Маҷаллаи Wostok-и Берлин шумораи навбатии худро пурра ба Тоҷикистон бахшидааст

Дар остонаи таҷлили 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷаллаи олмониии Wostok шумораи навбатии худро дар ҳаҷми 80 саҳифа пурра ба Тоҷикистон бахшид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар шумораи махсуси маҷалла зери унвони «Тоҷикистон — сарзамини баландкӯҳ ва дорои фарҳангу таърихи пурғановат» паҳлуҳои мухталифи ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангии Тоҷикистон ва халқи тоҷик инъикос гардида, дар ин замина ба дастовардҳои кишвар дар замони истиқлол диққати бештар дода шудааст.

Ҳайати таҳририяи маҷалла дар ҳамкорӣ бо Сафорати Тоҷикистон дар Берлин ва вазорату идораҳои кишварамон дар 21 мавзӯи мукаммал таърихи ташаккули халқи тоҷик, анъанаҳо, раванди истиқлол ва ваҳдати миллӣ, ҳаёт ва фаъолияти шахсиятҳои маъруф, муаррифии зарфияти иқтисодиву саноатии Тоҷикистон ва шаҳру ноҳияҳои алоҳидаи он, мавзеъҳои сайёҳӣ ва таомҳои миллии онро бо сабку услуби хос инъикос намудааст.

Дар баррасии самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Тоҷикистон ба  «сиёсати дарҳои боз», узвияти кишвар дар созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, бахусус ташаббусҳои глобалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аҳамияти он ба ҷомеаи ҷаҳонӣ диққати бештар равона гардида, талошҳои Ҳукумати кишвар дар раванди амалисозии стратегияҳои муҳими кишвар, бахусус татбиқи «иқтисоди сабз» шоиста арзёбӣ шудааст.

Бо назардошти вазъи кунунии амнияти минтақа, кӯшишҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таъмини сулҳу субот ва талошҳои ӯ баҳри муқовимати дастҷамъонаи минтақа бар зидди чолишҳои замони муосир ба таври хос қайд шудаанд.

Шакли электронии маҷалларо метавонед бо суроғаи зерин дарёфт намоед:

www.botschaft-tadschikistan.de/Wostok

АКС аз ВКХ ҶТ









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

  • Август 2021
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
     1
    2345678
    9101112131415
    16171819202122
    23242526272829
    3031  
  • Архиви Моҳона

  • Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028