Истиқлолият – ганҷинаи бебаҳо ва шиносномаи миллати тоҷик

Истиқлолият барои мо яке аз муқаддастарин арзишҳои миллӣ ба ҳисоб меравад, зеро ин дастоварди бузург натиҷаи талошу муборизаҳои фарзандони бонангу номуси тоҷик ба хотири амалӣ намудани ормони чандин асраи халқамон, яъне эҳёи давлатдории миллии тоҷикон мебошад.

ЭМОМАЛӢ  Раҳмон

Воқеан ҳам имрӯз мардуми сарбаланду саодатманди тоҷик зери Роҳбарии фарзанди фарзанаи миллат, таҳаммупазиру дурандеш, сиёсатмадору ғаюр, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба орзӯҳои ҳазорсолаи худ расидааст.

Таърих гувоҳ аст, ки миллати мо барои ба даст овардани давлату амнияти миллӣ рӯзҳои ғамгину нангин ва хунину вазнинро аз сар гузаронидаанд ва орзуи Истиқлолияти имрӯзаро менамуданд. Имрӯз миллати куҳанбунёд ба ормонҳои ҳазорсолаи худ ноил шуд, вале чандин ҷавонмардони ҷасуру ғаюр ҷонфидои ин армонҳо шуданд.

Аз таърих дарёд дорем, ки табаддулоти бебарори 19-21 августи соли 1991 дар Москав, Кумитаи давлатии вазъи фавқулода (КДВФ — ГКЧП) ташкил гардид ва он барҳамхӯрии Иттиҳоди Шӯравиро тезонид ва дар натиҷа 15 кишвари Иттиҳоди Шӯравӣ барои ба даст овардани Истиқлолият талош намуданд. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз ҷумлаи онҳо мебошад.

Дар зери таъсири бозсозӣ муборизаи ҷунбишу созмонҳои миллӣ барои истиқлолияти кишвар аз нав сар шуд. Гирдиҳамоиҳои оммавӣ дар Душанбе ва баъзе шаҳрҳои ҷумҳурӣ баргузор мегардиданд ва эълон намудани Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро талаб мекарданд. Дар натиҷаи талошҳои қаҳрамонон ва фарзандони фарзонаи миллат 9 сентябри соли 1991 Иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати дувоздаҳум «Изҳорот дар бораи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қабул намуда, рӯзи 9  сентябр Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Точикистон қабул гардид ва тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ин сана ба ҷашни расмии давлатӣ табдил ёфта, ҳар сол бо як шуҳу шаҳомати хосса ҷашн гирифта мешавад.

Мардуми таҳаммулпазиру хушиқбол аз ин дастоварди беназиру беҳамто хурсандию хушҳолӣ менамуданд, вале ин хурсандӣ дере нагузашта гурӯҳҳои мухолифин аз вазъияти давлати навтаъсис ва камтаҷрибагии кормандон истифода намуда, миёни милати мо тухми кинаву бадбинӣ ва маломат коштанд, дар натиҷа давлатро  ба коми ҷанги шаҳрвандӣ кашиданд.

Вазъият дар кишвари тозаистиқлол рӯз то рӯз ноором мешуд, куштору хунрезӣ, таҳқиру пастзанӣ, ғоратгариву дуздӣ ва таҷовуз ба номуси модару хоҳарони мо зиёд гардид.

Гирдиҳамоиҳои ғайриқонунии мухолифин ва манфиатҷуёну манфиатдорон майдонҳои назди биноҳои марказии маъмуриро пур карда буданд, ҳамаи онҳо бо шиору андешаҳои худ доду фиғон мекарданд, ки ин барои идоракунӣ ва барқарорсозии вазъият дар давлати тозаистиқлоли бесобиқа мушкилоту монеаҳо эъҷод менамуд.

Ғасби моликияти давлат, ба асир гирифтани шахсони мансабдор, қатли хабарнигорону кормандони мақомотҳои қудратӣ оғоз шуд, аз вазъияти ноороми давлат мардум ба давлатҳои ҳамсоя куч бастанд, русзабонҳо ба русия фирор карданд, мардум аз гуруснагӣ ва нодорӣ азият мекашиданд, дар баъзе минтақаҳо ҳолати фавқулода эълон карда шуд. Ҳолат хеле бад шуда буд, ки касе уҳдадории мансабӣ, шаҳрвандӣ ва динии худро иҷро карда наметавонистанд, аз ҷумла мансабдорон аз вазифаҳои худ даст кашиданд, хабарнигорон ҳақиқатро навишта наметавонистанд ва сарбозон силоҳпартоӣ намуда, баъзеяшон худкушӣ намуданд.

Вазъияти онвақтаро таҳлилгарони созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ хеле бад ва тулонӣ арзёбӣ менамуданд. Давлатро пошхурда, миллатро пароканда ва якпорчагии сарзаминро ба порчаҳо тақсимшуда эътироф мекарданд.

Новобаста аз вазъяти ноороми кишвар ҳукуматдорон кушиш менамуданд муносибатҳои дипломатиро бо дигар давлатҳо барқарор созанд ва кишварҳои мухталифи ҷаҳон давра ба давра Тоҷикистонро ҳамчун давлати мустақил эътироф намуданд.

Дар мамлакат зарурати қабули Конститутсияи нав ба миён омад. Яке аз тадбирҳои ҷиддӣ дар барпо кардани ҷомеаи нав тайёр намудан ва ба муҳокимаи умумихалқӣ пешниҳод кардани Конститутсияи Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон буд. Бо ин мақсад як комиссияи салоҳиятнок таъсис дода шуд, ки вай лоиҳаи қонуни асосиро тартиб дод. Лоиҳаи Конститутсияи ба райъпурсии умумихалқӣ пешниҳодгардида, 6 ноябри соли 1994 қабул карда шуд. Ин Қонуни асосӣ шакли давлатдорӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандонро муайян намуд.

Тоҷикистон рамзҳои давлатии худро Нишон, Парчам ва Суруди миллиро қабул намуда, бо қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 декабри соли 1999, № 891тасдиқ гардидааст.

Новобаста аз муваффақиятҳои дипломатӣ кишвари мо ноором боқӣ монда буд, мухолифин маҷбур сохтан ҳамонвақта Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Набиев истеъфо диҳад. Раҳмон Набиев барои барқарорсозии сохти конститутсионӣ ва ваҳдату якпорчагии давлат истеъфо дод. Мухолифин ба хотири ба даст овардани мансубу қудрати сиёсӣ вазъиятро бадтар сохта, алакай бисёри мансабҳоро миёни худ тақсим карда буданд.

Хушбахтона, дар Иҷлосияи тақдирсоз, Иҷлосияи XVI-и Шӯрои Олии Тоҷикистон аз ҷониби вакилони дурандеш, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми Раиси Шӯрои Олӣ интихоб шуданд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали ба сари ҳокимият омаданашон ба маърифати баланди халқу миллат такя намуда, дар эъмори давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона садоқатмандона саъю талош варзиданд, оҳиста-оҳиста ҷанги шаҳрвандиро хомӯш намуда, халқро аз парокандагӣ, миллатро аз нестшавӣ ва давлатро аз фурӯпошӣ наҷод дода, гурезагонро ба Ватан баргардонд.

Соли 1997 кишвари мо Тоҷикистон бо талошҳои вазнину сангини Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ваҳдати комили миллӣ дар Тоҷикистон ҳукумрон гардид.

Имрӯз сарзамини биҳишосои мо Тоҷикистон зери сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз минтақаҳои беҳтарини сайёҳӣ,  давлати амнтарин ва миллати ташаббускору дурандеш эътироф гардидааст.

         Ҳамаи ин муваффақияту музаффариятҳо, амнияту оромӣ ва ҷонҳисориҳои гузаштагон моро водор месозад, ки беш аз пеш ҳуёру зирак бошем, ба қадри Ваҳдату Истилолият, якпорчагию якдилӣ ва Ватан-Модар расем  ва содиқонаву софдилона дар хизмати халқу Ватан бошем.

Халқи тоҷик аз азал миллати сарҷамъ ва соҳибфарҳангу соҳимаърифат буд. Бо чунин кирдору рафтори неки худ ҳамеша миёни халқҳо ҷойгоҳи хос дошту дорад.

Маҳз сарҷамъии халқи тоҷик роҳҳои пурпечутоб ва вазнину сангинро тай намуда то ба имрӯз миллати моро оварду муаррифӣ намуд.

Мову Шумо, ки дар арафаи 30-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем, боварии комил дорам, ки ҳар яки мо ин ҷашни муқаддасро бо иқдомҳои созандагиву бунёдкорӣ пешвоз гирифта, бо як шукуҳу шаҳомати хосса ва ҳисси баланди Ватандӯстӣ таҷлил менамоем.

Э.Раҷабзода – мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

  • Сентябрь 2021
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
     12345
    6789101112
    13141516171819
    20212223242526
    27282930  
  • Архиви Моҳона

  • Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028