Баъд аз садо додани Суруди миллии Тоҷикистон дар ташкилоти ибтидоии “Иёр” бо иштироки Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур — Гулҳмадзода Зулфиқор Аҳмад ва Раиси ташкилоти ибтидоии “Иёр” Саидзода Дилшод маҷлиси тантанавӣ ба ифтихори ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ доир гардид.
Сароғоз Гулаҳмадзода Зулфиқор оид ба дастоварди таърихии миллати тоҷик – Истиқлоли давлатӣ, хизматҳои бесобиқаву таърихии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, сарҷамъиву якпорчагии сарзамин, ҳимояи истиқлолият ва таҳкими суботу осоиштагии давлат, тарбияи ватанпарастии ҷавонон суханронӣ намуда, паёми табрикотии Раёсати Кумитаи иҷроияи ҳизби ноҳияро ба муносибати истиқлолияти далатӣ ба аъзои ташкилот ироа намуданд.
Сипас Саидзода Дилшод бобати таҳкими давлатдории миллӣ, хештаншиносӣ, садоқат ба Ватану миллат, Президенти кишвар, хизмати содиқонаву шоиста ба давлату миллат ва арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ, муқаддасоти миллӣ ва амсоли ин нутқ кард.
Дар интиҳо як қатор фаъолон бо ифтихорномаву сипосномаҳо сарфароз гардонида шуда, нишони ташкилоти беҳтарини ҳизбӣ ба раиси ташкилоти ибтидоии “Иёр” дар лаҳзаи тантанавӣ супорида шуд.