МАҶЛИСИ ТАНТАНАВӢ БА ИФТИХОРИ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ

Ба муносибати ҷашни фархундаи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар ташкилоти ибтидоии “Сарват” бо иштироки шоири халқии Тоҷикистон — Муҳаммад Ғойиб ва Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад маҷлиси тантанавӣ доир гардид.

Муҳаммад Ғойиб оид ба хизматҳои шоистаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати давлатдории миллӣ, дар муқобили ҳама хатарҳо барои Ватан сина сипар кардан, бунёди Тоҷикистони воҳид, расидан ба ормонҳои миллат, бобати тарбияи ватанпарастии ҷавонон, хештаншиносиву худогоҳӣ суханронӣ намуда, аз ашъори шевову ноби хеш барои аҳли нишаст шеърҳои ватандӯстона қироат кард.

Сипас Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур -Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад бобати таҳкими истиқлолияти давлатӣ, нақши истиқлолият дар рушди давлатдории миллӣ, саҳми муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди ҷомеаи миллӣ ва Иқлолияти давлатӣ, баланд бардоштани иродаи сиёсии халқ, таҳкими худогоҳӣ ва дастгирии сиёсати созандаи Пешвои миллат нутқ кард.

Дар интиҳо як гурӯҳ ҷавононе, ки иродаи сиёсии худро муайян карда, ба сафи ҲХДТ қабул шуданд, дар лаҳзаи тантанавӣ ба онҳо шаҳодатномаҳои ҲХДТ дода шуда, фаъолон ба муносибати 30-солагии Истиқлоли давлатӣ бо ифтихорнома ва сипосномаҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур қадрдонӣ гардиданд.









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

  • Сентябрь 2021
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
     12345
    6789101112
    13141516171819
    20212223242526
    27282930  
  • Архиви Моҳона

  • Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028