ҚАСРИ ЕЛИСЕЙ: Эммануэл Макрон Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро барои анҷоми сафар ба Фаронса даъват кард

Тавре қаблан хабар дода будем, 25 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Фаронса муҳтарам Эммануэл Макрон суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

26 август дар сомонаи расмии Қасри Елисей (Маъмурияти Президенти Фаронса) муҳтавои ин суҳбат интишор гардид, ки АМИТ «Ховар» онро пешкаши хонандагон мекунад.

«Суҳбат бо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Президенти Ҷумҳурии Фаронса бо ҳамтои тоҷики хеш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзи чоршанбеи 25 август суҳбати телефонӣ анҷом дод. Ӯ Президенти Тоҷикистон ва мардуми тоҷикро ба муносибати 30-солагии Истиқлоли давлатии ин кишвар, ки таҷлилаш 9 сентябри соли 2021 дар назар аст, табрик гуфт. Ӯ аз сатҳу сифати муколама миёни Фаронса ва Тоҷикистон изҳори хушнудӣ карда, иродаи хешро ҷиҳати рушду таҳкими бахшҳои нави ҳамкорӣ, хусусан дар масъалаи сарҳадот баён намуд.

Ҳарду роҳбари давлат вобаста ба вазъ дар Афғонистон нигаронии амиқ зоҳир карда, роҷеъ ба ҳолати паноҳандагони афғон ва инчунин пайомадҳои ба сари ҳокимият омадани “Толибон” дар Кобул табодули афкор намуданд. Мусоҳибон оид ба идомаи ҳамкорӣ ба манзури таъмини суботу амнияти минтақавӣ ба тавофуқ расиданд. Президенти Ҷумҳурии Фаронса Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро барои анҷоми сафар ба Фаронса даъват кард. Ӯ меҳмони олиқадрро 13 октябр ба ҳузур хоҳад пазируфт».

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

  • Август 2021
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
     1
    2345678
    9101112131415
    16171819202122
    23242526272829
    3031  
  • Архиви Моҳона

  • Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028