Боздид аз гармхонаи хоҷагии деҳқонии «Ғайрат-2020» дар шаҳри Турсунзода

26 августи соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода аз гармхонаи хоҷагии деҳқонии «Ғайрат-2020» дидан намуданд.Гармхонаи доимамалкунанда дар деҳоти ба номи Ҷура Раҳмон навбунёд буда, аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Урунбой Нурматов бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шудааст. Дар гармхона, ки масоҳати 0,54 гектарро ташкил медиҳад, ду навъи помидор ва ду навъи бодиринг кишт шуда, нашъунамои хуб доранд. Навъҳои помидори киштшуда «Замира» ва «Муалла», инчунин бодиринг «Орзу» ва «Ғайрат» мебошад. Ҳосили интизоририи помидорро деҳқонон 600 ва бодирингро аз 400 то 500 сентнер пешбинӣ намудаанд. Гуфта мешавад, ки ҷамъоварии ҳосил аз гармхона нимаи дуюми моҳи сентябр оғоз гардида, беш аз се моҳ идома меёбад.Зироат дар иншооти замонавӣ тариқи қатрагӣ обёрӣ мешавад. Технологияи обёрии қатрагӣ ба таври автоматӣ кор мекунад ва муҳлат, инчунин ҳаҷми об дар ҷӯя тавассути компютер идора карда мешавад. Ин низом, ки муттамарказ мебошад, аз чанд ҷониб ба манфиат аст. Аз як тараф об ва аз тарафи дигар нерӯи барқ сарфа мегардад. Барои обёрии зироат дар гармхона соҳибкор чоҳи амудӣ бунёд намудааст.Бо бунёд гардидани гармхонаи замонавӣ дар шаҳри Турсунзода 13 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуда, дар мавсими ҷамъоварии ҳосил боз чанд нафар сокинони маҳаллӣ ба кори мавсимӣ ҷалб мешаванд. Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки ҳосили аз гармхонаи хоҷагии деҳқонии «Ғайрат-2020» ба дастомада асосан дар бозори дохили мамлакат, аз ҷумла бозорҳои шаҳри Душанбе ба фурӯш гузошта мешавад ва хоҷагидорон нақша доранд дар оянда ба кишварҳои хориҷӣ низ сабзавотро содир намоянд.Дар гӯшаи дигари ҳудуди гармхона занону бонувони ҳунарманди шаҳри Турсунзода самбуса, кулча, чаппотӣ ва дигар намуд маҳсулоти нонӣ омода намуда, ба маъраз гузоштанд.Маврид ба таъкид аст, ки дар баробари бунёди гармхона, ҳамчунин соҳибкор беш аз 2 километр роҳи деҳаи Ғайратро асфатпӯш намудааст. Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкор ҷиҳати саҳм гузоштан дар корҳои ободонӣ ва фароҳам овардани шароити хуби зиндагӣ ба мардум изҳори сипос намуда, иқдомҳои созандаи ӯро шоистаи таҳсин ва намунаи ибрат барои ҳар шахси ватандӯсту меҳанпараст ҳисобиданд.









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

  • Август 2021
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
     1
    2345678
    9101112131415
    16171819202122
    23242526272829
    3031  
  • Архиви Моҳона

  • Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028