ДАСТОВАРДҲОИ ЗАНОН ДАР ТӮЛИ 30 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

Имрӯз дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар асоси барқияи Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз 12 августи соли 2021, №34 дар доираи чорабиниҳои ҷашнӣ бахшида ба 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳияи Фирдавсӣ дар ҳамкорӣ бо Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе мизи мудаввар, таҳти унвони “Дастовардҳои занон дар тӯли 30 соли Истиқлолият” бо иштироки Шоҳиён Абдураҳим Маҳмадулло — раиси Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳияи Фирдавсӣ, Зуҳурзода Заррина Ҳабибулло — сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Солеҳа Холмуҳаммадзода — вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муҳаммад Ғоиб — Шоири халқии Тоҷикистон, Руқия Қурбонова — раиси Шӯрои собиқадорони ҲХДТ ва Сайфулло Сафаров собиқадори фаъоли ҲХДТ баргузор гардид.

Дар идомаи мизи мудаввар иштирокчиён атрофи ҷашни Истиқлолияти давлатӣ ва нақши занон дар пойдории он суханронӣ намуданд. Аз ҷумла Абдураҳим Шоҳиён ҳозиринро ба ин санаи таърихии кишвар табрик намуда, қайд намуд, ки саҳми босазои занону бонувон дар рушди устувор ва пойдории давлат назаррас аст.

Дар интиҳо ба занону бонувони собиқадор ва фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳияи Фирдавсӣ бо сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдони гардонида шуданд.









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

  • Сентябрь 2021
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
     12345
    6789101112
    13141516171819
    20212223242526
    27282930  
  • Архиви Моҳона

  • Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028