МАҶЛИСИ ТАНТАНАВИИ ҲИЗБӢ БА ИФТИХОРИ ИСТИҚЛОЛИ МИЛЛӢ

Бо иштироки Обидов Фозил-раиси фраксияи ҲХДТ дар парлумони кишвар, Мирзозода Иброҳим-Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Гулаҳмадзода Зуфиқор-Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур ва Каримзода Абдураҳмон — муовини раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ доир гардид.

Сароғоз Обидов Фозил-оид ба нақши Истиқлолияти давлатӣ дар низоми давлатдории миллӣ, хизматҳои барҷастаи Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими истиқлолияти давлатӣ, ҳимояи арзишҳои миллӣ, манфиатҳои давлату миллат, ягонагии халқ ва якпорчагии марзу бум суханронӣ намуда, истиқлолияти давлатиро ба аҳли нишаст таҳният намуд.

Сипас Мирзозода Иброҳим-Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе оид ба нақши созгори Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эъмори сулҳ ва бунёди Истиқлоли давлатӣ суханронӣ намуда, афзуд, ки Истиқлолият яке аз муҳимтарин дастовардҳои таърихии миллат мебошад, ки давлатдории муосири миллиро таҳким бахшид ва моҳиятан шакли ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ ва дунявӣ рушд кард. Ҳуқуқ бо ғояҳои анъанавию миллӣ эҷод гардида, фарҳанг, ниёгон, арзишҳои миллӣ рушд ёфта, сарҳади давлатӣ ҳифзу эмин нигоҳ дошта шуд.

Гулаҳмадзода Зулфиқор-зимни суханронии худ афзуд, ки бо нусрати дастоварди Истиқлолият Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви фаъоли созмонҳои бонуфузи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ гардида, дар ҳалли масоили глобалӣ ва масъалаҳои актуалии ҷаҳони муосир саҳми шоиста дошта, мавқеи устувор пайдо кард.

Ҳамзамон ба як гурӯҳ фаъолоне, ки дар пешрафту шукуфоии кишвар, татбиқи сиёсати созандаи давлату Ҳукумат ба Ватану миллат хизмати содиқона намуданд, бо ифтихорномаву сипосномаҳо сарфароз гардонида шуда, аъзоҳои навро, ки иродаи сиёсии худро муайян намуда, ба сафи ҲХДТ қабул гардиданд, бо шаҳодатномаҳои ҳизбӣ сарафроз гардонида шуданд.









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

  • Сентябрь 2021
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
     12345
    6789101112
    13141516171819
    20212223242526
    27282930  
  • Архиви Моҳона

  • Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028