Андеша аз таҷлили 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ

Истиқлолияти давлатӣ барои ҳар як миллат арзиши олӣ дошта, заминаи асосии мавҷудияти давлат ва кафили рушди давлатдории миллӣ ба шумор меравад. Дар амал татбиқ намудани ормонҳои миллӣ, қабули қарорҳои сиёсии ҳаётан муҳим ва ниҳоятан дар дасти худ гирифтани тақдири ояндаи давлату миллат аз таҳкими истиқлолияти сиёсию давлатӣ ва такмили пояҳои он вобаста аст. Боиси ифтихор аст, ки имсол 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид. Сокинони Тоҷикистон дар муддати 30 соли сипаригардида мушкилиҳои зиёдро паси сар намуда, имтиҳони вазнини таърихиро гузашта, ниҳоятан ба эҳёи давлатдории миллӣ мушарраф гардиданд. Зеро миллати тоҷик барои расидан ба соҳибистиқлолӣ ва ба даст овардани истиқлолияти давлатию сиёсӣ мубориза тӯлонӣ бурдааст. Ташкили давлати Сомониён, таъсисёбии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар ҳайати Иттифоқи Советӣ ва ниҳоятан, 9 – уми сентябри соли 1991 эълон гардидани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифодагари муборизаҳои чандинасраи миллати тоҷик мебошанд. Хушбахтона, тӯли 30 сол аст, ки мардуми Тоҷикистон дар фазои соҳибистиқлолӣ, дар партави созандагию бунёдкорӣ ва дар раванди ташаккул ва инкишофи давлатдории миллӣ умр ба сар мебаранд. Махсусан, сулҳу субот ва ваҳдати миллие, ки имрӯз насиби мо гардидааст, натиҷаи истиқлолиятхоҳӣ ва давлатдории навини мардуми кишвар мебошанд. Аммо фаромӯш набояд кард, ки ба даст овардан, ҳифз намудан ва таҳким бахшидани пояҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мушкилиҳои зиёд имконпазир гардидааст.

8-уми сентябри соли ҷорӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маҷлиси тантанавӣ Пешвои миллат суханронӣ намуда масири 30 сола тай намудаи Ватани азизамонро бо таҳлилҳои хубе пешкаши ҳамдиёрон намуданд.

Дар суханронии хеш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои сангини ба сари миллати тоҷик омада ва Истиқлоли миллиро ба даст овардан суханронӣ намуданд, ки аз ин суханронӣ мо 30-сола роҳи паймудаи Ванани азизамонро боз бештару пештар огаҳ шудем.

Аз баромади пурарзизи Пешвои миллат барои худ ҷаҳоне маънӣ бардошта кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки дар Ватани азизамон содиқонаю софдилона хидмат намуда, ана ҳамин сулҳу суботро побарҷо нигаҳ дорем. Чунки, ин сулҳу субот ба осонӣ ба даст наомадааст. Заҳамати шабонарӯзии Пешвои миллат буд, ки сулҳи деринтизори мардуми тоҷик омад ва мо имрӯз дар фазои сулҳу дӯстӣ дар Ватани ободу озод қадамҳои устувор мегузорем.

Маврид ба зикри махсус аст, ки аз рӯзҳои аввали ба ҳайси Сарвари давлат интихоб гардидан муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барқарор намудани сулҳ, ба ватан баргардонидани гурезагон ва муттаҳид намудани мардум дар атрофи ғояи ваҳдати миллиро ҳадафи асосии худ қарор дода буданд. Дар шароити вазнине, ки мамлакат қарор дошт, амалӣ намудани чунин мақсадҳои азим хеле душвор буд. Зеро дар кишвар, асосан беҳокимиятӣ ва бенизомӣ ҳукмрон буд. Иқтисодиёти миллӣ дар ҳолати вазнину буҳрони фавқулода қарор дошт. Неруҳои зиддидавлатӣ ва зиддимардумӣ аз вазъияти баамаломада истифода намуда, ба ғорати мардум ва боигариҳои миллӣ даст зада, онро ба авҷи аъло расидаанд. Дар кишвар неруҳои силоҳбадаст ҳукмрон буданд ва ҳеҷ гуна низомро эътироф намекарданд.

Дар ҳамин шаоити вазнин сарвари давлат дар фазои якдигарфаҳмӣ баргузор гардидани гуфтушунидҳои ҷонибҳои даргир, ба имзо расидани Созишномаи барқарор намудани сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон, хомӯш гардидани оташи ҷанг, ташаккули низоми нави давлатдории миллӣ, бартараф намудани хисороти ҷанги шаҳрвандӣ, оғоз гардидани ободонию созандагӣ ва бунёдкорию таҳкими пояҳои истиқлолияти давлатӣ маҳсули талошу заҳматҳои сарвари давлат ва сокинони баору номуси Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. Дар ин давра Артиши миллӣ ва Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шуда, рамзҳои миллию давлатӣ таҳия гардида, мавриди истифода ва ифтихори ҳамагон гардиданд. Дар рафти давлатсозӣ пояҳои асосии давлати демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мустаҳкам карда шуда, парламенти дупалатагӣ таъсис дода шуд. Давлати Тоҷикистон дар самти инкишофи хеш бештар ба ҷанбаҳои иҷтимоии ҳалли масъалаҳо таваҷҷуҳ намуда, инкишофи мутаносиби хешро таъмин менамуд. Чунин дигаргуниҳо имкон дод, ки дар партави истиқлолияти давлатӣ барои эҳё ва ташаккули минбаъдаи давлатдории миллӣ шароити мусоид фароҳам оварда шавад.

Дар ин раванд мебояд, ки Истиқлоли ба ҷон азизамонро чун гавҳараки чашм ҳифз намоему ба наслҳои оянда ба мерос гузорем.Нозукбибии ТЕМУР – хабарнигори нашрияи “Мароми Пойтахт”









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

  • Сентябрь 2021
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
     12345
    6789101112
    13141516171819
    20212223242526
    27282930  
  • Архиви Моҳона

  • Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028