбут мебошад.

Зикр намудан ҷоиз аст, ки таъмини самаранокии фаъолияти ҳокимияти судӣ ва барқарорсозии адолати иҷтимоӣ аз баиҷрорасии санадҳои қабулкардаи судӣ пайвастагии зич дорад. Иҷро нагардидани санадҳои судӣ ба эҳтирому боварии ҷомеа нисбат ба мақомоти судӣ ҳамчун рукни холису мустақили ҳокимияти давлатӣ таъсири манфӣ расонида, дар ниҳоят самаранокии адолати судиро коста мегардонад. Бо таъсиси Хадамоти иҷрои назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  иҷрои санадҳои судӣ бамаротиб беҳтар гардида бошад, ҳам вале ҳолатҳои ҷудогонае ҷой доранд, ки иҷрои санадҳои судӣ тул мекашанд. Хусусан ин мушкилот бо баҳсҳое, ки аз муносибатҳои қарзӣ  ё худ ба муносибатҳои замин алоқаманд ҳастанд бештар ба мушоҳида мерасанд.

Ҳамзамон сатҳи донишу касбияти иштирокчиёни мурофиаи судӣ, хизматрасонии тарҷумонҳои баландихтисос, таъмини баробарҳуқуқии тарафҳо ва мубоҳиса, уҳдадории исбот масъалаҳое ҳалталаб мебошанд, ки дар татбиқи адолати судӣ аҳамияти муҳим доранд.

Баргузор намудани семинарҳои омӯзишӣ, ташкили мулоқоту вохӯриҳо бо аҳолӣ, бахусус бо сокинони соҳаи кишоварзӣ доир ба тавзеҳи қонунгузорӣ, таваҷҷуҳ баҳри баланд бардоштани сатҳи тахассусии муассисаҳои экспертӣ ва адвокатҳо имрӯз ба манфиати кор хоҳад буд.









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

  • Сентябрь 2021
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
     12345
    6789101112
    13141516171819
    20212223242526
    27282930  
  • Архиви Моҳона

  • Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028