30 ДАСТОВАРДИ ГАРОНАРЗИШ ДАР 30 СОЛИ ДАВЛАТДОРИИ НАВИНИ ТОҶИКОН

«Истиқлолият ин нишонаи ҳастӣ, шарти бақои давлати соҳибихтиёр, рамзи саодати миллат, ҳуввият, озодӣ, шарафу ифтихори халқи тоҷик аст».Эмомалӣ РаҳмонИстиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ноил шудан ба дастовардҳои муҳим дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва маънавии мардуми тоҷик нақши босазо гузошта, ба ташаккули сиёсати давлатӣ дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ва тадриҷан фароҳам овардани имкониятҳои васеи рушду такомули онҳо дар шароити мураккаби тағйирёбии сохториву ҷамъиятӣ мусоидат намуд.Истиқлолияти давлатӣ роҳи моро дар оянда мунаввар сохт. Тоҷикистони маҳбуби мо таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳила ба марҳила ба дастовардҳои муҳиму самарабахш ноил гардид, ки баҳри рушду инкишофи ҷомеаи мутамаддини тоҷик ва беҳбудии вазъи некӯаҳволии мардум заминаи мусоид гузоштанд. Қабл аз ҳама, се ҳадафи стратегӣ – раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро дар меҳвари асосии фаъолияти худ қарор додааст, мунтазам амалӣ гардида истодаанд.Дар ин давра, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дастоварду музаффариятҳои бузургу беназир сазовор шуд, вале мо ба 30 дастоварди азимтарине, ки ба рушду инкишофи кишвар ва таҳкими истиқлоли миллӣ заминаи боэътимод гузоштанд, рӯ меорем:1) Қабл аз ҳама, худи Истиқлолият дастоварди гаронарзиш барои миллати тамаддунофари тоҷик мебошад. 24 августи соли 1990 Эъломияи Истиқлолияти Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон қабул гардид, ки тибқи он 9 сентябри соли 1991 Тоҷикистон Истиқлолияти комили худро ба даст овард ва ҳамасола ин сана ҳамчун Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукуҳу шаҳомати хоса ва бо шукргузорӣ аз неъматҳои гаронбаҳои он таҷлил мегардад.2) Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 марти соли 1992 узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид гардид, ки имрӯзҳо чандин пешниҳодоту таклифҳои ҷониби Тоҷикистонро ин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ эътироф ва дар арсаи байналмилалӣ амалӣ месозад. Ҳамзамон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якчанд маротиба аз минбари баланди ин Созмони бонуфуз баромад намуда, ҷомеаи ҷаҳонро ба сулҳу дӯстӣ ва бунёдкорию созандагӣ даъват менамоянд.3) Ҷумҳурии Тоҷикистон узви созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ – Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони умумиҷаҳонии савдо, Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ, Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо, Созмони давлатҳои исломӣ ва ғайраҳо мебошад, ки дар доираи онҳо кишвари маҳбуби мо мизбони якчанд конфронсу симпозиум ва форумҳои сатҳи ҷаҳонӣ гардид.4) 16 ноябри соли 1992 Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар “Қасри Арбоб”-и шаҳри бостонии Хуҷанд баргузор шуд, ки он унвони “Иҷлосияи тақдирсоз”-ро гирифт. Зеро ин Иҷлосия ба сарнавишти талхе, ки ба сари мардуми тоҷик омада буду миллатро ба нобудшавӣ моил мекард, нуқта гузошт ва фарзанди фарзонаеро мисли Эмомалӣ Раҳмон ба сари қудрат овард, ки аз аввалин рӯзҳои фаъолияти худ тамоми нерӯву тавоноиашро барои ободии ин диёр равона сохт ва ҳатто ҷонашро зери хатар монда, барои мардум хизматҳои шоиста намуд.5) Аз ҷониби Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 ноябри соли 1992 Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид, ки барои бақои давлату миллати тоҷик яке аз муқаддасоти миллӣ ба ҳисоб меравад. Парчами миллӣ аз матои росткунҷаи нафису зебои серангаи сурх, сафед ва сабз таркиб ёфтааст, ки ҳар ранг маънои мушаххасро ифода менамояд. Бори нахуст Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамчун ид дар кишвар 24 ноябри соли 2009 таҷлил карда шуд. Бо ибтикори наҷиби Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 20–солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахти азизамон – шаҳри Душанбе бузургтарин Парчам, ки дар ҷаҳон беназир аст, гузошта шуд. Баландии сутунпояи он 165 метр, дарозии матоаш 60 метр ва бараш 30 метр буда, ба китоби «Рекордҳои Гиннес» ворид гардид. Майдоне, ки он ҷо Парчами бузургтарини мо ҷойгир аст «Боғи Парчами миллӣ» номгузорӣ шуд.6) Дар Иҷлосияи ҳаждаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Нишони (Герб) давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дигаргунии куллӣ дароварда шуда, ба шакли нав қабул гардид, ки он аз тоҷдорию давлатдории навини тоҷикон шаҳодат медиҳад. Нишони давлатӣ иборат аст аз тасвири тоҷи тансиқшудаву нимдоира, ҳафт ситораи бо нурҳои офтоби аз паси кӯҳҳои барфпӯш тулуъкунанда ва бо чанбаре оро ёфта, ки атрофашро аз тарафи рост хӯшаҳои гандум ва аз тарафи чап шохаҳои пахтаи шукуфон иҳота кардаанд. Болои чанбара бо тасмаи сераха печонда шуда, дар қисми поён рӯи курсӣ китоби боз ҷой гирифтааст, ки нишон аз фарҳангдӯстию адабпарварии миллати тоҷик мебошад.7) 23 феврали соли 1993 Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт, ки ҳамасола ин сана бо баргузории чорабиниҳои ҳарбӣ-варзишӣ ва сиёсӣ-фарҳангӣ таҷлил мегардад. Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали артиш Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ таъкид карда буданд, ки: «Барои насли наврас яке аз муҳимтарин мактаби обутоби ҳаёт хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат аст. Маҳз дар ҳамин ҷо ҷавонписарон шуҷоату мардонагӣ омӯхта, муқаддастарин арзиши ҳаёт – дӯст доштан ва содиқона муҳофизат кардани хоки поки Ватани азизро ёд мегиранд. Хизмат дар сафҳои артиши миллӣ бояд қарзи виҷдон ва ҳаққи фарзандии ҳар як ҷавони далер бошад».😎 7 сентябри соли 1994 дар Иҷлосияи XIX Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Оҳанги онро ҳанӯз соли 1964 Сулаймон Юдаков ба матни шоири маҳбуб Абулқосим Лоҳутӣ эҷод карда буд. Бо ҳамин оҳанг шоири халқии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ матни мувофиқ офарид ва ҳайати доварон онро маъқул донистанд. Дар Суруди миллӣ орзуву умед ва дархостҳои халқ садо медиҳанд. Имсол, аз қабули Суруди миллӣ 27 сол сипарӣ мегардад ва тӯли ин солҳо тамоми мардуми шарафманди тоҷик таҳти навои дилнишину мутантани он саф ороста, баҳри дифои марзу буми кишвар ва ободию шукуфоии он хизмат менамоянд.9) Аз ҷониби ҷомеаи ҳар давлат қабул шудани Конститутсия воқеаи дорои аҳамияти бузурги сиёсӣ ба ҳисоб меравад. 6 ноябри соли 1994 дар таърихи давлатдории навини тоҷикон санаи бисёр муқаддас, пурифтихор ва сарнавиштсоз мебошад. Дар ин рӯзи таърихӣ бори нахуст тавассути раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд, ки аз 10 боб ва 100 модда иборат аст. Конститутсия санади муҳими сиёсӣ, ҳуҷҷати тақдирсоз ва ифодагари азму иродаи мардуми тоҷик мебошад, ки дар марҳилаи хеле мураккабу сарнавиштсози ташаккулёбии давлатдории миллиамон қабул гардид.10) Муҳимтарин дастоварди даврони соҳибистиқлолӣ пас аз ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ касби Ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботи ҷомеа мебошад. Ваҳдат тавонотарин омили устувории миллат, шаҳсутуни бахти миллат, шӯҳрату шону тахти миллат аст. Чун душманон миллатеро ба вартаи нестӣ ва ё вобастагӣ кашиданӣ мешаванд, сараввал мекӯшанд, ки ваҳдати ин миллатро аз байн баранд. Бо чунин ғаразҳои нопок миёни тоҷикон низ оташи ихтилофоти ваҳдатшикан барафрӯхта шуд. Вале ин миллати тоҷвар, ки бо шебу фарози таърих бисёр бархӯрд кардаву аз банди басо макру ҳияли кинаваронаш раҳо хӯрда буд, дар марҳилаи навини тақдирсози хеш ваҳдаташро чун гавҳари нобу пок ҳифз намуд ва ин буд, ки ба рӯзгорони саодатбору тарабафзо бирасид. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин марҳилаи пурҳаводис раҳнамою пешбар ва рӯҳбаландсозу парчамафрози аҳли Ватан буданд. Бо талошҳои ҷоннисоронаву пайгиронаи ин Қаҳрамони миллат 27 июни соли 1997 «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ миёни тоҷикон» ба имзо расид ва кишвари ҷангзадаи мо аз нав ба ошёни Сулҳу Ваҳдат табдил ёфт.11) Таҷлили ҷашни 1100–солагии аввалин давлати мутамаркази тоҷикон – давлати абарқудрати Сомониён ва 90–солагии муаллифи китоби “Тоҷикон”, Қаҳрамони Тоҷикистон, академик Бобоҷон Ғафуров дар соли 1999 гувоҳи он аст, ки тоҷикон воқеан, тоҷдору тоҷтабор ва хирадпешаю соҳибтамаддун ҳастанд. Ҳамин тариқ, марҳилаи тозаи ҷашнгирии санаҳои таърихию фарҳангӣ ва бузургдошти симоҳои барҷастаи илму адаб ва сиёсати тоҷик ба ҳукми анъана даромад.12) Бо мақсади татбиқи сиёсати самараноки иқтисодӣ, суръатбахшӣ ба дигаргуниҳои иқтисодӣ ва бунёди низоми мустақили пулии Тоҷикистон бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хусуси ҷорӣ кардани асъори миллии Тоҷикистон қарор қабул гардид. Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 октябри соли 2000, №415 дар бораи аз таърихи 30 октябри соли 2000 ба муомилот баровардани воҳиди нави пули миллии кишвар – Сомонӣ, ки ба ифтихори бунёдгузори нахустин давлати мутамаркази тоҷикон Исмоили Сомонӣ (849–907) номгузорӣ шудааст, эълон гардид ва пулҳои коғазӣ бо арзиши 1, 5, 10, 20, 50, 100 сомонӣ ва воҳиди хурди он бо арзиши 1, 5, 10, 20, 50 дирам ба муомилот бароварда шуданд. Дар пулҳои коғазӣ акси арбобони бузурги классику муосири халқи тоҷик, тасвири ёдгориҳои меъморӣ ва таърихии Тоҷикистон, ашёи санъату ҳунари мардуми тоҷик ҷой дода шудаанд.13) Дар даврони давлатдории навин арҷгузорӣ ба солгарди шаҳрҳои таърихӣ ба ҳукми анъана даромада, аввалин ҷашне, ки сазовор таҷлил гардид, ин 2500–солагии Истаравшани бостоншаҳр буд, ки бо иштироки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва меҳмонони дохилию хориҷӣ моҳи сентябри соли 2002 баргузор шуд. Ҳамин тариқ, солҳои минбаъда низ ин иқдом идома ёфта, соли 2006 ҷашни 2700–солагии Кӯлоби бостонӣ, соли 2015 ҷашни 3000–солагии Ҳисори шодмон ва соли 2020 ҷашни 5500–солагии шаҳри қадимаи Саразм таҷлил гардиданд, ки ба ин муносибат корҳои созандагию бунёдкорӣ ва барномаҳои мукаммали фарҳангию маърифатӣ сурат гирифтанд.14) Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид ташаббусҳои неку созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дастгирӣ намуда, соли 2003-ро «Соли байналхалқии оби тоза», соли 2013-ро “Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об”, солҳои 2005–2015-ро “Даҳсолаи байналмилалии амалиёт барои об” ва солҳои 2018–2028-ро Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” эълон намуд. Дар доираи ин солҳо, форуму симпозиум ва конференсияҳои бонуфузе, ки дар шаҳри Душанбе баргузор гардиданд, масъалаҳои муҳимтарини глобалӣ оид ба об, аз ҷумла истифодаи оқилонаи об, муҳофизати обҳои тоза, мубориза бар зидди ифлос кардани об, ташкили самараноки идораву истифодаи захираҳои обӣ фаро гирифта шуданд.15) Дар замони соҳибистиқлолӣ гиромидошти симоҳои барҷастаи илму адаб ва сиёсати тоҷик, арҷгузорӣ ба ҳаёту фаъолияти онҳо ба ҳукми анъана даромада, тибқи санаи таваллуду замони фаъолият солгарди мавлуди адибону олимон ва мутафаккирону сиёсатмадорон ҷашн гирифта мешаванд. Аз ҷумла, ҷашнҳои 1150–солагии сардафтари адабиёти классики тоҷику форс, маликушшуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, 1000–солагии шоир ва мутафаккири бузург Носири Хусрав, 800–солагии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, 700–солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, 600–солагии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ, 400–солагии ситоишгари фарҳанги шаҳрдорӣ, суханвари бузурги тоҷик Миробид Сайидои Насафӣ, 700–солагии шоири ширинкалом Камоли Хуҷандӣ ва ғайраҳо шаҳодати гуфтаҳои болост.16) Соли 2009 – Соли бузургдошти Имоми Аъзам – Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит эълон гардид, ки дар доираи он конфронси сатҳи баланди байналмилалӣ ва дигар чорабиниҳои фарҳангиву маърифатӣ баргузор шуданд. Ба ин муносибат, китоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо номи “Имоми Аъзам. Рӯзгор, осор ва афкор” ба табъ расида, дастраси мардуми фарҳангсолори кишвар гардид.17) Қабули қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” аз ҳадафҳои олии Ҳукумати мамлакат ва дастоварди арзишманди давраи Истиқлол ба ҳисоб мераванд, ки барои беҳбудии вазъи некӯаҳволии мардум, баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстиву худшиносии онҳо, таълиму тарбияи мукаммали насли наврас ва масъулиятшиносии волидон дар ин самт мусоидат менамоянд.18) Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар таҳрири нав шаҳодати он аст, ки мардуми хушиқболи ин сарзамини адабпарвар бо роҳбарии Пешвои хирадпешаи хеш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таъриху забон ва адабиёту фарҳанг арҷ мегузоранд.19) Бо ташаббуси шоистаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии Созмони Милали Муттаҳид ҷашни Наврӯз ҷашни ҷаҳонӣ эълон гардид. Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид бо содир намудани як қатънома ҷашни миллии тоҷикон – Наврӯзи Аҷамро ҷашни байналмилалӣ эълон кард ва он дар иҷлосияи 64 Ассамблеяи генералии СММ дар чаҳорчӯбаи «тамаддуни ҷаҳонӣ» сурат гирифт.20) Ба шарофати соҳибистиқлолии Ватан ва зери сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якчанд унсурҳои фарҳанги моддию ғайримоддии халқи тоҷик ба Феҳристи умумиҷаҳонии репрезентативии ЮНЕСКО ворид гардиданд, аз ҷумла ҷашни миллию мардумии “Наврӯз”, мусиқии суннатии “Шашмақом”, таоми миллии “Оши палов”, матои миллии “Чакан”, инчунин, якчанд ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ва ҷашнвораҳои таърихии мардуми тоҷик ба феҳристҳои гуногуни ин созмони ҷаҳонӣ шомил шуданд, ки боиси ифтихору сарфарозӣ ва нишонаи фарҳангсолорию адабпарварии миллати тоҷик мебошад.21) Бунёду мавриди истифода қарор додани бузургтарин нақбҳо, амсоли “Истиқлол”, “Шаҳристон”, “Хатлон”, “Дӯстӣ”, “Озодӣ” аз ҳадафҳои асосии роҳбарияти давлату Ҳукумати Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, барои рафтуомади мардум аз қисмати Шимолӣ ба қисмати Ҷанубӣ ва баръакс, инчунин, баҳри раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ заминаи хеле мусоид гузоштанд.22) Бозсозӣ, таъмиру таҷдид ва ба истифода додани шоҳроҳу роҳҳои мошингард, аз қабили “Душанбе–Хуҷанд–Чаноқ”, “Айнӣ – Панҷакент”, “Кулма–Қароқурум”, “Душанбе–Қӯрғонтеппа–Кӯлоб”, роҳи оҳани “Душанбе–Бохтар” ва дигар роҳҳои дохилишаҳриву дохилиноҳиявӣ барои баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва баланд бардоштани сатҳи иқтисодиёти минтақаҳои кишвар заминаи боэътимод мебошанд.23) Бо бунёди Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” ва ба истифода додани ду агрегати он, инчунин, дигар нерӯгоҳҳои хурду бузург дар миқёси ҷумҳурӣ яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар – расидан ба истиқлолияти энергетикӣ пурра амалӣ гардид, ки дастоварди беназири аср мебошад.24) Сохтмону бунёди иншоотҳои фарҳангиву фароғатӣ, таълимиву варзишӣ ва тиббию истироҳатӣ, аз ҷумла биноҳои истиқоматӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ, мактабу боғчаҳои кӯдакон, беморхонаю марказҳои саломатӣ, китобхонаю осорхонаҳо, қасру хонаҳои фарҳанг, театру филармонияҳои халқӣ, боғҳои фарҳангию фароғатӣ, варзишгоҳҳо, майдону маҷмааҳои варзишӣ ва дигар иншоот барои мардум, хусусан насли ояндасози миллат аз дастовардҳои назарраси даврони соҳибистиқлолии кишвар мебошанд.25) Шаҳри Душанбе – пойтахти Тоҷикистон, шаҳри сулҳу дӯстӣ, маскани фарҳангу маърифат, хонаи умеди ҳар тоҷику тоҷикистонӣ узви Ассамблеяи байналхалқии пойтахтҳо ва бузургшаҳрҳо (МАГ), Ташкилоти байналхалқии бародаршаҳрҳо (МОГП), Ташкилоти Боулдер-Душанбе бародаршаҳрҳо (БДГП), Ташкилоти умумиҷаҳонии шаҳрҳои муттаҳида ва ҳокимиятҳои маҳаллӣ (ВО ОГМВ) гардид ва айни замон бо 18 шаҳрҳои калонтарину пешрафтаи Осиё, Африка, Европа, Америка ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҳусни тафоҳум ва паймони бародаршаҳрӣ дорад, ки дар доираи ин муносибатҳо чорабиниҳои зиёди фарҳангӣ ва илмию оммавӣ баргузор мешаванд. Бо қарори Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил пойтахти маҳбуби тоҷикон — шаҳри Душанбе пойтахти фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2021 эълон карда шуд. Ин шаҳодати он аст, ки маҳз бо ҳидояту дастгириҳои Бунёдгузори давлати навини тоҷикон, Пешвои адабпарвари миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббусҳои созандаю ободкоронаи Раиси ҷавону ватандӯсти шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ тайи чанд соли охир пойтахти азизамон ба шаҳри сабзу дилоро, фарҳангию сайёҳӣ ва макони баргузории чорабиниҳои сатҳи баланди байналмилалӣ дар доираи созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ мубаддал гардид.26) Бо ташаббус ва ҳидояти Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз муъҷизаҳои дасти инсоният, шоҳкории азими халқи тоҷик, маҷмааи фарҳангии “Кохи Наврӯз” ба рӯйхати “8 муъҷизаи Созмони Ҳамкории Шанхай” ворид гардид, ки боиси ифтихору сарфарозии мардуми шарафманди тоҷик мебошад.27) Эълон гардидани соли 2018 “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” иқдомоти наҷибе буданд, ки барои рушди инфрасохтори сайёҳӣ, муаррифии имкониятҳои сайёҳию фарҳангӣ, ёдгориҳои таърихии меъморию табиӣ, эҳёву инкишофи ҳунарҳои бадеии халқӣ, бунёду азнавсозии иншооти гуногун дар деҳот ва дар маҷмӯъ баҳри рушди маҳал заминаи мусоид фароҳам оварданд.28) Рӯ ба асолати миллӣ овардану арҷгузорӣ ба таъриху тамаддун ва фарҳангу адабиёти пурғановати халқи тоҷик аз ибтикороти бесобиқаи мардуми шарифи тоҷик таҳти роҳбарии Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Ба ин васила, номгузорӣ ва иваз намудани номи аксари шаҳру ноҳияҳо ва маҳалҳои аҳолинишин ба номи Қаҳрамонони Тоҷикистон ва халқи тоҷик, чеҳраҳои мондагори илму адаб ва сиёсати тоҷик, санаҳои таърихиву фарҳангӣ аз дастовардҳои муҳим мебошанд, ки тавонистанд баҳри баланд гардидани ҳуввияти миллии мардуми тоҷик, хусусан, ҷавонону наврасон такони ҷиддӣ бахшанд.29) Аз ҷониби Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани “Саноатикунонии босуръати кишвар” ҳамчун ҳадафи чоруми стратегии мамлакат яке аз дастоварди муҳими даврони соҳибистиқлолии Ватани маҳбубамон мебошад, ки ин ташаббус дар рушду инкишофи соҳаи саноат ва ба ин васила барои ҷалби сармоягузорони дохилию хориҷӣ заминаи боэътимод мегузорад.30) Ниҳоят, таҷлили ҷашни 30–юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба ин муносибат амалисозии корҳои ободониву шукуфоӣ ва бунёдкорию созандагӣ дастоварди таърихии давлатдории навини тоҷикон ба ҳисоб меравад. Махсусан, бунёди маҷмааи “Истиқлол ва Озодӣ” чун рамзи ин ҷашни бузурги миллат ва дигар иншоотҳои ҷашнӣ барои мардуми хушиқболи Ватан дастоварди гаронарзиш ва шоистаи таҳсин мебошанд.Ин рӯйхатро метавон идома дод, вале мардуми саодатманди кишвар дарк кардаанд ва дида истодаанд, ки чӣ қадар муваффақияту музаффарият ва дастовардҳои назаррас барои онҳо эҳдо мешаванд.Чӣ тавре Пешвои миллат, Қаҳрамони Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштаанд: “Ватандӯстӣ бахти бузург аст, вале ба қадри истиқлолияти миллӣ ва давлати соҳибихтиёр расида тавонистан бахти аз он болотар аст”.Бинобар ин, ҳар як фарди бедордил ва бонангу номусро зарур аст, ки ба қадри ҳар як қатра обу ҳар як зарра хоки ин сарзамини аҷдодӣ, ба қадри неъматҳои гаронбаҳои Ваҳдату Истиқлоли миллӣ, ба қадри ин шоҳкориҳои азими аср бирасанд, Ватанро дӯст доранд, худшиносу худогоҳ бошанд ва бо тамоми ҳастӣ баҳри ҳифзи марзу буми кишвар, ободию шукуфоии он хизматҳои шоён намуда, саҳми арзандаи хешро гузоранд.Муқаддасӣ ва пойдории Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таманно дорем!Орифӣ Озар Баҳромзода – корманди Вазоратифарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, магистрантиАкадемияи идоракунии давлатии наздиПрезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочиифарҳанг ва матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон,узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

  • Август 2021
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
     1
    2345678
    9101112131415
    16171819202122
    23242526272829
    3031  
  • Архиви Моҳона

  • Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028