Боздид аз хоҷагии деҳқони ангурпарварии “Ҳоҷӣ Неъмат” дар шаҳри Турсунзода

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Турсунзода аз хоҷагии деҳқонии ангурпарварии “Ҳоҷӣ Неъмат” биздид намуданд. Хоҷагии деҳқонии ангурпарварии “Ҳоҷӣ Неъмат” соли 2011 таъсис ёфта, дар ихтиёри худ 105 гектар замин дорад ва аз ин ҳисоб 100 гектараш токзор мебошад. Дар хоҷагии мазкур 165 нафар саҳмдор фаъолият карда, асосан ангури навъҳои «шоҳона», «ҳусайнӣ», «ғалаба», «кардинал»-ро, ки хуштаъму болаззат ва аз лиҳози экологӣ тозаи табиӣ мебошанд, истеҳсол мекунанд.Соли дуюм аст, дар хоҷагии деҳқонии ангурпарварии “Ҳоҷӣ Неъмат” парвариши ангури навъи «Президент» ба роҳ монда шудааст, ки ҳосилнокии баланд дорад. Бояд тазаккур дод, ки муассиси хоҷагии деҳқонии ангурпарварии “Ҳоҷӣ Неъмат” деҳқони ботаҷриба ва токпарвари шинохтаи ҷумҳурӣ Неъмат Усмонов мебошад ва ҳоло роҳбарии хоҷагиро писари ӯ Расул Неъматов ба ӯҳда дорад. Аҳли заҳмати хоҷагӣ бо истифода аз обу ҳавои мусоид ва усулҳои санҷидашудаи парвариши боғи ангур ҳамасола ҳосили фаровон ба даст меоранд. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳудуди хоҷагии деҳқонии “Ҳоҷӣ Неъмат” аз боғи ангур, ки бо санъати баланди касбӣ кишту парвариш меёбад, шинос шуда, таъкид намуданд, ки аз хушаҳои сербори токҳои ангур айён аст, ки ҳосилнокӣ имсол фаровон аст.Ба иттилои мутахассисон аз 1 гектар боғ аз 30 то 40 тонна ҳосили ангур рӯёнда мешавад. Яке аз самтҳои дигари фаъоляти хоҷагӣ ниҳолпарварӣ мебошад. Дар 0,35 гектар замин парвариши беш аз 40 намуди ниҳоли дарахтони ороишию сояафкани нодир ва мевадиҳанда, ки ба иқлими Тоҷикистон мувофиқ мебошанд, парвариш карда мешаванд.Бо дар назардошти таҷрибаи бойи ин деҳқони асил дар соҳаи ангурпарварӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки дар заминаи хоҷагии мазкур машғулиятҳои амалии саҳроӣ бо ҷалби мутахассисони хоҷагиҳои токпарварии мамлакат ҳамасола ташкил ва баргузор карда шавад. Ҳадаф аз роҳандозии ин тадбир амалан хубтару беҳтар омӯхтани нозукиҳои бунёди боғу токзор буда, ба ин восита барқарор ва васеъ кардани замини боғҳои ангур дар мамлакат мебошад. Истифодаи босамари таҷрибаи мазкур имкон медиҳад, ки истеҳсоли ангур дар ҷумҳурӣ ба маротиб зиёд гардида, содироти он ба хориҷи кишвар бештар карда шавад.Ҳамчунин дар беш аз 1,5 гектар замини хоҷагӣ кишту парвариши сабзавоту полезӣ ба роҳ монда шуда, ҳар қитъа замин босамар истифода мегардад. Самти дигари фаъолияти хоҷагӣ чорвопарварӣ мебошад, ки 2000 ҳазор сар гусфанд парвариш карда мешавад. Барои таъмини ғизо ба чорво дар қитъаҳои алоҳидаи хоҷагӣ ҷуворимакка ва юнучқа кишту ҷамъоварӣ шуда, чорвои майда дар ҳама фасли сол бо хӯроки хушсифат таъмин аст. Ҳудуди хоҷагӣ ба масофаи зиёда аз 5 километр роҳ асвалтпӯш карда шудааст.Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки соли ҷорӣ дар баробари таъмини бозори дохилӣ аз ҳисоби хоҷагии мазкур қариб 500 тонна ангур ба хориҷи кишвар содирот карда шудааст ва ин раванд бо маром идома дорад. Бо мақсади беталаф нигоҳ доштани маҳсулот ва дар ҳама фаслҳои сол ба мардум пешниҳод кардани ангури тару тоза дар ҳудуди хоҷагӣ сардхонаи замонавӣ бунёд гардида, иқтидори ғунҷоиши он 1000 тоннаро ташкил медиҳад. Сардхона дорои 12 нуқтаи нигоҳдории маҳсулот мебошад.Бо роҳнамоиҳои Сарвари давлат ва ҷиҳати дастгирии сиёсати инсондӯстонаи Пешвои миллат роҳбарияти хоҷагии ангурпарварии “Ҳоҷӣ Неъмат” дар амалӣ кардани корҳои хайру савоб низ саҳми назаррас доранд. Аз ҷониби роҳбари хоҷагӣ ташкилоти хайриявии “Эҳсони Сомониён” таъсис ёфта, сарпарастии 50 нафар шахси ниёзмандро ба ӯҳда дорад. Инчунин хоҷагӣ дар бунёдиу навсозии роҳу пулҳо, корҳои соҳилбандӣ, таъмир ва сохтмони муассисаҳои таълимӣ, тандурустӣ, ободонии маҳал ва чароғонкунии кӯчаҳо саҳмгузор аст.Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ аз натиҷаи заҳмати боғдорон бо хоҷагидорон суҳбати самимӣ ороста, барои истеҳсоли навъҳои ангур, таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти хушсифати кишоварзӣ ва боло бурдани иқтидори содиротии мамлакат, анҷоми корҳои хайр ва саҳм гузоштан дар ободонии як гӯшаи диёр ба роҳбарияти хоҷагӣ изҳори сипос карда, ба онҳо барори кор таманно намуданд.









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

  • Август 2021
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
     1
    2345678
    9101112131415
    16171819202122
    23242526272829
    3031  
  • Архиви Моҳона

  • Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028