ДАВРИ ДУЮМИ МУСОБИҚАИ ФУТБОЛИ ХУРД БАРОИ ДАРЁФТИ «ҶОМИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

Дар доираи чорабиниҳои ҷашнӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Федератсияи футболи Тоҷикистон, ҷиҳати ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҷалби шаҳрвандони мамлакат ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, тарғиби васеи бозии футбол дар байни аҳолии кишвар, мустаҳакам намудани робитаи дӯстӣ, таъмини иҷрои “Барномаи рушди футбол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017 — 2021” дар кишвар мусобиқаҳои футбол деҳа ба деҳа баргузор гардида истодааст.

Дар ин росто Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳияи Фирдавсӣ марҳилаи 2-юми мусобиқа миёни дастаҳои ғайрикасбии шаҳраку маҳаллаҳои ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе аз санаи 11 то 25 августи соли ҷорӣ баргузор намуд. Бояд ёдовари намуд, ки аз 10 июли соли ҷорӣ то 5 август миёни дастаҳои шаҳраку маҳаллаҳои ноҳия марҳиллаи 1-уми мусобиқа баргузор гардида, беҳтарин дастаҳои шаҳраку маҳаллаҳои ноҳияи Фирдавсӣ ба даври ноҳиявӣ роҳхат гирифтанд.

Бояд зикр намуд, ки имрӯз даври 2-юми мусобиқаи футболи хурд чунин ҷамъбаст гардид:

Ҷойи 1-ум маҳаллаи Ором

Ҷойи 2-юм маҳаллаи Дарвоз

Ҷойи 3-юм маҳаллаи Ҳосилот

Дар чорабинии ҷамъбастӣ Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ — Абдураҳим Шоҳиён ва мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе — Ҳомидзода Насимҷон иштирок намуданд.

Сараввал Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ- Абдураҳим Шоҳиён баромад намуда, ҳаммаи иштирокдоронро ба фаро расидани ҷашни бузурги миллӣ табрик намуда, қайд кард: “Бо шарофати соҳибистиқлолии кишвар ва дастгириву ғамхориҳои роҳбари ҷавонпарвар, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббусҳои созандаи Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе майдончаҳои варзишӣ барои тарғиби тарзи ҳаёти солим ба истифода дода шуда, ба хотири оммавигардонии футбол дар байни аҳолӣ футболи ғайрикасбӣ дар шаҳраку маҳаллаҳои кишвар бо ташаббуси Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба хотири сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолиятии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон” эълон гардид.

Дар идома Абдураҳим Шоҳиён ғолибони даври ноҳиявиро табрик намуда, барои пурзур намудани ҳайати бозингарон ва ғолиб шудан дар даври 3-юми шаҳрӣ бо дастовардҳои нав ҳидоят намуд.

Инчунин мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе — Ҳомидзода Насимҷон баромад намуда, қайд намуд, ки имрӯзҳо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳати рушди соҳаи варзиш ва дар ин замина сохта ба истифода додани майдончаҳои варзишӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ зиёд гардидааст, ки ин ҳама бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Дар охир ғолибони мусобиқаро бо сипосномаву мукофотҳои Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳияи Фирдавсӣ қадрдонӣ намуданд.









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

  • Август 2021
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
     1
    2345678
    9101112131415
    16171819202122
    23242526272829
    3031  
  • Архиви Моҳона

  • Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028