РОҲИ МО ПУРНУРУ БОСАОДАТ АСТ!

«Мардуми мо ҳанӯз аз бомдоди таърих мардуми соҳибватан ва давлатсоз буда, ниёгони арҷманди мо дар оғоз ва саргаҳи давлатдорӣ қарор доштанд ва намунаҳои нахустини ҷомеаи мутамарказ ва давлатҳои муқтадири таърихиро барои башарият эҳдо кардаанд»Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Асрҳо мегузаранд, аммо аризиши истиқлол барои мардуми шарифи Тоҷикистон ҳамоно бебаҳо, нодир ва ҳамчун меҳвари садоқату ҳастӣ ҷовидона ҳаст. Аз хатари нестӣ наҷот ёфтани давлатдории милли тоҷикон мардумро бахтиёр ва давлатро поянда кард. Арзишмандтарин дастоварде, ки дар охири қарни ХХ1 насиби мардуми соҳибтамаддуни тоҷик гардид Истиқлолият мебошад. Ин баҳои беназири таърихиро бо ҳифзи ҷон поянда нигоҳ доштан рисолати фарзандии ҳар як соҳибватан мебошад. Аз гузаштаи начандон таърихи соҳибистиқлолии кишварамон бояд воқеъбинона назар афканем, истиқлолсозиро бо нигоҳи дил бубинем, аз бурду бохтҳо ва сохтану сӯхтанҳо сабақ гирифта барои ҳифзу таҳкими он то ҷон дар бадан дорем мисли кӯҳҳои побарҷо устувор бошем. Озодихоҳии миллати тамаддунофари тоҷик ҷанбаи таърихӣ дорад. Ин миллат дар зулматтарин тақозои таърих бо забону тамаддуну фарҳангу хиради азалияш ҳамеша побарҷо ва устувор боқӣ мондааст. Мардуми шарифи Тоҷикистон дар масири 30 соли давлатдорию давлатсозӣ роҳи ҳазорсолаҳоро тай намуда, дар эҳё ва ҳифзу нигоҳдошти асолати таърихӣ хидматҳои арзишманд намудааст. Ҳақиқати бебаҳс мебошад, ки бо инобати таъриху фарҳанг ва забону уруфу одатҳои ғанӣ доштани миллати тоҷик тули қариб ҳазорсолаҳо аз давлатдорӣ бенасиб буд ва дар ин роҳ ҳазорон сарсупурдагони роҳи озодихоҳӣ борҳо завол ёфтаанд. Хушбахтона, мафҳуми истиқлол дар зеҳни ҳар фарди огоҳу бедордил рамзи ҳастӣ, ҳуввият, ору номус, ватандорӣ, ҳифзу гиромидошт номусу саодат, бақову соҳибдавлатӣ шинохта мешавад. Барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон ва кулли тоҷикони ҷаҳон алалхусус ҷавонон мояи ифтихор ва шараф мебошад, ки дар умри таърих баъди солҳои тӯлонӣ дар харитаи сиёсии ҷаҳон зуҳур кардани Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, эҳё ва рушди давлатдории миллӣ, таҳкими ваҳдату ягонагӣ ва амнияту осудагӣ, гиромидошт ва таҷлили бузургдошти поягузорони илму адаби тоҷик, дастгирии ҷавонону занони кишвар, таҳияи барномаҳо ва стратегияҳои миллӣ барои рушди иқтисодиёти кишвар, сохтмони Неругоҳҳои обӣ, пулу нақбҳо, дастгирии соҳаҳои илму маориф, фарҳанг, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, ворид шудани мавзеъҳои таърихӣ ба Феҳристи Мероси Фарҳангии Юнеско, таъсиси Артиши миллӣ, зина ба зина паст шудани сатҳи камбизоатии аҳолӣ, шинохти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби беш аз 200 кишвари ҷаҳон ва теъдоди зиёди созмонҳои байналмиллалӣ, барпо намудани робитаҳои дипломатӣ ва ифтитоҳи намояндагиҳои дипломатӣ ва дигар дастовардҳои беназир шаҳодати равшани даврони соҳибистиқлоли кишвар мебошанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронӣ бахшида ба 10 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштаанд: «Хиради азалӣ ва ҳуввияти худшиносии миллӣ ба мо эътимод мебахшад, ки бо роҳи пешгирифтаи худ, яъне барпо кардани давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаи Тоҷикистони соҳибистиқлол пеш рафта, орзуву омоли чандинасраи хешро амалӣ гардонем». Бо гузашти солҳо худшиносии миллӣ, хиради азалӣ ва ҳуввияту ватандӯстии мардуми шарифи Тоҷикистон дар партави роҳнамоиҳои созандаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самар оварда, имрӯзҳо ба пешвози 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо рӯҳияи созанда ва собитқадамона пеш меравем. Воқеан, ба истиқлол ноил шудани миллати тоҷик рамзи саодату хушбахтӣ мебошад, пас нигоҳдошти истиқлол, ҳифзи арзишҳои он ва дастовардҳои беназиру ба наслҳои оянда пояндаву бегазанд ҳифз намудани он вазифаи имонӣ ва виҷдонии ҳар яки мо мебошад. Бо гузашти се даҳсола Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар меҳвари давлатдорию давлатсозӣ бо ифодаи олии ватандорӣ давлати миллии арзишманд ва эътрофшударо пойбарҷо бунёд намуда, онро дар сатҳи ҷаҳон ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва соҳибихтиёр муаррифӣ намудааст. Мо вазифадорем, ки ин ганҷингаи таърихӣ ва бемислро чун гавҳари нодир нигоҳ дорем, дар масири давлатсозӣ барои устувории пояҳои давлаторӣ талош варзем, ғояҳои ватандорӣ ва гиромӣ доштани арзишҳои миллиро ба наслҳои чавон талқин созем ва барои шинохти Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи ҷаҳон талош варзем. Зеро дар назди наслҳои имрузу оянда барои ҳифз, ҳимоя ва пойдории рукнҳои истиқлолияти комили бароямон дар замони ҷаҳонишавӣ мушаррафгашта мо вазифадор ҳастем.

Ширинбекзода Садриддин Авазбек,мудири шуъбаи таблиғот ваташвиқоти Дастгоҳи КИМ ҲХДТ









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

  • Август 2021
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
     1
    2345678
    9101112131415
    16171819202122
    23242526272829
    3031  
  • Архиви Моҳона

  • Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028