СУРӮШИ ИСТИҚЛОЛ ВАДАСТОВАРДҲОИ ТОҶИКИСТОН“

Маҳз истиқлолият ба мо имконияти таърихие, фароҳам овард, ки ватани худро соҳибӣ кунем, давлатдории миллии худро барпо намоем, суннату арзишҳои миллиамонро эҳё созем, ормонҳои деринаи халқамонро амалӣ гардонем ва зиндагии озодонаи мардумамонро ба роҳ монем.Эмомалӣ РаҳмонИмсол мардуми шарафманди Тоҷикистон дар арафаи таҷлили солгарди 30–юми Истиқлоли давлатӣ қарор дорад. Ин санаест, ки дар таърихи навини тоҷикон 30 соли эҳёи суннату арзишҳои миллии кишвар ва рушди навини давлатдориро бо пешбурди ҳадафҳои бузурги миллии стратегӣ дарҷ намудааст. Яъне, Истиқлоли давлатӣ дар сарзамини тоҷикон саҳифаи нави рушд ва ташаккули Тоҷикистони ҷавон ва мустақилро боз кард, ки ормони чандинасраи миллати тоҷик амалӣ гардид. Барои Тоҷикистони навбунёд марҳалаи нави рушдӣ давлатдории миллӣ оғоз ёфт. Тоҷикистон баъди соҳибистиқлолӣ масири ҳаракати худро дар замони муосир муайян намуд. Имрӯз ҳар як фарди тоҷик хуб дарк менамояд, ки Истиқлоли давлатӣ асоси ҳастии ҳаёти ӯ буда, бидуни мавҷудияти он наметавонад дигар арзишҳои миллии хешро таҳким бахшад. Боиси зикри хос аст, ки Истиқлоли давлатӣ василаи бақо ва пойдории Ватани азизи мо дар харитаи сиёсии ҷаҳон гардид, ки бо шарофати он ободиву созандагӣ беш аз пеш вусъат ёфт. Маҳз истиқлолият фароҳам овард, ки ҷаҳониён Тоҷикистонро ҳамчун кишвари амну ором шинохт намоянд. Бояд гуфт, ки замони муосир барои давлатҳои миллӣ бисёр мушкилиҳои сиёсию иқтисодиро ба бор овард, ки амнияти миллиро зери суол гузошт. Дар ҳамин шароити бисёр ҳасос барои бақодории миллату давлат сиёсати дуруст ва саривақти лозим аст. Хушбахтона миллати тоҷик бо Пешвои Миллат ва бо сиёсати оқилонаи ин шахси қавиирода барои расидан ба саодати миллӣ кушиши зиёд намуда истодаанд.Боиси шукргузорист, ки дар Тоҷикистон ба сари қудрат омадани Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон худ як туҳфаи олимақоми бахти мардуми тоҷик аст. Зеро ин шахсияти бузург, фарзонадил, мубориз, матину қавиирода тавонист баъди парокандагию вайронкории солҳои 90–ум, миллати тоҷикро аз нав эҳё ва муттаҳид созад ва давлатро муарифии ҷаҳон гардонад. Чандин маротиба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмиллалӣ иқдомҳои характери глобалидоштаро ба роҳбари гирифта ба ҷаҳониён исбот намуд, ки миллати тоҷик нисбати мушкилиҳои глобалии инсоният беэътибор нест. Ҳамин сиёсати хирадмандонаи Пешвои Миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки миллати тоҷикро ҷаҳониён ба ҳайси кишвари мутамаддин шинохта намуданд. Ин яке аз қадамҳои муваффақи сиёсии миллати тоҷик буд, ки дар даврони истиқлолият ба амал омадааст. Олиҳимматии Пешвои миллат натиҷаи қобилияти бемисли ӯ мебошад, ки аз тарафи аксарияти аҳолии кишвар эътироф ва қабул карда мешавад. Президенти Тоҷикистон чун шахсияти бонуфузи сиёсӣ муносибат бо аҳли ҷомеаро бар асоси эътимоднокӣ роҳандозӣ менамояд ва чунин сифатҳои неки ӯ, мисли ошкорбаёнӣ, хайру некхоҳӣ зоҳир мешаванд. Пешвои Миллат дар баромадҳои худ нуктаеро таъкид менамоянд, ки “Ватани азизу маҳбубамонро ғайри худи мо дигар ҳеҷ кас обод намекунад”. Мутаасифона имрӯзҳо гурӯҳу равияҳое пайдо шудаанд, ки ба сулҳу субот ва ободии ин Ватани биҳиштосоямон халал ворид менамоянд. Дар замони муосир харгуна хатарҳо ба рушдӣ давлатҳои миллӣ пеш омадааст, ки ба мо зарур аст то зиракии сиёсиро аз даст надиҳем. Фаъолияти Пешвои миллат барои таъмини Истиқлоли давлатӣ ва рушди давлатдории миллӣ хеле густурда аст, вале яке аз муҳимтарини иқдомҳо дар ин самт интихоби шахсии Роҳбари давлат аз роҳи дар ҳақиқат ҳам ҷавобгӯи талаботи миллат ва замон, яъне бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ, ки дар якҷоягӣ ҳамаи онҳо ба бунёди ҷомеаи адолатпарвар мусоидат мекунанд, ба шумор меравад. Сиёсати Пешвои муаззами миллат дар самти бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ ягона роҳи дурусте буд, ки таҳкимбахшии Истиқлоли давлатии мо тавассути он муяссар гардид. Ин аст, ки дар давоми 30 соли Истиқлол давлати тоҷикон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат ба дастоварҳои бузург ноил гардидааст, ки дастовардҳои зерин аз ҷумлаи онҳо мебошанд: — Дар харитаи сиёсии ҷаҳон пайдо шудани Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол, ба узвияти комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шудани он ва баромади нахустини Роҳбари давлати тоҷикон – Пешвои миллат аз минбари ин созмон; Ҳамгирои ба созмонҳои бонуфузи минтақавӣ; Шанхай, САҲА;- Ба ҳайси Сарвари давлат интихоб шудани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ба шарофати ин хотима додан ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, барқарорсозии ҳокимияти конститутсионӣ ва тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ, таъмини фазои сулҳу оромӣ, ваҳдат ва ҳамдигарфаҳмӣ дар кишвар ва ба намунаи таҷрибаи нодир барои ҷаҳониён табдил ёфтани сулҳи тоҷикон; — Оғози бунёди давлати миллӣ дар даврони муосир ва ташаккул ёфтани мактаби давлатдории миллии Пешвои миллат дар самти эъмори давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ, ки дар якҷоягӣ ҳамаи он ба бунёди ҷомеаи адолатпарвар нигаронида шудаанд;- Муайян намудани ҳадафҳои стратегии миллӣ – баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ, саноатикунонии босуръати кишвар ва ноил гардидан ба унсурҳои асосии ин ҳадафҳо;- Эҳёи расму оин ва фарҳанги миллии тоҷикон, ба ҳайси забони давлатӣ эътибори воқеӣ пайдо кардани забони тоҷикӣ, муаррифии мероси адабӣ, таърихӣ ва фарҳангии ҳалқи тоҷик дар сатҳи байналмилалӣ, бузургдошти доимии чеҳраҳои мондагор ва фарзандони баруманди миллат ва таърихи қадимаи миллати тоҷик дар сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ;- Ба Феҳристи Мероси фарҳангии умумибашарии ЮНЕСКО ворид намудани Саразм (соли 2010), Боғи миллии Тоҷикистон (соли 2013), ба Рӯйхати мероси фарҳангии ғайримоддии башарият шомил гардидани «Шашмақом» (соли 2008), Наврӯз (соли 2010), “Оши палав” (2016) ва “Чакан” (соли 2018), бо қарорҳои ЮНЕСКО арҷгузорӣ намудани як қатор шахсиятҳои фарҳангии тоҷикон ва рӯйдодҳои таърихии миллат; — Ба куллӣ дигаргун сохтани симои пойтахти кишвар, сохтмони нақб, пул ва роҳҳои бузурги автомобилгарду роҳи оҳан дар саросари кишвар ва ба як давлати пешрафта дар ҷаҳон ва миёни собиқ ҷумҳуриҳои шӯравӣ табдил ёфтани Тоҷикистон аз ҷиҳати сифати роҳҳои автомобилгард ва дигар дастовардҳои бузург. Маврид ба зикр аст, ки Тоҷикистон дар давоми 30 соли Истиқлоли давлатӣ дар ҳама бахшҳои ҳаёт, сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дар татбиқи ҳадафҳои стратегӣ ба чандин дастовардҳои бузурги дигар ноил гардидааст, ки зикри ҳамаи онҳо дар як мақолаву китоб ғайриимкон аст. Ҳамин тариқ, метавон гуфт, ки дар тӯли 30 соли Истиқлол ҷиҳати эмин нигоҳ доштани давлат аз ҳар гуна хатарҳои сиёсию фарҳангӣ пойдории сулҳро дар он таҳким намудан кори осон нест, бинобар ин ҳар фарди тоҷик бояд арҷгузорӣ, ҳифз ва шинохти воқеии арзишмандтарин неъмат – Истиқлоли давлатиро ҳамчун вазифа ва қарзи ҷонии хеш донад ва ба заҳми ин дар рушди минбаъдаи кишвари азиз саҳмгузор бошад. Бигзор, Ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот поянда, ормонҳои волои Истиқлоли давлатӣ ва ҳадафҳои наҷиби созандагӣ роҳнамои ояндаи дурахшони ҳар як фард гардад. Нури озодиву истиқлол ба хонадони тоҷикистониён файзу баракат ва саодат бахшад. Истиқлоли давлатии тоҷикон то абад устувору поянда бод!!! Расулзода Насимҷон-Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

  • Сентябрь 2021
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
     12345
    6789101112
    13141516171819
    20212223242526
    27282930  
  • Архиви Моҳона

  • Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028