Ба муносибати 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ яке аз бурҷи баландтарини Малайзия бо рангҳои парчами Тоҷикистон равшан гардид

 Ба муносибати 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 9-уми сентябри соли 2021 рангҳои Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар яке аз баландтарин бурҷҳои дунё, ки дар пойтахти Малайзия ҷойгир шудааст инъикос гардид.  Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ёдовар мешавем, ки муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Малайзия 11 марти соли 1992 барқарор гардиданд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Малайзия имкони густариш ёфтанро доро буда, ду кишвар омода ҳастанд уфуқҳои навро дар ин ҷода фатҳ кунанд. Имрӯз дар макотиби олии Малайзия шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил мекунанд.

Дар ин бора мавод дар расонаҳои Малайзия бо пайванди зерин дастрас мебошад:

АКС аз www.bernama.com









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

  • Сентябрь 2021
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
     12345
    6789101112
    13141516171819
    20212223242526
    27282930  
  • Архиви Моҳона

  • Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028