АРГУЗОРИИ МИЗИ МУДАВВАР ДАР МАВЗӮИ “БЕМОРИҲОИ САРАТОНИ УЗВҲОИ ЗАНОНА. ТАШХИСИ БАРМАҲАЛ ВА ДАСТРАСӢ БА ТАБОБАТ”

Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Кумитаи миллӣ оид ба нуфуси аҳолӣ ва рушд, сафири некуирода оид ба бемории саратони ғадуди ширӣ Хайринисо Юсуфӣ ва роҳбари ташкилоти ҷамъиятии “Авесто” Фирӯза Абдуллаева дар ҳамоҳангӣ бо шарикони рушд дар мавзӯи “Бемориҳои саратони узвҳои занона. Ташхиси бармаҳал ва дастрасӣ ба табобат” мизи мудаввар баргузор гардид.Ширкаткунандагони мизи мудаввар – аъзои Кумитаи миллӣ оид ба нуфуси аҳолӣ ва рушд аз ҳисоби намояндагони Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, як қатор корпусҳои дипломатӣ, муовинони аввал ва муовинони вазирон, раисон ва муовинони раиси кумитаҳо, ҳизбҳои сиёсӣ, намояндагони кишварҳои ҳамшарик, созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла USAID, JICA, Созмони ҷаҳонии тандурстӣ, ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти кушода» — Бунёди Мадад дар Тоҷикистон, СММ-Занон, Бонки ҷаҳонӣ, беморони гирифтори саратон дар баромадҳои худ таъкид намуданд, ки яке аз масъалаҳои нигароникунандаи соҳаи тандурустӣ дар ҷомеа афзоиши бемории омосҳои бадфарҷоми узвҳои занона ва мушкилоти дастрасии табобат ба он маҳсуб меёбад. Ҳадаф аз баргузории чорабинии мазкур ҷалби шарикони рушд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ба масъалаҳои беҳтар намудани вазъи пешгирӣ, дарёфти бармаҳали омосҳои бадфарҷоми узвҳои занона, аз ҷумла саратони ғадуди ширӣ ва бачадон ба ҳайси яке аз бемориҳои мураккаби замони муосир, инчунин дастрасӣ ба табобат, новобаста ба синну сол, омӯзиши таҷрибаҳои пешрафтам ҷаҳонӣ оид ба адвокатсияи саратони узвҳои занона мебошад. Афзоиши бемориҳои саратонӣ ва мушкилоти он дар ҷаҳон яке аз монеаҳои рушди имкониятҳо ва шукуфоии инсон аст. Бемории саратон муаммои ҷаҳонӣ буда, ҳар ҳаштумин нафар одам саратон дар дунё аз ин беморӣ мефавтад. Агар дар солҳои 90-ум дар ҷаҳон ҳамасола то 8 миллион одам аз саратон фавтида бошанд, дар солҳои 2000-2020 шумораи фавтидагон ҳамасола то 9,6 миллион нафар расидааст. Ташхисҳое, ки дар сатҳи ҷаҳонӣ гузаронида шуданд, нишон медиҳанд, ки нисбат ба солҳои 90-и асри гузашта ҳоло аз се як ҳолати бемории саратониро пешгирӣ намудан мумкин аст. Агар ин муаммо дар сатҳи ҳар як кишвар ҳал нашавад, тибқи таҳлилҳо, то соли 2030 ҳолатҳои фавт аз саратон ҳамасола то ба 13 миллион нафар мерасад. Дар низоми фавти калонсолон фавт бо сабаби бемориҳои саратонӣ дар ҷои дуввум мебошад. Ҳар сол дар ҷаҳон тавассути пешгирӣ, ташхиси бармаҳал ва дастрасии табобати саривақтии бемориҳои саратонӣ метавон то 3,7 миллион одамро наҷот дод.Яке аз омилҳои асосие, ки ба саратон мусоидат мекунад, синну соли баланд мебошад. Бо болоравии синну сол эҳтимоли пайдоиши бемориҳои онкологӣ меафзояд. Аз се ду ҳиссаи беморони саратонӣ дар ҷаҳон одамони синни солашон аз 65 боло ҳастанд.Дар идомаи кори мизи мудаввар таъкид гардид, ки шакли маъмултарини бемориҳои саратонии занона саратони ғадуди ширӣ ва саратони гарданаки бачадон мебошад. Фоизи занони гирифтори бемориҳои саратонӣ дар ҷаҳон 4,7 миллионро ташкил медиҳад, ки 23% онро саратони ғадуди ширӣ. Ҳар сола дар ҷаҳон зиёда аз 1,15 миллион ҳолатҳои нави саратони ғадуди ширӣ ба қайд гирифта мешавад.Ин маълумотҳои омории ҷаҳонӣ ва пешгӯиҳо зарурати андешидани амалҳои фавриро алайҳи мубориза бо ин бемориҳои саратонии занона тақозо мекунад, ки ба ҳама ҷомеаҳои ҷаҳон новобаста аз сатҳи иқтисоди давлат, ҳатто дар кишварҳои сарватманд бе истисно таъсири манфӣ мерасонад. Хароҷоти рӯз аз рӯз афзояндаи марбут ба мубориза алайҳи бемориҳои саратонӣ ба низоми тандурустӣ ва умуман давлат бори гарон буда, мушкилотҳои зиёдеро пайдо мекунад.Омилҳои фароҳам овардани имкониятҳои дастрасӣ ба профилактикаи (пешгирӣ) бемориҳои саратонӣ, скрининг (дарефти бармаҳали бемориҳои саратонӣ), муолиҷаи муассир ва дастрас дар кишварҳои рӯ ба рушд оваранда, барои паст кардани сатҳи нишондодҳои фавти одамон аз бемориҳои саратонӣ ба таври назаррас мусоидат мекунад.Дар ҷумҳурӣ як қатор санадҳо таҳия ва қабул карда шудаанд, аз ҷумла Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси тандурустӣ, Стратегияи миллии пешгирии бемориҳои ғайрисироятӣ ва осебпазирӣ барои солҳои 2013-2023, Стратегияи солимии аҳолӣ барои солҳои 2020- 2030, Барномаи давлатии кӯмаки паллиативӣ, Меъёрҳои дастрасии кӯмаки паллиативӣ ба аҳолии Тоҷикистон ва дигар ҳуҷҷатҳои расмӣ ба тасвиб расид, ки ба мубориза алайҳи бемориҳои саратонӣ равона шудаанд.Дар ҷараёни мизи мудаввари аъзои кумитаи миллӣ оид ба нуфуси аҳолӣ ва рушд масъалаҳои пешгирии муассир ва мубориза алайҳи саратонро дар мисолҳои бемориҳои саратонии занона, таъмини дастрасӣ ба кӯмаки саратонӣ новобаста ба синну сол ва муқаррар кардани афзалиятҳоро барои фарогирии ҳамаҷониба бо хидматрасонии тандурустӣ, муайян намудани монеаҳои мавҷуда ва роҳҳои ҳалли онҳоро мавриди баррасӣ қарор доданд.Ширкаткунандагони ҳамоиш таъйид намудаанд, ки бемории КОВИД-19 дар тамоми чаҳон сабаби коҳишёбии муроҷиат, ташхис ва табобати бемории саратон шудааст. Дар ин ҳолат омор нишон медиҳад, ки шахсони гирифтори ин беморӣ саривақт аз муоина намегузаранд, аз чораҳои пешгирии саратон истифода намекунанд ва ё ба онҳо дастрасӣ надоранд. Дар натиҷа, дар ҳолати вазнин ба муассисаҳои тиббӣ муроҷиат менамоянд, ки табобати онҳоро хеле мураккаб мегардонад.Ширкаткунандагони ҳамоиш тасмим гирифтанд тадбирҳои ташкилӣ ва амалие, ки бо мақсади паст кардани шиддати беморӣ ва фавт аз саратони узвхои занона, дар ин замина пешгирӣ, ташхис ва дарёфти бармаҳали беморӣ, дастрасӣ ба ташхиси саривақтӣ, табобат (кимиёдармонӣ, шуоъдармонӣ, ҷарроҳӣ) тақвият дода шавад ва мавриди дастгирии ҳамаҷониба қарор бигирад.Ширкаткунандагони мизи мудаввар омодагии хешро оид ба расонидани кӯмаки ҳамаҷониба дар амалисозии барномаҳое, ки дар бахши беҳтар намудани вазъи саломатии аҳолӣ, пешгирӣ, ташхис ва дарёфти бармаҳали нишонаҳои беморӣ ва табобати бемориҳои саратон, хоса саратони узвҳои занона, баланд бардоштани сатҳи зиндагии онҳо мусоидат менамояд, таъкид намуданд.Дар охири мизи мудаввар муроҷиатнома (резолютсия) қабул гардид

.









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

  • Август 2021
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
     1
    2345678
    9101112131415
    16171819202122
    23242526272829
    3031  
  • Архиви Моҳона

  • Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028