Соҳибистиқлолӣ дастоварди беҳтарин дар таърихи навин

«Истиқлолиятро соҳиб шудан ҳанӯз кам аст, онро ҳамчун арзиши муқаддастарини давлату давлатдорӣ дарк намудан зарур аст»,-мефармоянд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар, Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Воқеанҳам, истиқлолиятро ҳамчун арзиши муқаддастарини давлату давлатдорӣ дарк намудан зарур аст. Барои ҳифзу ҳимояти он ҳамеша омода мебояд буд. Дар ҳифзу нигоҳдории соҳибистиқлоли тамоми мардуми кишвари мо масъулияти худро дарк менамоянду барои пешрафти кишварамон ҳамеша кушиш менамоянд, аз ҷумла ҷавонон.

“Ҳисси баланди миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва садоқати ҷавонони мо ба Ватан, миллат ва обу хоки сарзамини аҷдодӣ гарави амнияту осоиши ҷомеа, пешрафти давлат ва ободии имрӯзу фардои Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад, барҳак фармудаанд, Пешвои миллат. Ин ҳусни таваҷҷуҳ ва боварии пешвои миллат ба ин қишри ҷомеа нақшпазирии онҳоро дар ин роҳ нишон медиҳад.

Санаи 9-уми сентябри соли 1991 чун воқеаи муҳими таърихии сарнавишти миллати тоҷик сабт шудааст, ҳамчун санаи эълон гардидани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ин ҳодисаи тақдирсоз аввали моҳи сентябри соли 1991 ба вуқуъ пайваст ва 9-уми сентябр расман Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Аз ҳамон вақт то имрӯз ин санаи муборак барои миллати тоҷик иди муқаддас маҳсуб мешавад.

Даврони Истиқлолият барои мо ҷавонон имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯйи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем. Истиқлолият барои мо ҷавонон рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯзонда, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд. Истиқлолият барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои симои миллат, рамзи асолату ҳувият, мазҳари идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад.

Ҳукумати кишвар бо мақсади ҳалли масоили ҷавонон ва насли наврас аз оғози истиқлолият то имрӯз ҳамаи чораҳои заруриро амалӣ карда истодааст. Зеро ҷавонони солим ва соҳибкасбу ихтисосманд давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, нерӯи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса ояндаи миллат ва давлат мебошанд.

Баъди ба даст овардани истиқлолият Ҳукумати Тоҷикистон ба татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон  аҳамияти хоса зоҳир намуда истодааст. Институтҳои  муҳими кор бо ҷавонон, дар сатҳи ҳукуматӣ ва муассисаҳои варзишӣ, толорҳои варзишӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва консепсияи миллии сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаҳои татбиқи амалии сиёсати давлатии ҷавононро фароҳам овардаанд. Имрӯзҳо дар ҳаёти ҷавонон мақсади асосии ин сиёсат таъмини шароити ҳуқуқӣ, иқтисодиву ташкилӣ ва иҷтимоии ҷавонон мебошад.

Дар баробари ин, ҳоло дар назди ҷавонон масъалаҳое қарор доранд,ки дар замони ҷаҳонишавӣ дарку ҳалли онҳо аз ҷавонони мо дониши аниқ, ҷаҳонбинии замонавӣ ва муҳимтар аз ҳама, ҳисси баланди миллӣ, худогоҳиву худшиносӣ ва самимона дӯст доштани Ватанро талаб менамояд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри Истиқлолияти ҷумҳурӣ бо худ барои ҷавонон навгониҳои зиёд овард. Дар шароити кунуни ба воқеияти сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоии ҷаҳони муосир зудтар ва беҳтар ҳамоҳанг гардида, дар бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ саҳми ҳалкунанда гузошта метавонед. Аз ин рӯ, бояд бо тамоми ҳастӣ дарк намоед, ки барои устувор намудани пояҳои истиқлолияти миллӣ ва бунёди давлати пуриқтидори демократӣ, тақдири ояндаи миллат, амнияту оромии кишвар ва эҳёи дурахшонтарин арзишҳои тамаддуни давлатамон масъулияти  бузурге ба душ доред.

Нақш ва иштироки ҷавонон дар сиёсат, рушди соҳаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва варзишӣ хеле назаррас мебошад. Раванди ташаккули маърифати сиёсӣ моро водор месозад, ки ба ҳар як падидаву ҳаводисе, ки дар кишварамон, минтақаҳои мухталифи олам ба вуқӯъ меоянд, бақои воқеӣ дода, мавқеи худ манфиати ватанамонро ҳимоя карда тавонем.

Мо медонем, ки то ба имрӯзи фирӯз расидан чӣ қадар душвориҳо, ранҷу кулфатҳоро паси сар кардан лозим омад. Хушбахтона, бо талошҳои зиёди фарзанди фарзонаи миллатамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон халқи дар муноқишаҳои шаҳрвандӣ парокандашудаи мо боз бо ҳам муттаҳид шуд ва ба Ваҳдату  ризоияти миллӣ расидем. Таҳти роҳбарии хирадмандонаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистони азизи мо аз вартаи парокандагию фанношавӣ раҳо шуда, қисмати худро ба қисмати ҷомеаи пешрафти демократию шаҳрвандии ҷаҳон пайваст. Тоҷикистони азизи мо имрӯзҳо дар роҳи ободонию бунёдкорӣ ва ба мамлакати пешрафта расидан қадамҳои баҳодурона мегузорад.

Тамоми сокинони кишвари озоду ободи мо имрӯз ифтихор доранд, ки си сол қабл аз ин нахустин хиштҳои пойдевори истиқлолияти воқеӣ ва давлатдории миллии худро ниҳода, аз шарофати мустақилият соҳиби рамзҳои давлатӣ – Парчам, Нишон ва Суруди нави миллӣ гардидем.

Ҳодисаву воқеаҳои пурошуби ибтидои солҳои навадум водор намуд, ки оид ба масъалаи таъмини амнияти милливу давлатӣ, нигоҳ доштани оромии авзои ҷомеа, пойдории сулҳу субот ва таҳкими истиқлолияту ҳифзи дастовардҳои он андеша кунем, ки ин ҳама як қисми таркибии сиёсати давлатии мо маҳсуб мешуд.

Пас аз як соли эълони Истиқлолият, аниқтараш моҳи ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби ноҳияи Б.Fафуров Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба арсаи сиёсат шахсиятеро баровард, ки дастовардҳои минбаъдаи кишвар ба номи ӯ иртиботи ҳамаҷониба доранд. Аз рӯзи Сарвари давлат интихоб гардидани фарзанди барӯманди халқ Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми фишангҳои ҳокимият асосҳои сохтори конститутсионӣ, рукнҳои тозаи идоракунии давлат, меъёрҳои танзимкунандаи ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар роиҷ гардида, пули миллӣ ба муомилот баромад ва шиносномаи миллӣ дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардид. Мо яке аз рукнҳои асосии давлатдории мустақил – Артиши миллӣ ва нерӯҳои сарҳадиро таъсис дода, ҳифзи марзу буми Ватан ва сарҳади давлати худро таҳти назорати доимӣ гирифтем.

Чунонки Президенти мамлакат, Пешвои миллат – Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд: «Яке аз муҳимтарин дастовардҳои мо дар даврони истиқлолият давлатсозӣ ва давлатдории муосири миллӣ мебошад, ки моҳиятан шакли ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ ва дунявиро дорад».

Имрӯз Тоҷикистон соҳибихтиёр аст. Самараи неки истиқлол аст, ки Тоҷикистон дар дунё чун давлати сулҳхоҳу сулҳпарвар шинохта шудааст. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон — манбаи омӯзиши сулҳхоҳони ҷаҳон гашт, ки боиси ифтихори ҳар як фарди тоҷик аст.

Бигузор иди муқаддаси Истиқлолият барои ҳар фарди соҳибдилу озодаи кишвар саломатӣ, бахту саодат, зиндагии осуда ва комёбию кушоишҳо оварад!

Поянда бод ваҳдати миллӣ ва давлати соҳибистиқлолӣ тоҷикон!









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

  • Август 2021
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
     1
    2345678
    9101112131415
    16171819202122
    23242526272829
    3031  
  • Архиви Моҳона

  • Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028