ЧИСТ ИСТИҚЛОЛ? Нуқтаи назари профессор Абдураҳмон Муҳаммад доир ба ин мавзуъ дар арафаи ҷашни бузурги миллии мо

Истиқлол озодии иродаи миллӣ, шаъну шараф, қудратмандӣ ва яке аз рукнҳои асосии ҳастии ҳар давлати мустақил мебошад. Дар ҷаҳони муосир вобаста ба он таҳаввулоте, ки дар арсаи муносибатҳои байналмилалӣ ба амал омада истодааст, мазмуну мундариҷаи истиқлол тағйироти муайян касб менамояд. Новобаста ба ин, истиқлол арзишест, ки решаи асосии он аз истиқлоли шахс ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ иборат мебошад. Ин гуна тавсиф намуд вожаи муқаддаси Истиқлолро узви вобастаи АМИТ, доктори илмҳои  сиёсӣ, профессор Абдураҳмон МУҲАММАД дар суҳбат бо АМИТ «Ховар». Давоми суҳбати ӯро дар зер манзур менамоем.

Имрӯз нигаҳдорию эҳтирому эътирофи истиқлоли давлатии мо бузургтарин арзиши миллӣ ба шумор меравад. Мо бояд тамоми дастовардҳои замони соҳибистиқлолиро ба хотири дар амал татбиқ намудани ҳадаф ва идеяҳои миллӣ ҳамчун дастоварди бузурги аср ба Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва  истиқлоли сиёсии давлат вобастаю пайваста баррасӣ  намоем.

Истиқлол ҳамчун падидаи иҷтимоию сиёсӣ навъҳои гуногун дорад, аммо байни онҳо истиқлоли сиёсӣ, истиқлоли давлатӣ ва истиқлоли иқтисодии кишвар муҳимияти махсус доранд. Мафҳуми «истиқлоли сиёсӣ» нисбат ба мафҳуми «истиқлоли давлатӣ» васеътар буда, ҳодисаҳои гуногуни ҳаёти сиёсии ҷомеаро фаро мегирад. Истиқлоли давлатӣ хосияти дохилӣ ва берунӣ дорад: истиқлоли дохилии давлат ҳолатест, ки ҳокимияти олӣ ва номаҳдудии давлат нисбат ба ҳамаи субъектҳо эътироф карда мешавад.

Дар баробари ин, истиқлоли сиёсӣ дар ҳаёти сиёсии ҷомеа ва кишварҳо тағйироти куллӣ ба миён меорад. Он заминаи асосии ҳалли вазифаҳои ҳаёти умумимиллӣ ва мубориза дар роҳи пешрафти иҷтимоии кишвар ба шумор меравад.

Истиқлоли давлатӣ ҳамчун падидаи муҳими сиёсию ҳуқуқӣ ва татбиқи он бо масоиле алоқаманд аст, ки онҳо тафовути объективию субъективии байни иродаю манфиатҳои воқеии халқ ва умуман аҳолии маскунбудаи давлат ва роҳҳои амалигардонии онҳоро инъикос менамоянд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 сентябри соли 1991 худро кишвари соҳибистиқлол эълон намуда, сипас Президенти худро интихоб ва Конститутсияро қабул карда, сохти тараққиёташро интихоб намуд. Мақсади асосӣ- ин бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, ягона ва дунявӣ буд. Бо ин мақсад Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон якчанд  қарорҳоро, аз қабили “Дар хусуси тасдиқ намудани Низомномаи Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 24 ноябри соли 1992 бо Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 сентябри соли 1994 “Дар хусуси тасдиқи Низомномаи суруди миллӣ”, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 1995 “Дар хусуси дар рӯҳияи ватанпарварӣ тарбия намудани ҷавонон ва эҳтиром намудани рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул кард.

Баъд аз қабули Қонуни асосӣ, ки ҳуҷҷати сарнавиштсоз ва таъйидкунандаи рамзу нишонаҳои давлатӣ аст, муносибати шаҳрвандон ба тарзи ҳаёту сохти давлатдорӣ тағйир ёфт. Пеш аз ҳама, Тоҷикистони азизи мо соҳиби рамзҳои нави миллӣ — Парчами давлатӣ, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ, Пули миллӣ ва Забони давлатӣ гардид. Ин нишону аломатҳо дар раванди рушду нумӯи худшиносии миллӣ, идеяи миллӣ ва тарзи ҳаёти иҷтимоию сиёсии мо таъсири амиқ гузоштанд, ки ҳама аз шарофати истиқлоли сиёсии кишвар мебошанд.

Ба ҳамин тариқ, истиқлоли Тоҷикистон чунин хусусияти ҳокимияти давлатӣ мебошад, ки дар асл олӣ, мустақил ва соҳибистиқлол будани онро ифода мекунад. Соҳибихтиёрии давлат дар амал- ин фаъолияти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти сершумори давлат оид ба амал баровардани вазифаҳои дохилӣ ва хориҷии давлатӣ мебошад. Албатта, инро ба салоҳияти ин ё он мақомоти давлатӣ алоқаманд донистан нодуруст аст.

Истиқлол дар баробари дигар равандҳои ҷомеа ҳамеша ниёз ба ваҳдати миллӣ ва амнияти дохилию хориҷӣ дорад. Ин аст, ки дар тамоюлоти имрӯзаи сиёсати амалӣ, бахусус муколамаҳои доманадор оид ба таносуби дарки арзишҳои муосир ва анъанавӣ муҳтавои асосии падидаи истиқлол пайваста сурат мегирад. Дарвоқеъ, ин амр метавонад дар афкори ҷомеаҳои мухталиф гардиши куллӣ ба вуҷуд оварад.

Ҳамзамон ба даст овардани истиқлоли сиёсӣ барои мардумони мо беҳтарин арзиш ва дастовардест, ки ба он эътимоду эҳтироми самимӣ бояд дошт. Бунёди иншооти бузурги аср: НБО-и “Роғун”, НБО-и “Сангтӯда-1”, “Сангтӯда-2”, сохтмони пулҳо, кушодани роҳҳои паҳнбари оҳан, роҳҳои мошингард, сохтмони мактабу дигар иншооти иҷтимоӣ ва ба таври куллӣ тағйир ёфтани симои шаҳру деҳоти кишвар нишонаи соҳибистиқлолии кишвари азизамон мебошад.

Ҳамзамон истиқлол оғози расмии татбиқи ташаббусҳои нави ҷаҳонӣ мебошад. Махсусан, суханронии Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии сатҳи баланди Созмони Миллали Муттаҳид ба муносибати оғози Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ба ин масъала такони ҷиддие дар арсаи байналмилалӣ ба миён овард.

Пешвои миллат дар суханронияшон махсус зикр намуданд, ки «мо тавонистем тавассути талошҳои муштарак дар чаҳорчӯби ташаббусҳое, чун «Соли байналмилалии оби тоза, 2003», Даҳсолаи байналмилалии амалиёт «Об барои ҳаёт, 2005-2015» ва «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об 2013» корҳои зиёдеро ба сомон расонем». Дар баробари ин ҳадафи асосии оғози Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028»-ро иҷрои вазифаҳо  дар соҳаи  захираҳои об ва эҷоди майдони васеъ барои густариши таҷрибаи андӯхта ва ҳамкорӣ дар ин соҳа муаррифӣ намуданд.

Аз ин рӯ, ҳамкории байналмилалӣ ҳамчун шароити зарурӣ барои ҳалли масъалаҳои глобалӣ, аз ҷумла норасоии оби ошомиданӣ яке аз масъалаҳои муҳими ҷаҳони муосир ба шумор меравад, ки барои ҳалли онҳо нақши сарварони сиёсӣ, дипломатҳову сафирон ва зиёиёни кишварҳои мухталиф бояд аввалиндараҷа бошад.

Таҷрибаи таърихӣ нишон медиҳад, ки истиқлоли том доштан василаест, ки он барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ заминаи мусоид фароҳам оварда метавонад. Аммо дар ҳама ҳолат истиқлол озодии рӯҳи инсон, бахту саодати миллӣ мебошад, ки ба шаҳрвандони кишвари мо неруи тоза бахшида, пояҳои давлатдорӣ ва худшиносию худогоҳии миллиро устувор намуда, Тоҷикистони азизамонро дар қатори дигар кишварҳои дунё муаррифӣ намуд. Имрӯз ба шарофати соҳибистиқлолӣ озодии баён, соҳибихтиёрӣ, таъмини шароит барои зиндагии арзанда насиби мардумони мо гардид. Аз ин рӯ, фарорасии  30-солагии   Истиқлоли  давлатии кишварамон барои якояки мо мояи фараҳу ифтихор аз ватандорию ҳувиятсозист.









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

  • Август 2021
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
     1
    2345678
    9101112131415
    16171819202122
    23242526272829
    3031  
  • Архиви Моҳона

  • Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028