Мусобиқаи ҳарбӣ-амалии «Ҳомиёни Ватан»

Имрӯз дар доираи нақшаи муштараки Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бо Кумитаи Марказии ТҶММ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе мусобиқаи ҳарбӣ-амалии «Ҳомиёни Ватан» байни ҷавонони синни даъватии касбомӯзони гурӯҳҳои мактаби муттаҳидаи техникии ҷумҳуриявии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Мусобиқаи мазкур дар майдони Кумитаи Марказии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе – Мирзозода И., Сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе – Раҳимзода Ш. ва муовини Раиси КМ ТҶММ ҶТ, полковник Давлатзода А. баргузор гардида, дастаҳо миёни ҳам қувваозмоӣ намуданд. Аз миёни дастаҳо дар 2 номинатсия даставӣ ва инфиродӣ ғолибон аз ҷониби ҳайати комиссия муайян гардида, бо Ҷом, диплом ва медалҳои КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе қадрдонӣ гардиданд.

Дар фарҷоми чорабинӣ Мирзозода И. — Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Раҳимзода Ш. – сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе суханронӣ намуда, ҳамаи иштирокчиён ва бошандагони муассисаи мазкурро ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният намуда, иброз намуданд, ки мо бояд тавре кору пайкор ва зиндагӣ намоем, ки ҳамеша ҳимоятгар, муҳофизгар ва парчамбардори давлату миллат бошем.

Чунин чорабиниҳо минбаъд низ тибқи нақшаи мушатар ташкил ва баргузор мегарданд









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

  • Август 2021
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
     1
    2345678
    9101112131415
    16171819202122
    23242526272829
    3031  
  • Архиви Моҳона

  • Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028