Ҳадаф-бунёдкориву созандагӣ

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ба даст овардани истиқлолияти комил ва ваҳдати миллӣ баробари дигар соҳаҳои ҳаётан муҳим ва асосии кишвар ба эҳёву рушди соҳаи саноат таваҷҷуҳи махсус равона намуда, ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дар ин самт тадбирҳои зиёдеро роҳандозӣ намуд.

Ҳар сол дар кишвар сохта, ба истифода додани корхонаҳои гуногуни хурду бузурги молистеҳсолкунанда ва таъмин гардидани сокинони мамлакат бо ҷои кори доимӣ далели рӯ ба рушд будани соҳаи саноати кишвар мебошад. Натиҷаи таваҷҷуҳи пайвастаи Ҳукумати мамлакат ба ин соҳа буд, ки дар соли охир ҳиссаи соҳаи саноат дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ афзоиш ёфт.

Ниҳоят, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми охирини хеш ба Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ бо дарназардошти аҳамияти соҳаи саноат дар ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ пешниҳод намуданд, ки саноатикунонии босуръати кишвар ҳадафи чоруми миллӣ эълон карда шавад.

Дар ин замина, ин соҳаи ҳаётан муҳим бо ҳидоятҳои Сарвари давлат рӯ ба рушд асту пешравиҳои назарраси зиёде дар ин бахш дида мешавад.

Албатта, фаъолияти пурмаҳсул ва муназзами дилхоҳи соҳа ба мавҷудияти заминаи мукаммали қонунгузорӣ рабт дорад. Ин аст, ки ба таври мунтазам аз ҷониби мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузории мамлакат ҷиҳати такмил додани қонунгузории ҷорӣ тадбирҳо амалӣ мегарданд. Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз соли 2012 инҷониб мавриди амал қарор гирифтааст, асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва иҷтимоии муносибатҳоро дар соҳаи шаҳрсозӣ муқаррар намуда, ҳуқуқ, уҳдадорӣ ва масъулияти мақомоти давлатӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии соҳаи шаҳрсозиро муайян карда, муносибатҳои ҳуқуқии ба фаъолияти шаҳрсозӣ вобастаро танзим менамояд. Меъёрҳои кодекси мазкур асоси фаъолияти шаҳрсозиро ташкил медиҳанд ва риояи онҳо аз тарафи мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳатмӣ мебошад. Дар заминаи ин кодекс, ки аз дастовардҳои мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори кишвар маҳсуб меёбад, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сохтмони манзилҳои шахсӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти иқтисодии корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо барои қонуншиканӣ дар соҳаи сохтмон ва саноати масолеҳ, конструксия ва маснуоти бинокорӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис¬тон «Дар бораи фаъолияти меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмонӣ» аз эътибор соқит дониста шуданд.

Имрӯз, бо шарофати соҳибис¬тиқлолии Ватани азизамон ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми ҷанбаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас рӯи кор омадаанд.

Дар ҳамин радиф, бахши меъморӣ ва сохтмон низ, ба марҳилаи сифатан нави тараққиёти худ ворид гаштааст. Рӯз то рӯз вусъат ёфтани эъмори иншооти гуногун далели возеҳи пурмаҳсул ва муназзам будани фаъолияти меъморону сохтмончиёни кишвар аст, ки натиҷаҳои онро ҳар рӯз мушоҳида мекунем. Табиист, ки дар татбиқи талаботи кодекс мавриди назар саҳми пажуҳишгоҳҳои лоиҳакашӣ назаррас мебошад, зеро онҳо ба маънои томаш заминагузори бунёдкориҳо маҳсуб мешаванд.

Пажуҳишгоҳи илмӣ — таҳқиқотии лоиҳакашии “Душанбешаҳрсоз” ба сифати макони асосии тавлиди лоиҳаи ҳама гуна иншооти сохтмонии мамлакатамон дар рушду нумӯи ин соҳа нақши назаррас дорад.

Фаъолияти пажуҳишгоҳ аз соли 1971 оғоз шудааст. Муҳимтар аз ҳама, пажуҳишгоҳ ягона муассисаи лоиҳакашӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки дар асоси дархости мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, вазорату кумитаҳо ва шаҳрвандони алоҳида дар самти сохтмонӣ фаъолияташро роҳандозӣ намуда, нишондиҳандаҳои фаъолияташ дар ин самт ҷавобгӯйи талабот мебошад.

Пажуҳишгоҳ, махсусан барои рушди шаҳрсозӣ ташкил карда шудааст. Имрӯз, барои татбиқ намудани нақшаи генералии шаҳри Душанбе чанде аз кӯчаҳои он аз ҷониби пажуҳишгоҳи мазкур нақшаи муфассали маҳал гузаронида шуда, корҳои сохтмонӣ дар ин самт бо вусъати баланд идома доранд.

Бояд тазаккур дод, ки кормандони ниҳоди мазкур доимо саргарми кори хеш буда, натанҳо барои ободонии Душанбешаҳр кӯшиш мекунанд, инчунин дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар барои сохтани иншоотҳои гуногун саҳми хешро мегузоранд.

Дар ҳоли ҳозир пажуҳишгоҳ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ лоиҳаи маркази савдо, дар маркази ноҳия пайкараи Ҷалолиддини Балхӣ ва хонамузейи шоирро лоиҳакашӣ намуда, сохтмони онҳо шуруъ шуда, кор дар ин самт ҷараён дорад. Ҳамзамон, дар ноҳияи Шаҳритус лоиҳаи қароргоҳи ҳукуматӣ, дар шаҳри Турсунзода муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва бунгоҳи тиббӣ, инчунин дар ноҳияи Файзобод мактаб ва бунгоҳи тиббӣ лоиҳакашӣ шудаанд, ки сохтмони онҳо шуруъ шудааст.

Барои инъикоси фаъолияти пурмасъул ва муҳими меъморону шаҳрсозон ва ошно намудани шаҳрвандону хонандагони ҳафтаномаи “Мароми пойтахт” бо директори Пажуҳишгоҳи илмӣ – таҳқиқотии лоиҳакашии “Душанбешаҳрсоз” Азизиён Самӣ Солеҳ суҳбат анҷом додем.

Аз суҳбат бо директори пажӯҳишгоҳ маълум гардид, ки дар давоми фаъолият корхона иншоотҳои гуногунро лоиҳакашӣ намуда, аз экспертизаи давлатӣ гузаронида, ба фармоишгарон пешниҳод намудааст, ки онҳо ба таври зарурӣ ва бо тарзу усули замонавӣ бунёд гардиданд.

Бино ба гуфти мавсуф, нақши пажӯҳишгоҳ дар раванди корҳои сохтмонӣ хеле арзанда буда, марҳилаи асосии эҳёи он ба солҳои соҳибистиқлолии Ватанамон рост меояд. Маҳз дар ҳамин айём доираи фаъолияти пажуҳишгоҳ бамаротиб васеъ гашта, заминаи моддиву техникии он пурқувват гардидааст.

“Ҳоло дар пажуҳишгоҳ ташхисгоҳҳои илмӣ, устохонаи лоиҳакашӣ, шуъбаҳои гуногун амал менамоянд. Агар гӯем, ки доир ба ҳама самтҳои соҳаи сохтмон “Душанбешаҳрсоз” фаъолияташро дар сатҳи хуб амалӣ карда метавонад, муболиға нахоҳад буд”, — изҳор дошт, Азизиён Самӣ Солеҳ. Аз ин бармеояд, ки дар саргаҳи бунёди иншооти зиёди кишвар маҳз пажӯҳишгоҳи мазкур қарор дорад. Табиист, ки кормандони пажӯҳишгоҳи мазкур аз ин ифтихор доранд ва дар оянда баҳри беҳбуд бахшидани сифати хизматрасонӣ ва васеъ намудани доираи фаъолияташон аз таҷрибаи меъмориву шаҳрсозии ширкатҳои бонуфузи ҷаҳонӣ баҳра бурда, бо сабку услуби хоси меъмории тоҷикӣ дар кори худ истифода мекунанд.

Самти асосии фаъолияти пажуҳишгоҳ лоиҳакашӣ ва муоинаи техникии иншоот ва нархгузории сохтмон тибқи талаботи байналмилалӣ мебошад. Дар давоми фаъолият, вобаста ба талаботи замон ва самтҳои кори лаборатория, шуъба ва равияҳои нав таъсис дода шуданд.

Кормандони пажуҳишгоҳ, ки аз мутахассисони беҳтарини соҳа иборатанд, барои дар сатҳи баланд ҷараён гирифтани фаъолияти пажӯҳишгоҳ тамоми неруи зеҳнии хешро сарф карда истодаанд.

— Муассир будани саҳми пажуҳишгоҳ дар бунёди иншооте, ки муассисаҳои сохтмонии ватанӣ ва хориҷӣ дар кишварамон бунёд менамоянд, пеш аз ҳама, дар пешниҳоди хизматрасонии баландсифат, таҷрибаи зиёди фаъолият ва сатҳи баланди тахассусии кормандон зоҳир мегардад. Аз далелу арқоми мавҷуда бармеояд, ки дар давоми даҳ соли охир аз ҷониби пажуҳишгоҳ номгӯйи зиёди иншоот мавриди баррасӣ қарор гирифтааст, ки қисмати зиёди онро иншооти воқеъ дар шаҳри Душанбе ташкил медиҳанд.

Коллективи пажуҳишгоҳ хеле пурқувват бошанд ҳам, бо вуҷуди ин, бо ибтикори бевоситаи роҳбарият мунтазам бозомӯзии онҳо ба роҳ монда шудааст. Кормандони пажӯҳишгоҳ дар семинарҳои омӯзишӣ ва дигар чорабиниҳо ширкат варзида, малакаи хешро такмил медиҳанд.

Бобати ҷалби мутахассисони ҷавон аз донишгоҳу донишкадаҳо низ, як қатор корҳо ба сомон расидааст. Таҷрибаи ҷалби донишҷӯёни курсҳои болоӣ аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба таҳия ва коркарди лоиҳаҳо дар пажӯҳишгоҳ хеле маъмул аст,- гуфт дар фарҷоми суҳбат Азизиён Самӣ Солеҳ.

Боиси қайд аст, ки дар баробари фаъолияти меҳнатӣ кормандони пажуҳишгоҳ аъзои фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон буда, дар ин замина корҳои зиёдеро басомон расонидаанд.

Дар корхонаи мазкур ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Душанбешаҳрсоз” фаъолият намуда, 26 аъзо дорад. Барои пешбурди фаъолияти ҳизбӣ дар ташкилоти мазкур утоқи махсуси ҳизбӣ бо шиору овезаҳо оро дода шуда, фаъолияти он тибқи Оиннома ва Барномаи ҳизб ба роҳ монда шудааст.

Аъзои ташкилоти ибтидоии “Душанбешаҳрсоз” дар тамоми чорабиниҳои сиёсӣ фаъолона ширкат варзида, бо сипосномаю ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шудаанд.

Дар маҷмӯъ, ҳадафи кормандони Пажуҳишгоҳи лоиҳакашии «Душанбешаҳрсоз» саҳм гузоштан дар раванди бунёдкориҳои Ватанамон буда, инро дар зебову замонавишавии пойтахти азизамон – шаҳри Душанбе дида истодаем, ки дар ин самт онҳоро азмашон қавӣ аст.

Нозукбибии ТЕМУР,

“Мароми пойтахт”









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

  • Август 2021
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
     1
    2345678
    9101112131415
    16171819202122
    23242526272829
    3031  
  • Архиви Моҳона

  • Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028