Ҳамоиши ҳизбиёни пойтахт таҳти унвони “Нақши ҲХДТ дар таҳкими истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”

Имрӯз бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ҳамоиши ҳизбиёни пойтахт таҳти унвони “Нақши  ҲХДТ дар таҳкими истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” бахшида ба ҷашни  30 – солагии  Истиқлолияти давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Осорхонаи миллии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар ҳамоиш Хайринисо Юсуфӣ – Муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Мирзозода Иброҳим -Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, аъзои Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб ва аъзои фаъоли ҲХДТ аз кумитаю ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ иштирок намуданд.

Сараввал Муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон – Хайринисо Юсуфӣ ҳизбиёни пойтахтро ба муносибати 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош намуда, қайд намуд, ки миллати куҳанбунёду соҳибфарҳанг ва тамаддунсози тоҷик ба дастоварди бузург ва муқаддас — Истиқлолияти давлатӣ ноил гардид, ки ҳоло мову шумо 30 — юмин солгарди ин рӯйдоди муборакро бо ифтихору сарфарозӣ ҷашн мегирем. Ба ҳамаи Шумо ин ҷашни фархундаро муборакбод мегӯем. 

Имрӯз мардуми шарифи Тоҷикистон бо дастуру ҳидоятҳои хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шукргузорӣ аз сулҳу субот, фазои осудаи мамлакат ва пойдории истиқлолияти Ватан, бо меҳнати бунёдкорона дар пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳм гузошта, ба сӯйи фардои орому осуда қадамҳои устувор мегузоранд.

Ҳамзамон дар рафти ҳамоиш Давлаталӣ Давлатзода- собиқадори ҲХДТ ва Маликшо Неъматзода- Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон оид ба дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ ва нақши ҲХДТ дар таҳкими давлатдорӣ ва амнияту осудагии мардум суханронӣ намуданд.

Дар фарҷоми ҳамоиш як қатор фаъолони пойтахт бо ифтихорнома ва сипосномаҳои ҳизбӣ қадрдонӣ гардиданд.

Возможно, это изображение (1 человек и стоит)
Возможно, это изображение (3 человека, люди стоят и в помещении)









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

  • Сентябрь 2021
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
     12345
    6789101112
    13141516171819
    20212223242526
    27282930  
  • Архиви Моҳона

  • Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028