ТОҶИКИСТОН ДАР МАСИРИ ТАЪРИХ: ИСТИҚЛОЛИЯТ, ДАСТОВАРД ВА ДУРНАМО

Дар Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Хирадмандон” бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Симпозиуми байналмилалии илмии «Тоҷикистон дар масири таърих: истиқлолият, дастовард ва дурнамо» дар толори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор шуд.

Ҳамоишро президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Хирадмандон”, академик Фарҳод Раҳимӣ ифтитоҳ намуда, дар ҷараёни суханронӣ иброз кард, ки бузургтарин сармояи миллӣ истиқлоли сиёсӣ мебошад ва маҳз тавассути он мо худро дар арсаи ҷаҳон ба ҳайси як миллати воҳид муаррифӣ мекунем. Ин ҳарф барои ҳамагон ҳақиқат аст, ки дар такмил додани истиқлолияти давлатӣ саҳми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бағоят бузург аст ва мо таҳти сарварии ӯ ба комёбиҳои назаррас ва дастовардҳои азим ноил гардидем.

Баробар ба Истиқлолияти давлатӣ дар марзи Тоҷикистони соҳибихтиёр ҷанги шаҳрвандӣ таҳмил гардид, ки моро то як андозае аз тараққӣ боздошт, аммо кишвари мо бо дарназардошти роҳандозӣ кардани сиёсати дуруст муваффақ шуд, ки авзоъ ба зудӣ тағйир ёфта, суботи сиёсӣ шаҳрвандони фирориро ба кишвар баргардонад.

Сипас, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон- Сатторзода Матлуба сухан карда, нақши калидӣ доштани истиқлолро дар ҷомеаи шаҳрвандӣ изҳор намуд.

Дар Симпозиуми мазкур меҳмонон аз кишварҳои Русия, Олмон, Конадо, Бритониё, Мисри араб, Ӯзбакистон, Афғонистон, Ҳуланд, Эрон ва Покистон ширкат карданд.

Яке аз масоили баррасишаванда авзои сиёсии кишварҳоест, ки бо мо ҳамсоя ҳастанд. Аммо дар замони муосир аз ҳама хатари бузургтар дар минтақа паҳн шудани терроризм мебошад. Бинобар ин, ҷиҳати мубориза бо ифротгароӣ ҳамоҳангии кишварҳо зарур дониста мешавад.

Аз ҳамин хотир, Саидҷалоли Бадахшӣ ба ҳайси ширкаткунанда хотироти хешро нисбат ба Тоҷикистони соҳибистиқлол изҳор намуда, хушнудӣ аз ин мекард, ки дар кишвари мо сулҳу субот ҳукумат мекунад ва одамон озод сайругашт менамоянд.

Шоир ва риҷоли сиёсии тоҷиктабори Афғонистон Латифи Пидром аз басе ногуворгардии муҳити минтақа ва ҳузури қудратҳои ҷаҳонӣ дар давлатҳои рушдкунанда изҳори нигаронӣ намуд.









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

  • Сентябрь 2021
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
     12345
    6789101112
    13141516171819
    20212223242526
    27282930  
  • Архиви Моҳона

  • Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028