САРБОЗИ ВАТАН БУДАН ИФТИХОРИ ҶАВОНМАРДИСТ!

Дар асоси дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 майи соли 2021, №5 “Оид ба баргузории вохӯрию мулоқотҳо дар ҷузъу томҳои ҳарбӣ ва ҳавасманд намудани афсарону сарбозоне, ки дорои ҳисси баланди ватандӯстӣ ва хизмати намунавӣ мебошанд” Нақшаи мушатараки Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо вазоратҳои мудофиа, корҳои дохилӣ, гвардияи миллӣ ва қушунҳои сарҳадӣ ба тавсиб расонида, тибқи он дар қисмҳои низомии ҳудуди пойтахт суҳбату вохӯриҳо ва корҳои ҳавасмандгардонӣ ташкил ва баргузор гардида истодааст.

Бояд қайд кард, ки имрӯз дар қисми низомии 08010 бо иштироки Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе- Иброҳим Мирзозад, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе – Заррина Файзуллозода, Раиси Шӯрои собиқадорони ҷанг ва меҳнати ноҳияи Синои шаҳри Душанбе – Орипов Шарифҷон вохӯрӣ бо сарбозону афсарон баргузор гардид.

Дар рафти чорабинӣ иштирокчиён аз биноҳо, боғу гулгашт, майдончаҳои варзишӣ ва ҷойи хӯроку хоби афсарону сарбозони қисми ҳарбӣ дидан намуда, сипас Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Мирзозода Иброҳим Холмурод ҳамаи сарбозону афсарони шуҷои Ватанро ба муносибати 30-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош намуда, аз суханҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуд: “Мо на танҳо дар рӯзҳои ҷашн, балки ҳамеша хотираи ҷавонмардонеро, ки барои барқарор намудани сохти конститутсионӣ, пойдории сулҳу субот, ҳимояи марзу буми Ватан ва ҳифзи зиндагии орому осудаи сокинони мамлакат ҷони худро нисор кардаанд, пос медорем ва номи неку корномаҳои ватандӯстонаи онҳоро ҳаргиз фаромӯш намекунем”.

Дар доираи дидор сарбозону афсарони қисми низомии 08010 бо ифтихорномаву сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Маврид ба зикр аст, ки чунин иқдомҳо пайваста аз ҷониби ҲХДТ бо ҷалби аъзоёни пурифтихори худ ташкил ва баргузор карда мешавад.









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

  • Август 2021
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
     1
    2345678
    9101112131415
    16171819202122
    23242526272829
    3031  
  • Архиви Моҳона

  • Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028