ВОХӮРӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “ХИЗМАТРАСОН”

29 август дар ташкилоти ибтидоии “Хизматрасон”-и ҶДММ “Олуча Авто” бо маъмурият ва ронандагони ин ширкат бахшида ба ҷашни соҳибистиқлолии кишвар маҷлиси ҳизбӣ баргузор гардид.

Дар Маҷлис, Раиси Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳияи Фирдавсӣ — Шоҳиён Абдураҳим Маҳмадулло, раиси ташкилоти ибтидоии “Хизматрасон”-и ҶДММ — “Олуча Авто” Саидзода Қурбон Тағай ва Раиси Кумитаи иттифоқи касабаи роҳ ва нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон — Нисо Бобоева иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар суханронии хеш Раиси Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳияи Фирдавсӣ — А. Шоҳиён маъмурият ва ронандагони ширкати “Олуча Авто”-ро ба 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуданд. Дар идомаи суханронии худ Абдураҳим Шоҳиён аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ёдовар шуданд. Хусусан дар самти беҳтар гардидани соҳаи хизматрасонӣ, аз ҷумла хизматрасонии нақлиётӣ дар кишвар, нақши бахши хусусӣ дар соҳаи хизматрасонӣ, рақобати бозори хизматрасонӣ ва дар ин замина беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба меҳмонон, сайёҳон ва сокинони кишвар қайд гардид. Таъкид карда шуд, ки имрӯз ҳар як корманди Ҷамъияти мазкур бо фарҳанг, маданият ва сатҳи одоби муоширату хизматрасониаш дар назди меҳмонон ва сайёҳон муаррифгари миллату давлат мебошад.

Сипас, чанд нафар аз маъмурият ва ронандагони ширкати “Олуча Авто”, ки ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пазируфта шуда буданд, дар вазъияти тантанавӣ шаҳодатномаи ҳизбӣ тақдим карда шуд.









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

  • Август 2021
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
     1
    2345678
    9101112131415
    16171819202122
    23242526272829
    3031  
  • Архиви Моҳона

  • Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028