ҚИСМИ СИЁСӢ-ФАРҲАНГИИ ЧОРАБИНИ ТАҲТИ УНВОНИ “ИСТИҚБОЛ АЗ ИСТИҚЛОЛ”

Дар муассисаи давлатии боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи С. Айнӣ бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ бахшида ба 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии сиёсӣ-фарҳангӣ таҳти унвони “Истиқбол аз Истиқлол” доир гардид.

Дар чорабинии мазкур Расулзода Насимҷон-Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Сафарзода Шарифхон-муовини якуми раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Ҳабибзода Зоир-намояндаи Дастгоҳи Марказии ҲХДТ, Мирзозода Иброҳим Холмурод-Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Ректорони донишгоҳу донишкадаҳои таҳсилоти олии ҳудуди ноҳия, раисону намояндагони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ иштирок намуданд.

Дар ифтитоҳ Расулзода Насимҷон-Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ баромад намуда, қайд намуданд, ки мақсад аз баргузории чорабинӣ тарғиби муқаддастарин рӯзи таърихӣ, 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад.

Мирзозода Иброҳим Холмурод –Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе зимни баромади табрикотии худ қайд намуданд, ки таҷлил аз “30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” маънои дарки аҳамияти бузурги ин ниҳоди давлатӣ дар рушду инкишофи давлатдории муосирро дорад. Махсусан, барои миллати мо дар таърихи навини давлатдорӣ, институти Президентӣ ба сифати наҷотдиҳандаи миллату давлат аз парокандагию нестшавӣ баромад намуда, дар бунёди давлатдории миллӣ ва таҳкими ваҳдату ягонагӣ нақши калидӣ дорад.

Намояндаи Дастгоҳи Марказии ҲХДТ- Ҳабибзода Зоир оид ба дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ суханронӣ намуда, қайд намуд, ки маҳз дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷиҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари азизамон сулҳу субот ва ороми пойдору бардавом аст.

Дар қисми фарҳангии чорабинӣ ҳунармандону бастакорони мардумии Тоҷикистон бо сурудҳои ватандӯстиву ватанпарастӣ ба хотири гиромидошти рӯзи таърихӣ ва болидахотирии иштирокчиён ҳунарнамоӣ намуданд.

Дар фарҷом як қатор фаъолони ҳизб бо сипосномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва КИ ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ сарфароз гардонида шуд.









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

  • Сентябрь 2021
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
     12345
    6789101112
    13141516171819
    20212223242526
    27282930  
  • Архиви Моҳона

  • Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028