МАҶЛИСИ ТАНТАНАВИИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲХДТ ДАР НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ БАХШИДА БА 30 – СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ

Дирӯз дар маҷлисгоҳи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ бахшида ба 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Латифзода Асрор Қурбон – Муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Фатҳиддин Усмонзода — раиси ноҳияи Фирдавсӣ, Кароматулло Олимов — академики Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷурабек Муродов — муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва Шоҳиён Абдураҳим Маҳмадулло — раиси Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳияи Фирдавсӣ баргузор гардид.

Маҷлисро раиси Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳияи Фирдавсӣ Абдураҳим Шоҳиён оғоз намуда, атрофи соҳибистиқлолии кишвар маърӯза намуд. Сипас, сухани табркотӣ ба Муовини Раиси ҲХДТ Латифзода Асрор Қурбон дода шуд. Дар суханронии хеш А.Латифзода қайд намуд: “Дастоварди бузургтарини мо дар тӯли 30 соли Истиқлолият барқарор намудани сулҳу суботи комил ва ваҳдати пойдории миллӣ, таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, таҳкими худшиносиву худогоҳӣ, болоравии ҳисси ватандӯстиву ватандорӣ дар миёни тамоми табақаҳои ҷомеаи Тоҷикистон аст, ки маҳз ба шарофати хиради азалии мардуми соҳибмаърифату фарҳангдӯсти тоҷик муяссар гардид, ки ҳамаи ин аз меҳнату замҳматҳои хастанопазири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарак медиҳад”.

Дар идомаи маҷлис академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Кароматулло Олимов дар мавзӯи “Дастовардҳои даврони Истиқлолият дар шароити ҷаҳонишавӣ” маърӯза намуда, қайд намуд, ки: “Дар ҳақиқат шукргузорӣ аз он мекунем, ки моҳи декабри соли 1991 вақте, ки Иттиҳоди Шӯравӣ аз байн рафт, Тоҷикистон мисли ҷумҳуриҳои дигар озодии воқеӣ ба даст овард. Ҷумҳурии мо акнун бо тамоми мамлакатҳои ҷаҳон мустақилона робита барқарор мекунад. Тоҷикистонро беш аз сад давлати дунё ба расмият шинохтаанд. Тоҷикистони азизи мо узви Созмони Миллали Муттаҳид гашт ва ба оилаи кишварҳои озоди ҷаҳон пазируфта шуд, ки ин яке аз дастовардҳои бузурги халқи тоҷик дар даврони истиқлолият мебошад.”

Дар фарҷоми маҷлиси тантанавӣ ба як чанд фаъолони ташкилотхои ибтидоии ҳизбӣ сипосномаи Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва ифтихорномаи раиси ноҳияи Фирдавсӣ тақдим карда шуд.









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

  • Сентябрь 2021
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
     12345
    6789101112
    13141516171819
    20212223242526
    27282930  
  • Архиви Моҳона

  • Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028