МУКОФОТИ ДАВЛАТӢ МУБОРАК!

31 август дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори ходимони давлатӣ — роҳбарони ҳокимияти қонунгузор ва иҷроия, собиқ роҳбарони парламент ва аъзои Ҳукумати мамлакат ба муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор ва муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Хайринисо Юсуфӣ мукофоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Медали ҷашнии “30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар вазъияти тантанавӣ тақдим намуданд. Ин қадршиносиҳои Пешвои муаззами миллат баҳри хизматҳои содиқона ба халқи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ба кулли аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ муборак бошад.









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

  • Сентябрь 2021
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
     12345
    6789101112
    13141516171819
    20212223242526
    27282930  
  • Архиви Моҳона

  • Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028