ИСТИҚЛОЛ ВА ҲИФЗИ САОДАТИ МИЛЛАТ. Андешаҳои раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ доир ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ

Маҳз ҳокимияти сиёсӣ, яъне давлат ҳамчун беҳтарин ва арзишмандтарин ташкилоти офаридаи инсоният заминаи асосии таъмини ҳама гуна пешрафт, нигоҳдорӣ ва муаррифии расму ойини миллӣ, забон, фарҳанг ва урфу одат маҳсуб ёфта, соҳибистиқлолӣ рамзи саодати миллат ва нишонаи пойдориву бақои давлат мебошад. Ин нуктаро раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Абдураҳим Шоҳиён дар матлабе, ки унвонии АМИТ «Ховар» ирсол доштааст, зикр менамояд.

Андешаҳои муаллиф дар идома манзури хонандагон мегарданд.

— Соли 2010 бо қарори иҷлосияи 34-уми Кумитаи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО Саразм ҳамчун яке аз қадимтарин маҳали аҳолинишин дар ҳудуди Тоҷикистон ба Рӯйхати мероси ҷаҳонӣ ворид гардид. Соли гузашта бар асоси қатъномаи вижаи ин Созмони бонуфуз 5500 -солагии Саразми бостонӣ таҷлил шуд. Баргузории ин ҷашн шаҳрдор, дафтардор ва соҳиби таърихи бою қадима будани миллати тоҷикро бори дигар ба ҷаҳониён собит намуд.

Баъди пошхӯрии давлати миллии тоҷикон Сомониён ва Ғуриён (соли 999 ва 1215) гарчанде тоҷикон арзишҳои миллии худро ҳифз ва пойдор нигоҳ доштанд, муддати зиёди таърихӣ (қариб нуҳсад сол) аз ҳокимият ва истиқлоли сиёсӣ бенасиб буданд. Албатта, ин давраи дуру дарози бедавлатиҳо ба рӯҳияи миллат бетаъсир намемонад. Ба хотири дарки сарчашмаи хатоҳо ва ҳақиқати таърих ин нуқтаро мо бояд донему эътироф намоем.

Истиқлоли давлатӣ чун рамзи гӯёи миллати соҳибхираду озодандеш неъмати бебаҳову беқиёс барои халқи Тоҷикистон буда, акнун мардуми кишвар сиюмин солгарди онро бо шукўҳу шаҳомат таҷлил менамоянд. Роҳи тайнамудаи миллати тоҷик дар тӯли сӣ соли соҳибистиқлолӣ шебу фарози зиёде дошт. Неъмати соҳибистиқлолӣ боиси ифтихору сарбаландии ҳар фарди кишвар аст. Дар навбати худ ҳифзу пойдории он масъулияти баланди шаҳрвандӣ тақозо менамояд. Зеро инсоният дар замони муосир баробари ноил гардидан ба дастовардҳои нав ба нав бо хатарҳои зиёде рӯ ба рӯ аст. Ин хатарҳо ҳамарӯза ба орзуҳои аслӣ ва ҳамешагии инсоният, аз қабили сулҳу субот, оромӣ, тарзи ҳаёти шоиста, умед ба зиндагии имрӯза ва ояндаи нек, таҳдид менамоянд. Кишвари мо низ ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ аз таҳдиди ин хатарҳо берун буда наметавонад. Зарур аст, ки дар ҳама ҳолат неъматҳои бебаҳои худ-соҳибистиқлолӣ ва ваҳдату ягонагии миллатро чун гавҳараки чашм нигоҳ дорем. Бар зидди ҳама гуна хатарҳои ҷаҳони муосир сипари боэътимод дошта бошем. Дар давраи босуръат тағйир ёфтани вазъи геосиёсӣ, геоиқтисодӣ ва технологии ҷомеаи ҷаҳонӣ моро зарур аст, ки рушди иқтисодии устувор ва амнияти миллиамонро мунтазам таъмин намоем.

Рушду пешрафти иқтисодию иҷтимоии ҳар кишвар аз рӯйи меъёрҳои байналмилалӣ аз мавқеи ҷойгиршавӣ, релеф, мавҷудияти захираҳои табиӣ, ба хусус маводи сузишворӣ, мавҷудияти бандари обӣ, суботи сиёсӣ ва вазъи иқтисодии кишварҳои ҳаммарз ва ғайра вобаста аст.

Дар ин радиф, Тоҷикистон релефи ноҳамвор дошта, 93 фоизи ҳудуди кишвари мо кӯҳсор аст. Аз ҳисоби набудани маводи сӯхт ба мушкилот рӯ ба рӯ ҳастем. Вазъи ноороми ҳамсоякишвари мо-Афғонистон, ки дар масофаи қариб якуним ҳазор километр ҳаммарз ҳастем, барои баромадан ба бандарҳои обӣ ва бозорҳои ҷаҳонӣ монеа эҷод намуда, ҳарсола хароҷоти давлатро барои ҳимоя аз хатарҳои ҷаҳони муосир зиёд менамояд. Бо чунин воқеият, таъмини рушди устувори иқтисодӣ кори басе мушкил аст. Бо назардошти қариб даҳ соли аввали бесуботии кишвар ва вазъи тағйирёбандаи сиёсии минтақа ва ҷаҳон ноил гардидан ба чунин дастовардҳои имрӯза боиси шукргузорӣ ва қаноатмандӣ аст. Инчунин зуҳуроте, ба мисли буҳронҳои иқтисодию молии ҷаҳонӣ, офатҳои табиӣ аз тағйирёбии иқлим ба миёномада ва бемории сироятии Ковид-19, ки пешгӯинашаванда ҳастанд, ба иқтисоди сатҳи ҷаҳонӣ дар умум ва ба рушди иқтисодии кишварҳо дар алоҳидагӣ таъсири манфӣ мерасонад. Танҳо аз ҳисоби тағйирёбии иқлими сайёра иқтисоди кишвари мо ҳарсола садҳо миллион доллари амрикоӣ зарар мебинад (танҳо имсол офатҳои табиии дар шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Панҷакент, Муъминобод, Ш.Шоҳин, Вахш, Ёвон, А.Ҷомӣ хисороти зиёди иқтисодӣ расониданд). Гарчанде саҳми Тоҷикистон дар партовҳои газҳои гулхонаӣ ва карбон ба атмосфера бисёр ночиз аст. Ин мушкилот аслан аз ҳисоби истифодаи ангишту дигар сарчашмаҳои энергияи таҷдидшаванда дар иқтисоду саноати дигар давлатҳо ба миён меояд.

Дар давраи соҳибистиқлолӣ аслан давлату Ҳукумат қадамҳои устувори худро дар самти рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар ва зина ба зина беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии мардум аз солҳои 2000-ум то ба имрўз гузошт. Даҳ соли аввали соҳибистиқлолии кишвар сарфи хомўш кардани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, баргардонидани гурезаҳо, барқарор намудани рукнҳои давлатдорӣ ва Қувваҳои мусаллаҳ гардид.

Рушди иқтисодию иҷтимоӣ дар давраи Иттиҳоди Шуравӣ миёни ҷумҳуриҳо ба мисли занҷира таъмин мешуд. Истеҳсолоти саноатӣ вобаста ба мавҷудияти ашёи хом ва бозори меҳнат ба роҳ монда мешуд. Бо соҳибихтиёр гардидани ҷумҳуриҳо ин занҷираҳо канда шуд. Ҳар як кишварро лозим омад, ки роҳи ҳалли мушкилоти худро ҷустуҷӯ намуда, рушди иқтисодии худро вобаста ба имконияти мавҷуда таъмин намояд.

Бо замми мушкилоти хоси давраи гузариш, Тоҷикистони тозаистиқлол ғайричашмдошт ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ мубтало гардид. Ҷанги шаҳрвандӣ вазъи норасоии қувваи барқ, номувозинатии бозори меҳнат ва ҳолати танқисӣ аз маводи хӯрокворӣ дар кишварро якбора бадтар намуд. Аксарияти корхонаҳои саноатӣ бо нарасидани ашёи хом аз кор монда, номувозинатии бозори меҳнат ба миён омад. Дар баробари яъсӯ ноумедӣ ва мушкилоти зикргардида, кишвари моро хатари ба қисматҳо ҷудо шудан ва азбайнравии давлати тозаистиқлолӣ тоҷикон таҳдид менамуд.

Душманони миллат бо таъсири қувваҳои берунӣ дар баробари дигар омилҳо бештар истифода аз эътиқоди динии шаҳрвандон тавонистанд мардумро ба сангарҳо ҷудо намоянд. Иттиҳоди Шуравӣ, ки як идеалогияи пӯшидаю атеистиро дар бар дошт, иҷрои рукнҳои диниро барои мардум маҳдуд намуда буд. Баъди трансформатсияи ҷамъиятӣ ин маҳдудиятҳои динӣ аз байн рафт. Дар аксар ҷумҳуриҳои собиқи Шуравӣ иттиҳоду ҷиноҳҳои зиёде пайдо гардиданд, ки бештар ба шуури динии шаҳрвандон такя менамуданд. Дар кишвари мо низ чунингурӯҳҳо пайдо шуданд, ки ҳадафҳои сиёсии худро зери байрақи дини мубини Ислом роҳандозӣ менамуданд. Ин гурӯҳҳо аслан аз хориҷи кишвар маблағгузорӣ мегардиданд. Дар кишварҳои аксари аҳолиашон мусалмонишин истифода аз эътиқод ва сатҳи баланди таассуби динӣ омили муҳим ҷиҳати ҷудоиандозӣ ва бесарусомонӣ маҳсуб меёбад. Дар баробари дигар омилҳо, фарҳанги нокифояи сиёсӣ ва сатҳи баланди таассубу хурофоти динии баъзе афроди ҷомеа яке аз сабабҳои аслии ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвари мо мебошад. Дар умум, баробари хисороти ҷонию молии хеле зиёд ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ рушду пешрафти кишвари моро якчанд даҳсола ба қафо партофт.

Яке аз арзишмандтарин дастоварди даврони соҳибистиқлолӣ- ин дар Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби вакилон интихоб гардидани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шӯрои Олӣ (Роҳбари давлати ҳамонвақта) ба шумор меравад. Аз аввалин суханрониҳои ин шахсияти бузурги таърихӣ умед ба ояндаи неки миллату давлат дар дили мардуми кишвар шуълавар гардид. Таърих гувоҳ аст, ки маҳз шахсиятҳои бузург ва назаркарда (субъекти сиёсӣ, роҳбари сиёсӣ) дар ҳолатҳои ногувор ҷиҳати аз вартаи нестӣ наҷот додани давлату миллат нақши арзанда доранд. Ин далел ба муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва давлати тозаистиқлоли тоҷикон дар солҳои 90-уми асри гузашта хос аст. Бо заҳматҳои пайваста ва хастагинопазири муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон такя ба хиради азалии миллати тоҷик дар муддати кӯтоҳи таърихӣ оташи ҷанги шаҳрвандӣ хомӯш гардид. Муҳимияти мавзӯи Роҳбари сиёсӣ ба таври возеҳ дар эҷодиёти бузургтарин олимони дунё омӯзиш, таҳқиқ ва хулосабарорӣ гардида, далели исботшуда аст.

Новобаста ба мушкилоти сиёсию иқтисодӣ ва вазъи сиёсии минтақа ва ҷаҳон дар тӯли сӣ соли соҳибистиқлолӣ кишвари мо ба дастовардҳои назаррас ноил гардид.

Бояд тазаккур дод, ки сохтани давлати навини миллии тоҷикон аз рӯйи ақлу хирад, тасаввурот ва таҳлили воқеияти гузаштаю рӯзмарра, бо назардошти вазъи сиёсии минтақаю ҷаҳон аз ҷониби Пешвои миллат, Президенти кишвар, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вуқӯъ пайваст. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сулҳофаринӣ миёни ҷомеаи кишвар маҳбубияти хосса пайдо намуда, ҳамчун рамзи иттиҳоду сарҷамъии халқу миллат эътироф гардид. Бо сулҳофаринӣ ва ташаббусҳои беназираш дар ҳалли мушкилоти сатҳи ҷаҳонӣ хислатҳои наҷибу инсондӯстонаи миллати тоҷикро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намуд. Хизматҳои шоёни ин шахсияти бузурги таърихиро ба нафъи миллату давлат ҳар як фарди кишвар бояд дарк намуда, қадрдонӣ кунад ва ба насли наврас фаҳмонида тавонад.

Роҳи тайнамудаи Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ дар қиёс ба давраи Иттиҳоди Шуравӣ бо хусусиятҳои созандагию ободкорию шукуфоиҳо, эҳёи расму ойинҳои миллӣ ва урфу одат, дастовардҳои назарраси иқтисодию иҷтимоӣ, муаррифии таъриху тамаддуни миллӣ ба ҷаҳониён, мактаби нави давлатдорӣ ва ҷойгоҳи намоён дар ҳалли масоили муҳимми инсоният тафовут дорад.

Татбиқи сиёсати сулҳҷӯёна, маорифпарварона, рӯй овардан ба қишри ҷавони кишвар, баланд бардоштани мақому манзалати зан дар ҷомеа ва бо ин васила рушди сармояи инсонӣ, ташаккули ҷомеаи шаҳвандӣ, таъмини волоияти қонун ва фароҳам овардани фазои мусоиди қонунгузорӣ тавассути таъсиси парламенти касбӣ, роҳандозии сиёсати прагматикӣ дар самти муносибатҳои байналмилалӣ ва муайян намудани ҳадафҳои стратегии миллӣ аз ҷониби Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омилҳои муҳими дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ маҳсуб ёфта, татбиқи натиҷаҳои назарраси он ҳаррӯза мушоҳида мегардад. Дар ин росто, нақши Паёмҳои Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣҷиҳати ба таври муъҷаз таҳлил, баррасӣ ва амалӣ намудани сиёсати дохилию хориҷии кишвар бо истифодаи самараноки тамоми имконият ва дар ин замина таъмини пешрафти давлат тайи ду даҳсола муҳим арзёбӣ мегардад. Заминаи назариявии рушду тараққиёти давлатдории тоҷикон аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузошта шуда, амалияи он зина ба зина таъмин гардида истодааст. Муайян гардидани ҳадафҳои стратегии давлат аз қабили истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ омилҳое буданд, ки натиҷаи назаррасро дар рушди иқтисодии кишвар гузоштанд.

Ба истифода додани силсиланеругоҳҳои барқии обии хурду миёна ва таъмиру тармими неругоҳҳои амалкунанда маҳдудияти истифодаи барқро барои аҳолӣ дар давраи тирамоҳу зимистон пурра аз байн бурда, барои саноатикунонии босуръати кишвар ҳамчун ҳадафи чоруми миллӣ заминаи мусоид гузошт. Оғози сохтмони неругоҳи барқии обии Роғун қаҳрамонии навбатии халқи Тоҷикистон баъди соҳибистиқлолӣ ва сулҳофаринӣ маҳсуб ёфта, бо пурра ба кор андохтани ин нерӯгоҳ дар баробари комёб шудан ба истиқлолияти томи энергетикӣ, мо дар қораи Осиё ба яке аз кишварҳои содиркунандаи энергияи сабз табдил меёбем. Ин иншооти азими аср метавонад дар пешгирии тағйирёбии иқлим, ки яке аз мушкилоти сайёра мебошад, саҳм гузорад. Кишварҳои минтақа ва умуман Осиё истифода аз ин нерӯи аз ҷиҳати экологӣ тоза дар иқтисодиёти худ метавонанд партови газҳои карбон ва гулхонаиро ба атмосфера кам намоянд. Аз рӯйи меъёрҳои байналмилалӣ, истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бо истифода аз нерӯи аз ҷиҳати экологӣ тоза тафовут дорад. Дар ин замина, зиёда аз 95 фоизи истеҳсолоти саноатӣ дар кишвари мо тавассути энергияи сабз ба роҳ монда шудааст. Дар даврони Истиқлолият низоми ягонаи энергетикӣ ташкил карда шуда, якчанд зеристгоҳҳои барқии баландшиддат сохта шуда, сохтмони интиқоли хатҳои баландшиддат (CASA-1000) ба хориҷи кишвар идома дорад.

Роҳандозӣ намудани саноатикунонии босуръат тавассути фароҳам омадани имкониятҳои энергетикӣ (гузаштан аз низоми аграрӣ-индустриалӣ ба индустриалӣ-аграрии рушд) мо метавонем якчанд масъалаҳои муҳими ҳаёти кишварро ҳал намоем. Таъсиси корхонаҳои истеҳсолӣҷиҳати ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, коҳиши муҳоҷирати меҳнатӣ, нигоҳдории қурби пули миллӣ ва дар ин замина зина ба зина баланд гардидани сатҳи иҷтимоиёти шаҳрвандон мусоидат намуда, тибқи меъёрҳои муайянгардида ҳиссаи соҳаи саноат дар Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) то соли 2030 ба 21 фоиз расонида мешавад.

Нишондиҳандаҳои макроиқтисодиро агар дар даҳсолаи охир (солҳои 2011-2020) таҳлил намоем, рӯ ба афзоиш қарор дорад. Дар ин давра, Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 30,07млрд. сомонӣ ба 82,54 млрд.сомонӣ зиёд гардид. Рушди ММД дар солҳои 2011-2020 дар сатҳи зиёда аз 7 фоиз таъмин карда шуд. Пасандозҳои аҳолӣ бошад аз 2,24 млрд.сомонӣ ба 5,34 млрд.сомонӣ расид. Сатҳи камбизоатӣ дар кишвар аз наздики ҳаштод фоизи солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба 23 фоиз поён оварда шуд. Ҷалбу нигоҳ доштани сармоя дар кишвар нишонаи баланди фарҳанги миллӣ маҳсуб ёфта, фазои мусоиди сармоягузорӣ муҳайё гардид. Дар соҳаҳои калидии иқтисодиёти кишвар ҳарсола миллардҳо сомонӣ сармояи мустақими хориҷию дохилӣҷалб гардида истодааст. Воридоти баъзе маҳсулоти саноатӣ (аз ҷумла семент) пурра аз байн бурда шуд. Истеҳсоли гӯшту тухми паранда зиёд гардида, воридоти он сол ба сол коҳиш ёфта истодааст ва бо зиёд гардидани сохтмони ин навъи корхонаҳо дар солҳои наздик воридоти маҳсулотӣ гӯшти мурғ ва тухм пурра қатъ мегардад.

Бо ба истифода додани роҳҳои дорои аҳамияти байналмилалӣ ва ҷумҳуриявї ва пулу нақбҳо дар даврони соҳибистиқлолӣ ҳадафи стратегии миллии мо- баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ таъмин гардид. Ин ҳадафи стратегӣ ҷиҳати таъмини рушди боустувори иқтисодӣ нақши муҳим дорад.

Амнияти озуқаворӣ ва бо ғизои хушсифат таъмин намудани аҳолӣ яке аз масоили калидӣ дар сиёсати роҳбарияти давлату Ҳукумат ба шумор меравад. Бо дарназардошти зиёда аз 93 фоиз кӯҳсор будани ҳудуди кишвар азхуд намудани заминҳои нав, обёрӣ намудани заминҳои лалмӣ ва аз як замин гирифтани ду ва се ҳосил пайваста дар Паёмҳои Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ ва зимни сафарҳои Роҳбари давлат ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ таъкид мегардад. Дар соли фарогирии пандемияи Ковид-19 ин ҳадафи миллии мо ҳатто дар арсаи ҷаҳон муҳиммият пайдо намуд. Аз соли гузашта то инҷониб ҳар як кишвар мекӯшад, ки сараввал шаҳрвандони худро бо маводи ниёзи аввал таъмин намояд. Содироти маҳсулоти озуқаворӣ аз ҷониби бисёр кишварҳо дар ин давра маҳдуд карда шуд. Иқтисодиёти ҷаҳонӣ, ки тавассути мубодилаи молу коло, сайёҳати дохилию берунӣ, рафтуомади ҳавоию заминӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ, муҳоҷирати меҳнатии дохилию хориҷӣ миёни кишварҳо таъмин карда мешавад, бо зуҳури пандемияи Ковид-19 коҳиш ёфт. Танҳо дар соли 2020 Маҷмӯи маҳсулоти ҷаҳонӣ зиёда аз 5 фоиз кам гардид. Тоҷикистон ҷузъи ҷудонашавандаи иқтисодиёти ҷаҳонӣ аз таъсири ин зуҳурот албатта берун буда наметавонад.

Бо зина ба зина амалӣ гардидани ҳадафҳои стратегӣ ва Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 (СМР-2030) сатҳи таъмини иҷтимоии мардум рӯз ба рӯз беҳтар гардида истодааст. Таҳияи СМР-2030 (соли 2016), ки дар асоси Барномаи Рушди Созмони Миллали Муттаҳид ба роҳ монда шуда, тавассути принсипҳои превентивӣ (тадбирҷӯӣ, коҳишдиҳии осебпазирии рушди оянда), индустриалӣ (баланд бардоштани самаранокии истифодаи захираҳои миллӣ) ва инноватсионӣ (рушд дар асоси навовариҳо дар ҳамаи соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии кишвар ) амалӣ карда мешавад.

Танҳо дар се соли охир ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни сӣ солагии Исиқлолияти давлатӣ дар ҷумҳурӣ бунёду таъсиси зиёда аз бисту панҷҳазор иншооти аксар бо таъиноти иҷтимоӣ ба нақша гирифта шуда, то ба имрўз бахше мавриди истифода қарор дода шуда, сохтмони бахши дигар дар ҳоли ба анҷом расидан аст.

Дар ин радиф, сохтмони иншооти соҳаи илму маориф (муассисаҳои томактабӣ, таҳсилоти миёнаи умумӣ, миёнаи касбию махсус ва олӣ) ва тандурустӣҷиҳати рушди сармояи инсонӣ нақши муҳим доранд. Дастрасӣ ба таълим (беҳтар кардани сифатнокии таълим) яке аз нишонаҳои аслии рушди сармояи инсонї аст, ки дар сиёсати роҳбарияти давлату Ҳукумат мавқеи калидӣ дорад. Дар Паёмҳои Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ низ ҳамасола ба ин масъала диққати ҷиддӣ зоҳир гардида, бо зина ба зина амалӣ шудани нақшаю барномаҳои давлатӣ, консепсияҳо,стратегиявуҳадафҳои миллӣ Тоҷикистон то соли 2030 (бо назардошти тибқи СМР-2030 аҳолии кишвар ба зиёда аз 11,5 млн. нафар афзоиш ёфта, дарозумрии аҳолӣ ба 82,2 сол мерасад) ба кишвари дорои иқтисодиёти рушдкарда табдил ёфта, ҳиссаи аҳолии табақаи миёна дар кишвар ба зиёда аз 50 фоиз расонида мешавад. Барои роҳандозии чунин афзалиятҳо институтҳои ҳамоҳангсоз, мақомоти идоракунии давлатӣ, ҷомеаи соҳибкорӣ ва шаҳрвандӣ нақши муҳим доранд. Фаъолияти ниҳодҳои мазкур дар низоми миллии баҳодиҳӣ ва ояндабинии рушд, муайян намудани вазифаҳои кутоҳмуҳлат ва дарозмуҳлат ва мутаносибан нақшаҳои татбиқи онҳо асос меёбад.

Албатта, ҳамаи ин нақшаю ниятҳои нек бо шарофати истиқлолу озодӣ дар заминаи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва иттиҳоду сарҷамъӣ тавассути заҳмати софдилонаю содиқонаи мардуми кишвар зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ мегарданд.

                                                   АКС: АМИТ «Ховар»









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

  • Август 2021
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
     1
    2345678
    9101112131415
    16171819202122
    23242526272829
    3031  
  • Архиви Моҳона

  • Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028