МЪБАСТИ МУСОБИҚАИ ВАРЗИШИИ ФУТБОЛИ ХУРД БАРОИ ДАРЁФТИ ҶОМИ ҲХДТ БАЙНИ ДАСТАҲОИ ФУТБОЛИ ҒАЙРИКАСБӢ

Даври ҷамъбастии мусобиқаи футболи хурд байни дастаҳои футболи ғайрикасбӣ миёни дастаҳои маҳаллаҳои ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе баргузор гардид, ки дар он 40 даста байни ҳам рақобат карданд.

Мавриди зикр аст, ки мусобиқаи зикршуда бо ташаббуси ҲХДТ барои дарёфти Ҷоми ҲХДТ дар доираи чорабиниҳои варзишӣ бахшида ба истиқболи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, ба ин васила равобити дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмию ҳамбастагӣ миёни ҷавонони шаҳраку маҳаллаҳо таҳким бахшида шуд.

Дар даври ниҳоӣ дастаҳои ғолиб муайян гардида, ҷойи якум насиби дастаи футболбозони шаҳраки 192-193, ҷойи дуюм насиби дастаи футболбозони маҳаллаи “Қуштеппа-1” ва ҷойи сеюм насиби дастаи футболбозони маҳаллаи “Гастелло” гардид.

Дар интиҳо масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур дастаҳои ғолибро бо медалу диплом, либосҳои варзишӣ ҷоми Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия сарфароз гардонида, масъулин ва раисони маҳаллаҳоро барои ишироки фаъол, таъмини иштирокчиён ва фароҳам овардани шароит барои баргузории мусобиқаҳо бо сипосномаҳо қадрдонӣ намуданд.









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

  • Сентябрь 2021
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
     12345
    6789101112
    13141516171819
    20212223242526
    27282930  
  • Архиви Моҳона

  • Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028