Дар Маҷлиси намояндагон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» қабул шуд

Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷлосияи якуми ғайринавбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум, ки имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода баргузор гардид, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф»-ро қабул карданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Иҷлосия бо садо додани Суруди миллии Тоҷикистон оғоз шуд. Баъди тасдиқи ҳайати Комиссияи баҳисобгирии овозҳои вакилон, ҳайати котибот ва гурӯҳи назорати системаи ягонаи электронии овоздиҳӣ тартиби инъикоси кори иҷлосия дар васоити ахбори оммаи кишвар муайян карда шуд.

Муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилшод Талбакзода, вакили Маҷлиси намояндагон Равшан Раҷабзода зимни шарҳу тавзеҳи моҳияти асосии қонуни мазкур иброз доштанд, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ дар асоси моддаҳои 58 ва 59 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун иқдоми навбатии башардӯстона ба муносибати ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Қонуни Ҷумҳурии  Тоҷикистон «Дар бораи авф» нисбат ба доираи васеи маҳкумшудагон ва шахсоне, ки парвандаи онҳо таҳти таҳқиқ, тафтиши пешакӣ ва дар баррасии судӣ қарор доранд, татбиқ мегардад.

Лоиҳаи Қонуни мазкур шахсони зеринро аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва адои ҷазо пурра озод мекунад:

– шахсоне, ки аз беэҳтиётӣ ҷиноят содир кардаанд;

– шахсоне, ки нисбат ба онҳо иҷрои ҳукм мавқуф гузошта шудааст;

– ҷазо нисбат ба онҳо шартан татбиқ карда нашудааст;

– ҷазоро дар муассисаҳои ислоҳии сукунат адо мекунанд;

– шартан пеш аз муҳлат аз адои ҷазо озод шудаанд;

– ба ҷазои дигари ба маҳрум сохтан аз озодӣ алоқаманд набуда маҳкум шудаанд;

– барои ҷиноятҳои дорои хусусияти иқтисодӣ маҳкум шудаанд ва зарари моддии расонидашударо пурра талофӣ кардаанд.

Ҳамзамон баррасӣ ва омода намудани лоиҳаи мазкур ба иҷлосияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз он шаҳодат медиҳад, ки баъди муҳокимаи таклиф ва пешниҳоди вакилон ва раёсати ҳуқуқи дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раёсати ҳуқуқи дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  хусусан меъёри муқаддима, моддаҳои 3, 4, 5, 6, 7, 8, 14 ва 15 такмил,  бандҳои моддаҳои 4, 7 ва 8 ба мазмун ва моҳияти қисми 1 моддаҳои болозикр мувофиқ карда шуданд. Инчунин ба лоиҳаи Қонуни мазкур 1 моддаи нав- моддаи 10 илова гардид, ки тибқи он шахсоне, ки нисбат ба онҳо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф»  аз 25 октябри соли 2019 татбиқ шудааст ва онҳо боз ҷинояти қасдона содир намудаанд, татбиқ намегардад, мустаҳкам шудааст. Ҳамаи ин тағйиру иловаҳо барои фаҳмо ва сода гардонидани меъёрҳои лоиҳаи Қонуни мазкур ва ба талаботи техникаи ҳуқуқ эҷодкунӣ мутобиқ намудани он равона гардидааст.

Таъкид шуд, ки ҳамаи таклиф ва пешниҳоди манзургардида бо розигӣ ва мувофиқа бо намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда шудааст.

Сипас, вакилони Маҷлиси намояндагон Рустами Шоҳмурод, Азиз Гиёзода, Рустам Латифзода, Абдуалим Ғаффоров, Гулбаҳор Ашурзода изҳор доштанд, ки пешниҳоди лоиҳаи қонуни мазкур дар сиёсати демократӣ ва инсондӯстонаи Сарвари давлат аз амалӣ намудани меъёрҳои бунёдии Конститутсия оид ба эҳтиром, риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, бевосита амалӣ гардидани онҳо, арзиши олӣ доштани инсон шаҳодат медиҳанд.

Вакилони Маҷлиси намояндагон дар суханрониҳои худ бартарияти лоиҳаи қонуни мазкурро аз қонунҳои қаблан қабулгардида шарҳ дода, ибрози боварӣ намуданд, ки баъд аз мавриди амал қарор гирифтани қонуни мазкур маҳкумшудагон ва шахсони ҷиноят содирнамуда, ки аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва адои минбаъдаи ҷазои ҷиноятӣ озод мешаванд ва ё ҷазои онҳо кам ва сабук мегардад, сиёсати имрӯзаи давлатро хуб дарк ва эҳсос менамоянд.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» пас аз муҳокима қабул гардид.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода дар поёни кори иҷлосия аз номи тамоми вакилон ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пешниҳоди чунин қонуни мукаммал ва инсондӯстона миннатдорӣ иброз намуд.

Бо ҳамин иҷлосияи якуми ғайринавбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кори худ анҷом бахшид.

 АКС: Маҷлиси намояндагон









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

  • Сентябрь 2021
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
     12345
    6789101112
    13141516171819
    20212223242526
    27282930  
  • Архиви Моҳона

  • Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028