ИСТИҚЛОЛ РАМЗИ ОЗОДӢ ВА ОБОДӢ

Тибқи нақша-чорабинии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ оид ба иҷрои барқияи электронии КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе вобаста ба сазовор пешвоз гирифтани 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниҳои идона дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ баргузор гашта истодааст.

Дар ин росто имрӯз дар ташкилоти ибтидоии “Авасто” бо иштироки мудири шуъбаи кор бо ҷавонони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Исмоли Сомонӣ Фурқат Муродзода, раиси ташкилоти ибтидоии “Авасто” Наврӯззода Илҳомҷон, сарпарасти ташкилот Давлатзода Сулаймон ва аъзоёни ҳизб чорабинии идона баргузор гардид.

Наврӯззода Илҳомҷон меҳмононро ба ҳозирин муаррифӣ намуда, қайд намуд, ки дар шароити пешрафти илму техника беҳтар намудани шароити хуби таълимӣ ва дар ин замина омода намудани мутахассисони касбӣ дар соҳаи тандурустии мамлакат муҳим мебошад ва дар ин самт аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои зарурӣ марҳила ба марҳила амалӣ мегарданд.

Сипас Муродзода Фурқат оид ба дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ суханронӣ намуда, қайд намуд, ки маҳз дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷиҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари азизамон сулҳу субот ва оромӣ пойдору бардавом аст.

Дар фарҷом якчанд нафар фаъолон бо сипоснома ва ифтихорномаи КИ ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ сарфароз гардонида шуданд.









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

  • Август 2021
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
     1
    2345678
    9101112131415
    16171819202122
    23242526272829
    3031  
  • Архиви Моҳона

  • Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028