Солимии ҷомеа — солимии давлат!

Истиқлолият – беҳтарин неъмат ва падидаи нек дар зиндагию орзуву армонҳои миллати тоҷик мебошад. Маҳз Истиқлолият буд, ки мардуми тоҷик соҳиби парчаму, сурудим миллӣ ва марзу буми хеш гардид. Зеро Истиқлолият пояи асосии таҳкими давлат, наҷоти миллат, пешрафти ҳаёт мебошад. Боиси хушнудист, ки имрӯз беш аз 170 давлати дунё Тоҷикиситонро чун давлати соҳибистиқлол ба расмият мешиносад. Имрӯз ҳар як фарди Тоҷикистони азиз дарк менамояд, ки Истиқлолият муқаддастарину гаронтарин неъмат, рукни асосии давлати озоду мустақил, рамзи сарбаландиву осоиштагии мардум мебошад. Истиқлолият бузургтарин сарват барои ҳар миллате мебошад, ки худро шинохтааст ва таърихи тамаддуни хешро медонаду аз он ифтихор мекунад. Шоистаи зикр аст, ки имрӯзҳо мардуми шарафманди кишварамон Истиқлолияти давлатиро бо ҷонибдорӣ аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва шукргузорӣ аз барқароршавии адолати таърихӣ бо як ҷаҳон ифтихору саодат бо руҳияи баланди идона истиқбол мегиранд.Дастоварди бузургтарини мо дар тӯли 30 соли Истиқлолият барқарор намудани сулҳу суботи комил ва ваҳдати пойдории миллӣ, таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, таҳкими худшиносиву худогоҳӣ, болоравии ҳисси ватандӯстиву ватандорӣ дар миёни тамоми табақаҳои ҷомеаи Тоҷикистон аст, ки маҳз ба шарофати хиради азалии мардуми соҳибмаърифату фарҳангдӯсти тоҷик ва сиёсати хирадмандонаву дурбинонаи Пешвои муаззами миллат муяссар гардид. Дар радифи дигар соҳаҳои муҳим соҳаи тандурустии кишвар низ яке аз самтҳои авзалиятноки мамлакат ба ҳисоб рафта, зери таваҷҷуҳи пайваста ва ғамхории Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар шаҳри Душанбе зери таваҷҷуҳи хоса ва дастгириҳои пайвастаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ қарор дорад. Маблағгузории соҳаи тандурустии шаҳри Душанбе сол аз сол афзоиш ёфта, назар ба 7 соли пеш се маротиба зиёд гаштааст, ки баҳри пешбурди соҳа дастгирии назаррас мебошад. Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ, аз ҷониби роҳбарияти мамлакат чораҳои зарурӣ андишида шуда истодааст. Бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 4 марти соли 2016, дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, маҷмааи бузурги тандурустӣ ифтитоҳ гардид. Маҷмаа нахустин муассисаи бисёрсоҳаи тиббии кишвар мебошад, ки мутобиқ ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ бунёд гардида, фарогири зинаҳои ташхис, табобат, аз ҷумла маркази ёрии таъҷилии тиббӣ ва офиятбахшии тибби муосир мебошад. Дар дармонгоҳи маҷмаа (МСШ №15) тамоми ҷараёни бақайдгирӣ, ташхис ва табобати беморон ба таври электронӣ ба системаи ягона ворид карда мешавад. Бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Муассисаи давлатии Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои пӯст, ки ҳамтояш дар Осиёи Марказӣ (ҳамчун муассисаи соҳавӣ) вуҷуд надорад азнавсозӣ гардида, бо таҷҳизотҳои замонавӣ ва лавозимотҳои тиббӣ муҷаҳҳазонида шудааст. Санаи 14.08. соли 2018 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ гардид. Инчунин, Беморхонаи замонавии бемориҳои сироятии кӯдакона ва бинои иловагии Таваллудхонаи шаҳрии №2 сохта шуда, имрузҳо фаъолияти самаранок доранд. Баҳри хизматрасонии ёрии таъҷилии тиббии бо сифат ва саривақтӣ дар давраи солҳои 2017-2020 бо дастгирии бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ – 25 адад нақлиёти замонавии ёрии таъҷилии тиббӣ бо ҳамаи таҷҳизот ва лавозимоти муосири зарурӣ дастрас шудааст. Дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе аз ҳисоби фонди захиравии Раиси шаҳри Душанбе дар соли 2017 – 700 000, солҳои 2018 – 800 000 сомонӣ ва 2019 800 000 сомонӣ ҷудо карда шуд, ки дар Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” барои ҷароҳҳии кӯдакони гирифтори нуқсонҳои модарзодии дил истифода шуда, дар ҷамъ 96 кӯдак ба НМД солим шуд. Маврид ба зикр аст, ки дар партави иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббус ва иқдомҳои созандаи Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар самти пешгирии паҳншавӣ ва мубориза бар зидди пандемияи бемории сироятии COVID-19 бо ҷалби эҳсонкорон дар соли 2020 дар ҷамъ ба малағи 33 531 975 сомонӣ, аз он ҷумла: таҷҳизотҳои тиббӣ – 11 582 736 сомонӣ, лавозимотҳои тиббӣ ва хоҷагидории зарурӣ – 1 127 761 сомонӣ, маводҳои муҳофизатӣ ва рахти хоб – 10 242 066 сомонӣ ва доруворӣ ба маблағӣ – 10 579 411 сомонӣ дастрас гардидааст. Дар баланд бардоштани савияи дониши амалӣ ва назариявии кормандони соҳаи тандурустии шаҳр як қатор корҳо ба анҷом расонида шудаанд. Дар давраи 2017-2020 –1780 нафар табибон аз такмили ихтисос гузаштанд, аз он ҷумла 74 нафар берун аз ҷумҳурӣ. Ҳамзамон, 2124 нафар кормандони миёнаи тиб аз такмили ихтисос, инчунин 123 нафар табибон ва 496 нафар кормандони миёнаи тиб аз бозомӯзии касбӣ гузаштанд. Дар раванди иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе, №262 “Дар бораи дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии моддӣ-маънавии кормандони соҳаи тандурустии шаҳри Душанбе” озмунҳои соҳаи тандурустии шаҳри Душанбе ҳамасола ташкил ва баргузор мегардад. Аз қабили “Беморхонаи сол”, “Муассисаи кумаки аввалияи тиббию санитарии сол”, “Табиби сол”, “Табиби оилавии сол” ва “Корманди миёнаи тибби сол” ва ғолибони озмун бо дипломҳо ва дастгирии молиявӣ ҳавасманд гардонида мешаванд. Бо таваҷҷуҳи хоса ва ғамхориҳои Роҳбари давлат ва Раиси шаҳри Душанбе нисбати табақаи ниёзманди аҳолӣ дастгириҳо ҳамасола зиёд ба назар мерасад. Аз ҷониби муассисаҳои табобатию пешгирии зерсохтори Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе оид ба хизматрасониҳои тиббӣ бо мақсади дастгирии аҳолии ниёзманд, хусусан пиронсолону маъюбон, кӯдакони ятиму бепарастор танҳо дар нимсолаи якуми соли 2021 барои таъмини доруворӣ, таҳлилҳои лабораторӣ, фаросавтӣ ва физиотерапевтӣ дар умум, ба маблағи 3 449150 сомонӣ кӯмаки ройгон расонида шуд. Бояд қайд намуд, ки корҳоии ободонию хуррамгардонӣ дар муассисаҳои зерсохтор мунтазам амалӣ мешавад. Ҳамаи муассисаҳо аз таъмири ҷорӣ бароварда шуда, дохил ва нумӯи берунаи иншоотҳо рангу бор гардидаанд. Саҳни биноҳо сабзкорию гулкорӣ шуда, равшаннамоӣ бо фурузонакҳои қудраташон баланд (прожектор/подсветка) ба роҳ монда шудааст. Инчунин, номгӯи муассисаҳо ба ҳарфҳои барқӣ ташкил карда шудааст. Имрӯзҳо ҳамаи кормандони муассисаҳои тандурустии шаҳр бо сару либоси ягонаи тиббӣ таъмин мебошанд. Баҳри баланд бардоштани маърифати тиббии аҳолӣ дар назди Раёсати тандурустӣ маҷалаи илмӣ-оммавии “Каломи табиб” ва дар назди Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” маҷалаи илмии “Паёми истиқлол” ташкил карда шудааст. Дар сатҳи муассисаҳои бистаринамоии зерсохтори Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе ҷарроҳиҳо бо тарзи замонавӣ, бо истифода аз технологияҳои муосир ба таври васеъ ба роҳ монда шуда, дар солҳои охир ба натиҷаҳои назаррас ноил гаштаанд ва ин сабаби коҳиш ёфтани сафари беморон ба хориҷи кишвар гардид. Ҳамзамон, аз ҷониби кормандони муассисаҳои зерсохтор дар якҷоягӣ бо кормандони кафедраҳо, мувофиқи тибби далелнок ва корҳои илмӣ, самтҳои нави ташхис ва табобат ба роҳ монда шудааст. Чуноне, ки сарвари давлат, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд: Бигзор, чароғи нурафшони Истиқлолият ҳамеша фурӯзону ҷовидон ва равшангари роҳи имрӯзу фардои Шумо буда, бароятон сиҳатии комил, бахту иқболи баланд, файзу баракати зиндагӣ ва дар иҷрои вазифаҳои пурмасъулатон комёбию зафармандӣ эҳдо намояд.









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

  • Сентябрь 2021
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
     12345
    6789101112
    13141516171819
    20212223242526
    27282930  
  • Архиви Моҳона

  • Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028