Маҷлиси тантанавии “Ифтихори миллат” бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тибқи нақша-чорабинии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва барқияи электронии КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе оид ба сазовор пешвоз гирифтани 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниҳои идона дар ташкилотҳои ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гашта истодааст.

Аз ин лиҳоз дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ифтихори миллат”- и Бонки Миллии Тоҷикистон бо иштироки Раиси ташкилот Қурбонов Абдуғаффор, муовини Бонки миллии Тоҷикистон Накҳатзода Моҳбону Киромиддин ва муовини раиси КИ ҲХД ноҳияи Исмоили Сомонӣ Ҷурахонзода Ҷумахон иштирок намуданд.

Қурбонов Абдуғаффор меҳмононро ба ҳозирин муаррифӣ намуда, маҷлиси тантанавиро кушода эълон намуд. Сипас Накҳатзода Моҳбону оид ба дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ суханронӣ намуда, қайд намуд, ки маҳз дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷиҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари азизамон сулҳу субот ва ороми пойдору бардавом аст. Инчунин дар рафти маҷлис муовини Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи И.Сомонӣ —  Ҷурахонзода Ҷумахон оид ба дастовардҳои 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ суханронӣ намуд.

Дар фарҷом ба 20 нафар фаъолон, ки ба сафи ҳизб қабул гардидан шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд. Ҳамчунин ба як қатор аъзоёни фаъоли ҳизб бо сипоснома ва ифтихорнома КИ ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ сарфароз гардонида шуданд.









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

  • Август 2021
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
     1
    2345678
    9101112131415
    16171819202122
    23242526272829
    3031  
  • Архиви Моҳона

  • Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028