МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ-ИНТИХОБОТӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ «ТАБИБ»

Дирӯз дар ташкилоти ибтидоии «Табиб»-и Маркази саломатии шаҳрии №1 бо иштироки Абдураҳим Шоҳиён — Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ, Гулхумор Амирова — раиси ташкилоти ибтидоӣ ва аъзоёни ташкилот маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ баргузор гардид.

Дар оғоз, ҳайати котибот интихоб ва рӯзномаи маҷлис тасдиқ гардида, вобаста ба масъалаҳои дигари рӯзномаи ҷаласа табодули афкор сурат гирифт. Аз ҷумла, зикр шуд, ки ташкилоти ибтидоии «Табиб» тарғиби сиёсати созандаи Пешвои миллат, муҳатарам Эмомалӣ Раҳмон, бозтоби дастовардҳои беназири Истиқлолияти давлатӣ, арзиши бебаҳои сулҳу ваҳдати миллиро рисолати бунёдии худ мешиносад ва дар амалӣ гардонии ҳадафҳои Оиннома ва Барномаи ҲХДТ саъю талош меварзанд.

Дар идомаи маҷлис Абдураҳим Шоҳиён — Раиси Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳияи Фирдавсӣ қайд кард, ки дар шароити зудтағйирёбандаи вазъи сиёсии ҷаҳон ҳар як аъзои ҳизбро зарур аст, ки аз партави сиёсати хирадмандонаи бунёдгузор ва Роҳбари муаззами ҲХДТ пайравӣ кунанд.

Имрӯзҳо, ки иттилоот ба як қудрати муассир табдил ёфтааст, мо уҳдадорем, ки фазои иттилоотии ҷумҳуриро бо маълумоти дурусту саҳеҳ пурра созем. Бахусус, дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ки ба минбари асосии бархӯрдҳои идеологӣ мубаддал гардидааст, аз арзишҳои миллии худ дифоъ созем. Ормонҳои созандаи ҲХДТ-ро васеъ тарғиб намуда, дар самти иттиҳоду ҳамфикрӣ талош варзем. Зеро ин амал, кафолати таъмини сулҳу субот, пешрафту таррақиёт ва минбаъд вусъат пайдо кардани корҳои созандагӣ мебошад.

Инчунин саҳм гузоштан ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни бузурги миллӣ 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр гардид.

Дар маҷлис раис ва муовини раиси ташкилоти ибтидоии «Табиб» аз нав интихоб гардида, вобаста ба масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул гардид.









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

  • Август 2021
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
     1
    2345678
    9101112131415
    16171819202122
    23242526272829
    3031  
  • Архиви Моҳона

  • Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028