МАҶЛИСИ ТАНТАНАВИИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ИБТИДОИИ “ОРИЁФАР” БАХШИДА БА 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Тибқи нақша-чорабинии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва барқияи электронии КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе оид ба сазовор пешвоз гирифтани 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниҳои идона дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ баргузор гашта истодааст.

Дар ин росто дар Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Ориёфар”-и ҶСК “Ориёнбонк” бо иштироки Муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Латифзода Асрор Қурбон, намояндаи КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе — Раҷабзода Эраҷ, муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ — Ҷурахонзода Ҷумахон, муовини ҶСК “Ориёнбонк” — Кабиров Одилшо ва муовини раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Ориёфар” — Турахонова Ҳалқамо маҷлис идона баргузор гашт.

Турахонова Ҳалқамо меҳмононро ба ҳозирин муаррифӣ намуда, маҷлиси тантанавиро кушода эълон намуд. Сипас Кабиров Одилшо оид ба дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ суханронӣ намуда, қайд намуд, ки маҳз дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷиҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари азизамон сулҳу субот ва оромӣ пойдору бардавом аст. Инчунин дар рафти маҷлис муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Латифзода Асрор Қурбон, намояндаи КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе – Раҷабзода Э. ва муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи И.Сомонӣ – Ҷурахонзода Ҷ. оид ба дастовардҳои 30- солагии Истиқлолияти давлати суханронӣ намуд.

Дар фарҷом як чанд аъзоёни фаъоли ҳизб бо сипосномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ифтихорнома ва сипосномаҳои КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияи Исмоили Сомонӣ сарфароз гардонида шуданд.









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

  • Сентябрь 2021
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
     12345
    6789101112
    13141516171819
    20212223242526
    27282930  
  • Архиви Моҳона

  • Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028