МАҶЛИСИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ МАРКАЗИИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН БАРГУЗОР ГАРДИД

3 сентябр дар шаҳри Душанбе Маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид. Бо садо додани Суруди миллӣ Маҷлиси КИМ ҲХДТ ба кори худ шуруъ намуд. Дар маҷлис муовинони Раиси ҳизб, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, раиси Комиссияи марказии тафтишотии ҳизб, аъзои Фраксияи ҳизб дар Парлумони кишвар, кормандони масъули Дастгоҳи марказӣ, як қатор раисони кумитаҳои иҷроияи ҳизбии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, намояндагони Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» ва дигар фаъолони ҳизбӣ иштирок доштанд.Рўзномаи маҷлис аз се масъала иборат буд:1. Дар бораи нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар бунёди давлатдории миллӣ ва таҳкими истиқлолияти давлатӣ;2. Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба низомномаҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон; 3. Масъалаҳои ташкилӣ. Аз рўйи масъалаи якум Муовини якуми Раиси ҳизб Абдуҷаббор Азизӣ баромад намуда, таъкид дошт, ки мову шумо дар арафаи ҷашни воқеан пуршукўҳ ва сарнавиштсоз, яъне 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем. Миллати соҳибтамаддуну фарҳангсолори тоҷик маҳз бо файзу баракати Истиқлол ба давлатдории миллӣ ва эъмори ҷомеаи демократӣ расид. Дар ҳамаи дастовардҳои мо дар самту бахшҳои гуногун ва муҳимми давлатдорӣ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки худ зодаи даврони истиқлол ва тафаккури созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҳизб, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, нақши муассир ва мондагор дорад. — Имрўз бо қаноатмандӣ гуфта метавонем, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба як нерўи тавонои сиёсӣ табдил ёфтааст. Дар сафҳои он қариб 500 ҳазор аъзо шомил аст, — иттилоъ дод А. Азизӣ. Мардуми шарафманди кишвар ба ғояҳои созандаи ҳизби мо эътимоди қавӣ доранд, зеро он дар сафи пеши созандагию бунёдкорӣ ва ташаббускориҳо қарор дорад, ки барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва таъмини зиндагии шоистаи мардум равона гардидааст. Ҳизб бо фаъолияти фарогире, ки дар ҷомеа дорад, бояд пешсафиро ҳифз намуда, онро таҳким бахшад ва ба он муваффақ гардад, ки ба таҳаввулоти ҷомеа баҳои воқеӣ дода, фарогири орзую омол ва манфиатҳои қишрҳои мухталифи ҷомеа кору пайкор намояд. Мавриди зикр аст, ки яке аз дастовардҳои муҳимтарини ҲХДТ ҳифз кардан ва таҳким бахшидани давлатдории миллӣ мебошад. Ин масъала дар шароити пуртазоду печидаи солҳои охир, рӯз ба рӯз мураккаб шудани вазъи геополитикии минтақа ва ҷаҳон, шиддат гирифтани рақобат ва бархӯрди манфиатҳои кишварҳои абарқудрат ва таҳти таъсири равандҳои ҷаҳонишавӣ осебпазир гардидани Истиқлоли давлатҳои миллӣ аҳамияти торафт ҷиддии ҳаётӣ пайдо мекунад. Густариши худшиносиву худогоҳии миллӣ, ҳисси ватандӯстиву ватандории мардум ва баланд гардидани маърифати сиёсиву ҳуқуқии аҳолии кишвар, ба хусус наврасону ҷавонон дастоварди дигари даврони истиқлол ба ҳисоб меравад. — Дар атрофи ғояи «Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол – Ватани маҳбуби ҳамаи мо» муттаҳид намудани тамоми гуруҳҳо ва қишрҳои ҷомеаи кишвар яке аз ҳадафи асосии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, ки маҳз ҳамин ғоя нуқтаи пайванд ва ҳалқаи ба ҳам оварандаи тамоми мардуми кишвар, сарфи назар аз миллату забон, дину мазҳаб ва ақидаву мавқеи сиёсӣ буда, дар айни замон воситаи муассиртарини ҳифзи Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол ба шумор меравад, — иброз намуд Абдуҷаббор Азизӣ. Зимнан, бояд гуфт, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар асоси дастуру тавсияҳои Раиси муаззами худ баҳри ҳифзи ҳувияти миллӣ ва арзишҳои волои халқи куҳанбунёдамон дар шароити ҷаҳонишавӣ фаъолияти густурдаеро роҳандозӣ намудааст. Баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ ҷиҳати қадрдонӣ ва гиромидошти шахсиятҳои бузурги миллӣ, мутафаккирону донишмандон, шоиру нависандагон ва олимону адибон аз ташаббусҳои бузургу беназири Пешвои миллат дар даврони соҳибистиқлолӣ мебошад, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон низ дар ин раванд пайваста саҳмгузор аст.Дар Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки барои солҳои 2020-2025 қабул гардидааст, самтҳои афзалиятноки пешрафти кишвар ва фаъолияти ҳар яки моро муқаррар менамояд, ба масъалаи таҳкими истиқлолияти давлатӣ, суботу амният, ваҳдати миллӣ, ягонагии халқи Тоҷикистон, баланд бардоштани сатҳ некўаҳволии мардум ва дастгирии қишри ниёзманди аҳолӣ аҳамияти аввалиндараҷа дода шудааст. Дар идомаи суханронии худ муовини якуми Раиси ҳизб Абдуҷаббор Азизӣ иброз намуд, ки нақши аҳзоби сиёсӣ, бахусус мавқеъ ва мақоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои беҳтар гардидани шароити арзандаи зиндагӣ нигаронида шудааст. Дар ин росто ҳадафи аслии ҳизби мо ҷалби мардум ба корҳои созандагию бунёдкорӣ, таҳкими сулҳу субот ва таъмини зиндагии шоистаи сокинони кишвар мебошад. ҲХДТ дар давоми фаъолияти 27 солаи худ аз имтиҳонҳои зиёде гузашта, обрў ва манзалаташро дар миёни табақаҳои мухталифи ҷомеа таҳким бахшид. Ҳамин аст, ки дар маъракаҳои сиёсӣ ҳамеша пешсаф буда, дар сабқатҳои интихоботӣ пайваста ба пирўзӣ мерасад. — Марҳалаи имрўза аз ҳар як узви ҳизб, роҳбарону кормандони сохтору мақомоти гуногун ва ҳамаи шаҳрвандони мамлакат тақозо менамояд, ки ба ҳалли проблемаҳои ҷойдошта эътибори ҷиддӣ диҳем, — гуфт А.Азизӣ. Сохтмони биноҳои истиқоматӣ барои зарардидагони офатҳои табиӣ, таъмири мактабу кўдакистонҳо, мумфарш намудани роҳҳо, таъмир ва сохтмони пулҳо, иншоотҳои обёриву хизматрасонӣ аз ҷониби сохторҳои ҳизбӣ ва аъзои фаъоли ҳизб ба ҳукми анъана даромадааст, ки ин иқдомҳо аз ҷониби аҳли ҷомеаи кишвар истиқболи гарму самимиро ба миён меоварад. Махсусан ишора гардид, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои мустаҳкам намудани пояҳои ахлоқии ҷомеа, ташаккули афкори эҷодиву созандаи халқ ва гиромидошти арзишҳои фарҳанги милливу умумибашарӣ бояд нақши сазовор дошта бошад. Баъд аз суханронии муовини якуми Раиси муаззами ҳизб аъзои Раёсат, Кумитаи Иҷроияи Марказӣ ва ҷонибдорони фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, аз ҷумла Қурбонова Руқия – раиси Шўрои собиқадорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Сафарзода Хайрулло Амиралӣ – раиси ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “НБО Роғун”; Абдуллоева Шукрона Мухторҷоновна — донишҷўи курси 4-и Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон; Абашкина Наталя Викторовна — муаллимаи мактаби миёнаи назди Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия; Мустаҷобова Рўдоба – раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон; Идиева Зарина – муовини якуми раиси ноҳияи Рашт ва Миралиён Қиёмиддин – раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон баромад намуданд.Аз рўйи ин масъала қарори маҷлис қабул карда шуд. Масъалаи дуюми рўзномаи маҷлис — ворид намудани тағйиру иловаҳо ба низомномаҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баррасӣ гардида, қарорҳои дахлдор низ қабул гардиданд. Ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор фаъолони ҳизбӣ низ бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шуданд. Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Насриддинзода Эмомалӣ Сайфиддин мукофотҳои давлатиро дар вазъияти тантанавӣ ба соҳибонаш тақдим намуд. Инчунин, дар асоси супориши Раиси муаззами ҳизб, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мутобиқи банди 3.1-и Низомнома “Дар бораи сарфароз гардонидан бо Ифтихорнома ва Сипосномаи ҲХДТ” Раёсати КИМ ҲХДТ дар ин хусус қарори алоҳида қабул намуда, дар вазъияти тантанавӣ як қатор фаъолон бо Ифтихорнома ва Сипосномаи ҲХДТ қадршиносӣ гардиданд.Бо садо додани Суруди миллӣ Маҷлиси КИМ ҲХДТ ба кори худ хотима бахшид.









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

  • Сентябрь 2021
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
     12345
    6789101112
    13141516171819
    20212223242526
    27282930  
  • Архиви Моҳона

  • Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028