ХДТ- НЕРӮЕ, КИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИРО ТАҲКИМ МЕБАХШАД!

Бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилоти ибтидоии “Варзиш” бо иштироки Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад- Раиси Кумитаи иҷроияи ҳизби ноҳия, Муҳаммад Ғойиб – шоири халқии Тоҷикистон ва Парвиз Исматулло — директори телевизиони “Варзиш” маҷлиси тантанавӣ доир гардид.

Сароғоз Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад- Раиси Кумитаи иҷроияи ҳизби ноҳия бобати дастоварди бузури таърихӣ – Истиқлолияти давлатӣ, нақши Истиқлоли давлатӣ дар рушди давлатдории миллӣ, ҳимояи манфиатҳои давлату миллат, таҳкими истиқлолият, ваҳдати миллӣ, тарбияи ватанпарастии ҷавонон, дастгирии сиёсати инсондӯстонаву ватанпарстонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нигоҳдории ризоияти ҷомеа ва баланд бардоштани иродаи сиёсии мардум нутқ карда, аъзоёни ҲХДТ ва ҳамаи кормандонро ба муносибати 30-юмин солгарди Истиқлоли миллӣ таҳният намуд.

Сипас Муҳаммад Ғойиб-шоири халқии Тоҷикистон зимни суханронии худ афзуд, ки истиқлолу озодӣ маъниҳои аз ҳам ҷудонашаванда буда, фарогири тамоми паҳлуҳои зиндагии инсоният ва рушди ҳама бахшҳои давлат мебошад. Аз заҳматҳои пайгиронаи шабонарӯзии Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, иброз доштанд, ки Эмомалӣ Раҳмон барои пойдору сарҷамъии миллат ҷони худро ба хатар гузошта, Истиқлоли давлатиро бунёд карданд, бо баҳои ҷони худ ваҳдати миллӣ ва осудагии тамоми миллатро харидорӣ карданд. Истиқлолияти давлатӣ дар зарфи 30-соли ҳастии худ шараф, номус, фарҳангу тамаддун, арзишҳои миллӣ, давлатдории миллӣ ва ҳастии миллати тоҷикро ба ҷаҳон ошно сохт. Аз ашъори худ шеърҳои наву тозаэҷодро ба аҳли нишаст ҳадя сохта, ҳозиринро ба миллатдӯстӣ, меҳанпарастӣ, якпорчагии сарзамини кӯҳан ва худшиносию худогоҳӣ ва садоқат ба ватану миллат даъват намуд.

Дари интиҳо як қатор фаъолоне, ки иродаи сиёсии худро муайян намуда, ба аъзогии ҲХДТ қабул гардиданд, дар лаҳзаи тантанавӣ бо онҳо шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуда, як гурӯҳ фаъолон ба ифтихорнома ва сипосномаҳо қадрдонӣ гардиданд.









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

  • Август 2021
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
     1
    2345678
    9101112131415
    16171819202122
    23242526272829
    3031  
  • Архиви Моҳона

  • Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028