Президенти кишвар роҳеро тай намуд, ки пур аз хатару ҷоннисорӣ, аммо роҳи таърихию давлатсозӣ буд

Миллати тоҷик дар тӯли таърих борҳову борҳо ба сабаби маҳрум будани раҳбарон аз сифати олии худбоварӣ ва иродаи миллӣ дучори зарбаҳо ва зарарҳо шудааст. Роҳбарӣ масъулият мехоҳад. Мутаассифона дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ мушкилоте, ки ба идоракунии давлатии мо монеъа эҷод мекард, ин надоштани таҷрибаи роҳбарии роҳбарони давр буд, ки ҳалли ин қазия дар интихоби роҳбари нав нуҳуфта буд.

Таърихи инсоният шахсиятҳои машҳури арсаи сиёсатро дар ёд дорад, ки тавонистанд маҳз бо талошу пайкорҳои хеш чархи таърихро ба коми худ ва миллату давлат дигаргун сохта, ба ин васила, номи худро дар саҳифаҳои таърих бо хатти заррин сабт намоянд. Мо-тоҷикон, дар Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олӣ чунин шахсиятро ба сари ҳокимияти худ роҳбар интихоб намудем.

Хосу ом ба хуби медонанд, ки қариб се даҳсола пеш кишвари мо ба қавле бепарастор монда буд. Аз таърихи давлатдории начандон дури тоҷикон ба мо маълум аст, ки ин миллат ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузаронидааст. Роҳбарони сиёсии он замонро мебоист вазъияти бавуқуъомадаро ором намоянд, аммо мутаассифона ин муяссарашон нагашт. Ҳамин тавр, дар он замон кишвари мо ба кӯдаке монанд буд, ки бепарастор мондаасту  ҳама хоҳиши парасториашро дошт.

Ин сарзаминро мебоист роҳбареро сари ҳокимият интихоб намояд, ки вазъияти бавуқуъомадаро бартараф ва миллати тоҷикро аз нестшавӣ раҳонад. Ҳамин тавр, Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум рӯзи 16-уми ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби колхози ба номи Урунхӯҷаеви ноҳияи Хуҷанд, баргузор гардид ва то 2-юми декабри ҳамон сол ҷараён гирифт. Дар он 23 масъалаи ҳаётан муҳими сиёсӣ ва иҷтимоӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт, ки миёни онҳо қазияи ба эътидол овардани вазъи сиёсии ҷумҳурӣ аз ҳама асосӣ маҳсуб меёфт. Ҳалли ин масъала, пеш аз ҳама, интихоби роҳбари нави сиёсиро талаб мекард.

Аммо он замон мансаби оддиро дар кишвар касе бар душ гирифтан намехост, роҳбарӣ он тараф истад. Зеро, соли 1992 дар ҷаласаи 16-уми тақдирсози кишвар мансаб усулан қадру қиммат надошт, чунки амнияти касе таъмин набуд. Ҳато амнияти Президенти кишвар. Барои бартараф намудан тамоми мушкилиҳо ва раҳоии кишвар аз вазъияти бавуқуомада бояд роҳбареро интихоб менамуданд, ки аз ҷонаш гузашт намуда, Ватанро обод намояд.  Аммо, интихоби чунин роҳбар ба осонӣ даст надод, зеро аксари  намояндагони халқ ба кори ин иҷлосия ва натиҷаи он боварӣ надоштанд ва инчунин, зимоми давлатдориро дар чунин вазъияти ҳассос касе ба дӯш гирифтан намехост.  Бо вуҷуди ин ҳама, баъди муҳокимаҳои бардавом 19-уми ноябри соли 1992 ба мақоми олии роҳбари давлат — вакили халқӣ,  Раиси Шӯрои Олӣ, раиси вилояти Кӯлоб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бо гирифтани 186 овоз интихоб гардид.

Шумораи фарзонафарзандони миллати тоҷик кам не, беҳисоб аст ва дар он давраи таърихӣ, ки ҳассостарину тақдирсоз буд, бояд миллат фарзанди асосӣ, кордону оқили худро бе таваққуф ба саҳна меовард то аз ҳалокат наҷот ёбад. Он замон вакили халқ дар Шӯрои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро вазъияти сиёсию иҷтимоӣ ба сари ин халқи ҷафокашида, ба саҳнаи сиёсат овард. Ба  уҳдаи Ӯ замоне  зимоми давлатдорӣ гузошта шуд, ки идораи давлат кори саҳл набуд.

Дар он солҳо ба зимма гирифтани роҳбарии Тоҷикистон бисёр хавфнок буд. Шоҳӣ ҳеҷ шукуҳе надошт,  ба зимма гирифтани масъулият ба додани ҷон  баробар буд. Зеро Тоҷикистон майдони даргириҳои сиёсиву  мазҳабӣ гардида, ором намудани вазъият кори саҳл набуд ва на ҳар шахс аз уҳдаи он баромада метавонист.Танҳо фарзанди дӯстдори сарзамин, инсони комил, марди шӯҷоъ ва дигару дигар хислатҳои ҷасуриву волои инсонӣ лозим буд, ки роҳбариро ба зимма гирад. Воқеан ҳам замон нишон дод, ки ин ҳама хислатҳо дар Раиси Шӯрои Олии интихобнамудаи он замон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки бисёриҳо бовараш надоштанд, буд.

Дар он Иҷлосияе, ки ҳамчун Раиси Шӯрои Олӣ интихоб гардид ӯ савганд ёд намуда, гуфта буд: «… кори худро аз сулҳ сар хоҳам кард… Ман тарафдори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд мебошам. Мо ҳама бояд ёру бародар бошем, то ки вазъиятро ором намоем…». Ин калом тариқи ВАО ба омма гаштаю баргашта гушрас мешуд. Зеро, ин сухан дар он солҳои ноумедӣ, умеде буд барои мардуми азияткашидаи тоҷик. Дар марҳилаҳои тӯлонии таърихи навини давлатдорӣ бошад,  ин суханону садоқату самимиятро дар ҷараёни хидматҳояш дар назди халқу Ватан муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон собит намудааст. 

Раиси Шӯрои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон пешвои маънавӣ ва сиёсӣ, ки дар миёни оташи ҷанги бародаркуши шаҳрвандӣ зода шудааст, ин ҷангро хомӯшу ором намуд ва кишварро ба коми ифротгариёни ақлгумкарда напартофт. Бо гурӯҳҳои мухолифин  сари мизи музокирот нишаст.

Мисли ин ки ӯро гурӯҳи оппозитсия барои  имтиҳон ба кишвари ҷангзадаи Афғонистон барои мулоқоти нахустин даъват намуданд. Ӯ рози шуд. Ин  албата аз ҳусни нияти сулҳҷӯӣ ва сулҳхоҳии ӯ дарак медод. Вагарна ба кишваре, ки ҷангзада асту барои калонсолонаш ҷанг майдони мардонагӣ ва барои хурдсолонаш майдони бозист, сафар кардан ба ақли инсон намеғунҷад. Аммо, ӯ рафт барои он, ки сулҳ мехост ва аз ин кишвари ҷангзада хабари сулҳи кишвараш меомад. 

Дар ин роҳ ӯ бисёр ҷонбозиҳо кардааст. Борҳо сӯйиқасд бар ҷонаш намудаанд. Президенти кишварамон дар яке аз баромадҳояш ба амалиётиҳои  сӯйиқасд бар ҷонаш ишора карда гуфта буд, ки “Решаи ҳамаи ин дар як ҷо нуҳуфтааст ва танҳо ба хотири дар тангно қарор додани Тоҷикистон ва дар фақру нодорӣ нигоҳ доштани мардумони кишвари азизамон мебошад». Мақсаду мароми ин бадхоҳон ба ҳама маълум аст, ки сӯйиқасд ба ҷони ӯ сӯйи қасд ба нестии миллати тоҷик буд.

Хизмати таърихии Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими ҳоқимияти давлатӣ ва Истиқлоли миллӣ аз он иборат аст, ки маҳз ӯ ихтиёри давлатдориро ба даст оварда, пеши роҳи хатари нобудии онро гирифт, оташи ҷанги дохилиро хомӯш намуд, сохтори фалаҷгардидаи ҳокимият, хусусан мақомоти ҳифзи ҳуқуқро барқарор сохт.

Хулас, Роҳбари давлат роҳеро тай намуд, ки пур аз хатару ҷоннисорӣ буд. Аммо роҳи таърихӣ ва таърихсоз буд. Роҳе буд, ки миллатеро кишвареро ба қуллаҳои умеду музаффарият расонид. Роҳи қаҳрамонӣ буд, вале на ҳар шахс дар ин роҳ қаҳрамон ва дӯстдори миллат боқӣ мемонд. Хушбахтона, ӯ тавонист, ки ҳамчун қаҳрамон дар таърихи давлатдории тоҷикон бо роҳи тайнамудааш монад. Бо ҷасорату ҳиммати ватандӯстиаш тамоми шохаҳои фалаҷгаштаи давлату ҳукуматро барқарору азнавсозӣ намуд. 

Мудири шуъбаи умумии КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Давлатзода Ҳангома Рустам









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

  • Сентябрь 2021
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
     12345
    6789101112
    13141516171819
    20212223242526
    27282930  
  • Архиви Моҳона

  • Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028