МАҶЛИСИ ҶАМЪБАСТӢ-ИНТИХОБӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ «РАВШАНГАРОН»

Санаи 1-уми сентябри соли равон дар ташкилоти ибтидоии “Равшангарон” бахшида ба ҷашни соҳибистиқлолии кишвар бо иштироки Раиси Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳияи Фирдавсӣ — Шоҳиён Абдураҳим Маҳмадулло, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ — Аслонов Ҳалимхон ва аъзоёни ташкилот маҷлиси ҳизбӣ баргузор гардид.

Дар оғоз, ҳайати котибот интихоб ва рӯзномаи маҷлис тасдиқ гардида, ҳисоботи раиси ташкилоти ҳизбии “Равшангарон” шунида шуд.

Раиси Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳияи Фирдавсӣ — А. Шоҳиён баромад намуда, қайд намуд: “Дастоварди бузургтарини мо дар тӯли 30 соли истиқлолият барқарор намудани сулҳу суботи комил ва ваҳдати пойдории миллӣ, таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, таҳкими худшиносиву худогоҳӣ, болоравии ҳисси ватандӯстиву ватандорӣ дар миёни тамоми табақаҳои ҷомеаи Тоҷикистон аст, ки маҳз ба шарофати хиради азалии мардуми соҳибмаърифату фарҳангдӯсти тоҷик муяссар гардид, ки ҳамаи ин аз меҳнату замҳматҳои хастанопазири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳодат медиҳад”.

Аз рӯи масъалаи дигари рӯзномаи маҷлис раис ва муовини раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ аз нав интихоб гардида, вобаста ба масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул намуданд.

Инчунин саҳм гузоштан ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни бузурги миллӣ – 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози андеша намуданд.









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

  • Сентябрь 2021
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
     12345
    6789101112
    13141516171819
    20212223242526
    27282930  
  • Архиви Моҳона

  • Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028