НАҚШИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ ДАР НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

Дар Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Обрасон”-и Обу корезии шаҳри Душанбе ба ифтихори 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бо иштироки Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур- Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад, Файзизода Исмоил- муовини раиси Федератсияи итифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Раҷабов Умедҷон-Раиси Кумитаи ҷумҳуриявии итифоқи касаба ва Мирзозода Эмомалӣ –Раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Обрасон” маҷлиси тантанавӣ доир гардид.

Баъд аз садо додани суруди миллӣ Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур — Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад суханронӣ намуда, аҳли нишастро ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳният намуда, оид ба хизматҳои шоистаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати таҳкими Истиқлоли давлатӣ, сарҷамъии миллат, якпорчагии сарзамин, ҳимояи Истилолияти давлатӣ ва амсоли ин суханронӣ намуд.

Сипас меҳмонон роҷеъ ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии Ватан, меҳанпарстии ҷавонон, заҳматҳои Президенти кишвар дар сангари ватансозӣ суханронӣ намуданд.

Дар интиҳо Мирзозода Эмомалӣ бо сипосномаи ҲХДТ ба муносибати 30-солагии Истиқлоли давлатӣ сарфароз гардида, як гуруҳ фаъолону аъзоёни ҳизб бо ифтихорнома ва сипосномаҳо қадрдонӣ гардиданд.









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

  • Сентябрь 2021
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
     12345
    6789101112
    13141516171819
    20212223242526
    27282930  
  • Архиви Моҳона

  • Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028