ҶАВОНОН ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ КИШВАР

Аз рӯзе, ки дар диёри мо дубора субҳи умед дамид, хуршеди сулҳу ваҳдат ва истиқлол шуълаафшон шуд, он ба диёри ҷавонӣ ва ҷавонон табдил ёфт. Ҳар иқдомот, ҳар ғамхорӣ ва таваҷҷуҳ, қабл аз ҳама ба насли ҷавони кишвар равона гардид.

Тоҷикистони азизи мо таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳила ба марҳила барои ҷавонон тамоми шароиту имконоти лозимаро фароҳам овард.

Бо дарки ин нукта, ки муносибатҳои сиёсиву иҷтимоӣ дар ҳаёти ҷавонон пеш аз ҳама инъикоси равшан ва воқеии худро дар фаъолияти табақаи ҷавонони кишвар пайдо мекунад, барои ин қишри ҷомеа роҳ аз ҳар ҷониб кушода гардид. Зеро мусаллам аст, ки ҷавонон дар ҳама гуна муносибатҳои сиёсӣ зиёдтар аз қувваҳои дигари иҷтимоӣ таъсиргузор мебошанд.

Маврид ба зикр аст, ки тайи 30 соли соҳибистиқлолӣ дар кишвари мо заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва ташкиливу инфрасохтории сиёсати давлатии ҷавонон ташаккул ёфта, даҳҳо санади меъёрии ҳуқуқӣ қабул ва маҷмӯи масъалаҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ, ки бевосита ба ҷавонон дахл доранд, ҳаллу фасл карда шуданд.

Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол дастгириву ғамхорӣ нисбати насли наврасу ҷавон дар роҳи илмомӯзӣ яке аз сиёсатҳои муҳимми Ҳукумату давлат ба ҳисоб рафта, ин раванд ба таври возеҳ эҳсос мегардад. Ҳамин аст, ки барои дониш андӯхтану соҳибкасб гардидани қишри ояндадори ҷомеа – насли ҷавон кулли имкониятҳои мусоид фароҳам оварда шуда, ба таъкиди коршиносон агар имрӯз наврас ва ё ҷавоне тавассути дониши хеш дар ин ё он соҳа муваффақ мегардаду номбардори кишвари хеш дар сатҳи ҷаҳонӣ мешавад, пас он натиҷаи дастгириву ғамхории пайвастаи Ҳукумати кишвар мебошад.

Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар бо дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат баҳри солимӣ ва пайваста машғул шудани ҷавонон ба варзиш даҳҳо иншоотҳои варзишӣ бунёду ба истифода дода шуданд, ки ҳамагон метавонанд аз ин шароитҳои фароҳамовардаи Ҳукумату давлат васеъ истифода намоянд.

Дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ иштирок ва нақши фаъоли ҷавонон баръало эҳсос мегардад. Фаъолияти пурсамари ҷавонон дар соҳаи идораи давлатӣ ва хизмати давлатӣ аз эътимоди комили роҳбарияти олии мамлакат нисбат ба ин қишри ҷомеа мебошад.

Пешвои миллат ҷавононро “неруи созанда”, “такягоҳи боэътимод”, “неруи пешбаранда”, “иқтидори воқеии пешрафти кишвар” ва “ояндаи давлату миллат” номида, ба онҳо эътимоди комил доранд.

Шояд дар ягон давлати дигар ба ҷуз Тоҷикистони азизи мо таваҷҷуҳ ба ҷавонон то ба ин андоза густурда набошад. Дарки ин масъала андешаи солимро тақозо менамояд.

Дар доираи суханрониҳои Роҳбари давлат зикри ин масъала, ки иброз медоранд: “Мо ҷавононро неруи созандаву бунёдкор ва пешбарандаи ҷомеаи навини кишварамон ва ояндаи халқамон эълон кардем ва дар ҳалли ҳамаи масъалаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат то имрӯз ба онҳо такя мекунем” – ҳар як ҷавони кишварро руҳбаланд ва ба сӯи музаффариятҳои нек раҳнамун месозад.

Дар маҷмӯъ, меҳвару ҷавҳари андеша, гуфтору амалҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро саводнокии ҷавонон, шароити арзандаи зиндагӣ ва таҳсилу фаъолияти ин табақаи фаъоли ҷомеа ташкил медиҳад.

Ин ҳама падидаҳои нек дар самти дастгирии ҷавонон аз мо амалисозии тадбирҳои зиёдро дар самти таълиму тарбия ва рушди қобилиятҳои зеҳниву ҷисмонии насли ҷавони ҷомеа тақозо мекунад.

Боиси хушнудӣ ва сарфарозии мо – ҷавонон аст, ки имсол ҷашни бошукӯҳи 30 – умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо шаҳомати ватандориву ватандӯстӣ ва бо ҳамдилию ҳамбастагӣ истиқбол менамоем.

Мо роҳу ҷойгоҳи худро дар минтақаву ҷаҳон муайяну устувор кардаем ва бо нигоҳи дурбинонаву иродаи қавии хеш ин Ватанро боз ҳам ободу зебо ва пешрафта мегардонем. Барои дарк, эҳтиром ва ҳимояи арзишҳои Истиқлоли давлатӣ аз ҳар яки мо муносибати ҷиддӣ ва самимӣ тақозо карда мешавад. Зеро Истиқлоли давлатӣ ва ҳамбастагии миллӣ ба мо имкони зиндагии озод, ором ва осударо дар ҷаҳони пур аз низоъу бархӯрд фароҳам намудааст.

Неруи фардоафрӯзи ин миллат мо, ҷавонон мебошем. Бо итминон гуфта метавонем, ки насли наврасу ҷавони кишвар бо баҳрабардорӣ аз натиҷаи заҳмату талоши гузаштагону имрӯзиён, хосса фарзандони сарсупурдаи миллат барои оянда заминаи қавӣ гузорем. Тавре шоир фармудааст:

Зи боғе, ки бегонагон коштанд,

Пасояндагон мева бардоштанд.

Чу кишта шуд баҳри мо чанд чиз,

Зи баҳри дигарон мо бикорем низ.

Мекӯшем, то ибтикороти ҷадидро сӯйи фатҳи қуллаҳои илму дониш роҳандозӣ карда, барои баланд намудани суръати рушди Тоҷикистони азизамон пайваста саҳмгузор бошем.

Мо – ҷавонони бонангу номуси миллат, насли ваҳдатшиору ваҳдатгустар чун пайравони асили Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими пояҳои истиқлол нақши муассири хешро хоҳем гузошт.

Алишер ИСЛОМИДДИНЗОДА,

сардори шуъбаи тайёркунии касбии

хизматчиёни давлатии Академия









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

  • Август 2021
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
     1
    2345678
    9101112131415
    16171819202122
    23242526272829
    3031  
  • Архиви Моҳона

  • Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028