МАҶЛИСИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ ДАР КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ИБТИДОИИ «ИСТИҚЛОЛ»

Санаи 6-уми сентябри соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Истиқлол”-и Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” бо иштироки Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ — Шоҳиён Абдураҳим Маҳмадулло, муовини сармуҳаррири нашрияи ҳизбии “Минбари халқ” — Наимов Маҳмадулло ва аъзоёни фаъоли ҲХДТ маҷлиси тантанавӣ бахшида ба ҷашни миллӣ – 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ доир гардид.

Маҳмадулло Наимов муовини сармуҳаррири нашрияи ҳизбии “Минбари халқ” маҷлиси тантанавиро оғоз намуда, ҳозиринро ба ҷашни фархундаи миллат табрику таҳният гуфта, оид ба санаи муҳими таърихӣ, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаддас аст, зикр намуд, ки имрӯзҳо мо мардуми Тоҷикистон дар арафаи ҷашни 30-солагии Истиқлол қарор дорем. Ҳамаи мову Шуморо мебояд, дар амалӣ намудани ҳадафҳои неку созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарҷамъ бошем ва бо кору амали созандаи худ сазовор ба зиндагии шоиста гардем. Инчунин, мавсуф дар идома қайд намуд, ки мақсади баргузории чорабинӣ таҳким бахшидан ба ваҳдати миллӣ ба хотири тақвияти минбаъдаи пояҳои давлатдории миллӣ, ҷамъбасти дастовардҳои даврони Истиқлолияти давлатӣ ва сазовор истиқбол намудани ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Сипас Абдураҳим Шоҳиён Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ ба сухан баромада, оид ба дастовардҳои соҳаҳои мухталифи кишварамон дар замони Истиқлолият ибрози андеша намуд. Инчунин А. Шоҳиён қайд намуд, ки хизматҳо ва саҳми соҳаи тандурустӣ дар замони соҳибистиқлолӣ назаррас аст. Инчунин, чиҳати саҳм гузоштан дар сазовор пешвоз гирифтани ҷашни фархундаи миллӣ — 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози назар карда шуд.

Дар давоми маҷлиси тантанавӣ ба фаъолони Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Истиқлол” сипосномаи Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Точикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ тақдим карда шуд.

Дар интиҳо як чанд нафар ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пазируфта шуда буданд, бо тантана шаҳодатномаи ҳизбӣ тақдим карда шуд.









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

  • Сентябрь 2021
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
     12345
    6789101112
    13141516171819
    20212223242526
    27282930  
  • Архиви Моҳона

  • Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028