Хабарҳо

«Бетафовутӣ нисбат ба сарнавишти Афғонистон боиси афзоиши хушунат, боз ҳам вазнинтар шудани зиндагии сокинони он, сар задани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ бо миқёси солҳои 90-уми асри гузашта, фалокати башарӣ, ҳамчун маркази терроризми байналмилалӣ боқӣ мондани қаламрави ин мамлакат ва ба таври ҷиддӣ халалдор гардидани амнияту субот дар кишварҳои минтақа ва ҷаҳон мегардад», — ин нуктаро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон […]

08-09-2021

7 сентябр ба муносибати таҷлили 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар майдони Дӯстии шаҳри Душанбе паради ҳарбӣ баргузор гардид. Таҷлили ҷашни муқаддас бо расми гузашти 30 ҳазор нафар хизматчии ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, ҳайати шахсии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва […]

07-09-2021

Соли таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии мамлакат ҳамасола 1 июн ҷамъбаст карда шавад,- пешниҳод намуданд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни суханронӣ дар Рӯзи дониш дар маросими ифтитоҳи Гимназияи №4 барои хонандагони болаёқат дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки  вобаста ба мушкилоту пайомадҳои тағйирёбии иқлим, гармшавии ҳаво, пайдоиши бемориҳои сироятӣ, ҳамчунин […]

01-09-2021

Ҳамватанони азиз!Омӯзгорон ва хонандагони муҳтарам! Ҳамаи шумо – омӯзгорону хонандагон ва падару модаронро ба ифтихори ҷашни 30-солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон, Рӯзи дониш, Дарси сулҳ, оғози соли таҳсил ва ба муносибати ифтитоҳи муассисаи нави таълимӣ, яъне гимназия барои хонандагони болаёқат самимона табрик мегӯям. Ба хонандагони ин боргоҳи маърифат хониши хубу аъло, ахлоқу одоби ҳамида ва ба устодону омӯзгорон дар иҷрои рисолати […]

1 сентябр дар шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Муассисаи давлатии таълимии «Гимназияи №4 барои хонандагони болаёқат»-и шаҳри Душанберо мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Муассисаи боҳашамати таълимӣ аз 9 бинои панҷ ва чорошёна иборат буда, ҷавобгӯ ба меъёрҳои […]

Бо иштироки Обидов Фозил-раиси фраксияи ҲХДТ дар парлумони кишвар, Мирзозода Иброҳим-Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Гулаҳмадзода Зуфиқор-Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур ва Каримзода Абдураҳмон — муовини раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ доир гардид. Сароғоз Обидов Фозил-оид ба нақши Истиқлолияти давлатӣ дар низоми […]

1 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар маҳаллаи Меҳрободи ноҳияи Синои пойтахт Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 133-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Бо бардоштани парда аз рӯйи лавҳаи рамзӣ ба фаъолияти муассисаи навбунёди таълимӣ оғоз бахшида шуд. […]

1 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои пойтахт бинои хобгоҳи Муассисаи давлатии таҳсилоти миёнаи умумии Мактаб- интернати рақами 1 барои кӯдакони ятим ва бепарастори шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор дода, бо тарбиятгирандагони он суҳбати озоду […]

Истиқлолият барои мо яке аз муқаддастарин арзишҳои миллӣ ба ҳисоб меравад, зеро ин дастоварди бузург натиҷаи талошу муборизаҳои фарзандони бонангу номуси тоҷик ба хотири амалӣ намудани ормони чандин асраи халқамон, яъне эҳёи давлатдории миллии тоҷикон мебошад. ЭМОМАЛӢ  Раҳмон Воқеан ҳам имрӯз мардуми сарбаланду саодатманди тоҷик зери Роҳбарии фарзанди фарзанаи миллат, таҳаммупазиру дурандеш, сиёсатмадору ғаюр, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон […]

Дар доираи дастуру супоришҳои Дастгоҳи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон оид ба баргузории чорабинии идона ба истиқболи 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии сиёсӣ-фарҳангӣ таҳти унвони “Истиқбол аз Истиқлол” бо ташаббуси Кумитаи иҷроияии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар боғи фарҳангӣ-фароғатӣ ба номи С.Айнӣ баргузор гардид. Чорабинӣ аз намоиши дастовардҳои миллӣ, китобҳо, рассомон ва тақдими сару […]

Дирӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров суҳбати телефонӣ анҷом доданд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президент ва мардуми дӯсту бародари Қирғизистонро бо ҷашни таърихӣ – 30-солагии истиқлоли давлатӣ самимона табрик намуда, ба ҳамаи сокинони Қирғизистони ҳамсоя сулҳ, субот, рушди устувор ва дар таҳкими пояҳои […]

31 август таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар кори маҷлис нахуст оид ба ҷараёни иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 ноябри соли 2017 “Дар бораи Барномаи давлатии тайёр кардани мутахассисони соҳаҳои фарҳанг, санъат ва табъу нашри Ҷумҳурии Тоҷикистон барои […]

31 август дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ходимони давлатӣ — роҳбарони ҳокимияти қонунгузор ва иҷроия, собиқ роҳбарони парламент ва аъзои Ҳукумати мамлакат, мукофотҳои давлатӣ супориданд. Қабл аз оғози маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳозиринро ба […]

31-08-2021

Фаронса ва Британия имрӯз, 30 август, дар ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои Амнияти СММ лоиҳаи қатънома дар бораи дар Кобул таъсис додани минтақаи амниятӣ таҳти назорати СММро муаррифӣ мекунанд. Тавре  АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин бора Президенти Фаронса Эммануэл Макрон ба рӯзномаи Le Journal du Dimanche изҳори назар кардааст. «Лоиҳаи қатъномаи мо [сарҳадҳои] минтақаи бехатарии таҳти назорати СММ дар Кобулро муайян хоҳад […]

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Беларус муҳтарам Александр Лукашенко суҳбати телефонӣ анҷом доданд. Дар рафти суҳбати телефонӣ Сарвари давлати мо Александр Лукашенкоро ба муносибати зодрӯзаш самимона табрику муборакбодӣ кард. Ҷонибҳо ҳамчунин ба муносибати ҷашни 25-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ миёни ду давлат, ки ба 5 сентябри соли равон рост […]

Дирӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд. Дар оғози суҳбат Сарвари давлати мо Президенти Узбекистони дӯст ва дар симои ӯ мардуми бародари узбекро бо ҷашни таърихӣ – 30-солагии Истиқлоли давлатӣ самимона табрик намуданд. Дар ин замина Пешвои миллат дастовардҳои бузурги Ҷумҳурии Узбекистонро […]

 Қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 28 августи соли равон дар бораи табдил додани Муассисаи давлатии «Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе» ба Муассисаи давлатии «Маркази таҳлилӣ-иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе» ба тавсиб расид, иттилоъ доданд аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар». Тибқи қарори мазкур бо мақсади ташкили низоми таҳлилӣ ва иттилоотии соҳаи маорифи […]

30-08-2021

ФАРМОНИПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи даъват намудани иҷлосияиғайринавбатии Маҷлиси намояндагониМаҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистондаъвати шашум Мутобиқи моддаи 52 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам: 1. Иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум 6 сентябри соли 2021 соати 10:00 дар шаҳри Душанбе даъват карда шавад.2. Ба баррасии иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии […]

Дар асоси нақшаи чорабиниҳои Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бахшида ба таҷлили 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 27 август дар толори “Арғунун”-и Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе маҷлиси тантанавӣ доир гардид. Дар кори маҷлис Муовини Раиси ҲХДТ — Латифзода А.Қ., Раиси Кумитаи иҷроияи […]

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо ҷалби сохторҳои худ дар шаҳри Душанбе дар доираи нақшаи чорабиниҳои 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри амалигардонии Барномаи Њизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025 майдончаи варзишӣ ва майдонча барои бозии кӯдакон дар масоҳати 0,45га воқеъ дар кӯчаи Деҳотии ноҳияи Фирдавсӣ сохта, мавриди истифодаи сокинон дода мешавад. Бояд қайд намуд, ки сохтмони иншооти мазкур аз […]

Президенти Русия Владимир Путин ба кори ҳамтои тоҷики худ Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таблиғи забони русӣ баҳои баланд дод, хабар дод ТАСС дирӯз, 25 август.  «Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ин таваҷҷуҳи зиёд доранд. Мо ҳама, дар назар дорам, ҳар касе, ки ба таблиғи забони русӣ дар хориҷа, аз ҷумла дар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ манфиатдор аст, бояд барои ин аз он […]

26-08-2021

Дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Турсунзода 26 августи соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз хоҷагии деҳқонии ангурпарварии «Боғи Сомон» дидан намуда, бо рафти ҷамъоварии ҳосили ангур шинос шуданд. Хоҷагии деҳқонии ангурпарварии «Боғи Сомон» дар деҳоти Ҷӯра Раҳмони шаҳри Турсунзода соли 2008 бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон […]

26 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ғайрати деҳоти Ҷӯра Раҳмонови шаҳри Турсунзода бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 49-ро мавриди истифода қарор доданд.Иншоот се ошëна буда, дорои 16 синфхонаи таълимӣ, китобхона, ҳуҷраҳои корӣ, маҷлисгоҳ бо 100 ҷойи нишаст, озмоишгоҳ, синфхонаи компютерӣ, китобхона, ошхона ва дигар ҳуҷраҳои ëрирасон мебошад.Муассисаи нави […]

26 августи соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода аз гармхонаи хоҷагии деҳқонии «Ғайрат-2020» дидан намуданд.Гармхонаи доимамалкунанда дар деҳоти ба номи Ҷура Раҳмон навбунёд буда, аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Урунбой Нурматов бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шудааст. Дар гармхона, ки масоҳати 0,54 гектарро ташкил медиҳад, ду навъи помидор […]

26 августи соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Турсунзода бинои нави Муассисаи давлатии Мактаби кӯдаконаи санъатро мавриди истифода қарор доданд. Бинои нави Муассисаи давлатии Мактаби кӯдаконаи санъати шаҳри Турсунзода дар асоси роҳнамоиҳои ҳамешагии Сарвари фарҳангпарвари мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии […]

26 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ифтитоҳи як қатор иншооти ҷашнӣ ва боздид аз вазъи соҳаи кишоварзӣ ба шаҳри Турсунзода ташриф оварданд.Нахуст Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳр марҳилаи аввали корхонаи истеҳсоли профили алюминийи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Алюмин Проф»-ро ба истифода дода, барои бунёди марҳилаи дуюми он санги […]

26 августи соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи давлатии таълимии «Литсей – интернати шаҳри Турсунзода»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо имконоти муосири таълиму тарбияи насли наврас дар он аз наздик шинос шудандМуассисаи давлатии таълимии «Литсей – интернати шаҳри Турсунзода» аз ду бинои дуошёна иборат буда, ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли […]

ОЗМУНИ ФАРҲАНГӢ – МАЪРИФАТӢ ТАҲТИ УНВОНИ “ОИЛАИ НАМУНАВӢ” Ё “ОИЛАИ БЕҲТАРИНИ ҶАВОН” Дар асоси фармоиши Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе аз 29 апрели соли 2021, №31 озмуни фарҳангӣ-маърифатӣ таҳти унвони “Оилаи намунавӣ” ё “Оилаи беҳтарини ҷавон” дар ду марҳила ноҳиявӣ ва шаҳри Душанбе баргузор мегардад. Озмун аз шартҳои зерин иборат мебошад:  Муаррифӣ (1 дақиқа); Бахши […]

Барои ҳалли фаврии мушкилоти сиёсиву амниятии кишвари ҳамсоя бояд ҳарчи тезтар як Ҳукумати фарогири инклюзивӣ бо иштироки ҳамаи ақалиятҳои миллӣ, пеш аз ҳама тоҷикони Афғонистон, ки зиёда аз 46 фоизи мардуми ин кишварро ташкил медиҳанд, таъсис дода шавад. Ин нуктаро 25 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоташон бо Вазири корҳои […]

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Фаронса муҳтарам Эммануэл Макрон суҳбати телефонӣ анҷом доданд. Дар оғози суҳбат Пешвои миллат ба Сарвари давлати Фаронса барои ташаббуси муҳокимаи масъалаҳои кунунии муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Фаронса ва масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ изҳори сипос намуданд. Дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо ба мушкилоти Афғонистон […]

25 август дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳбарону намояндагони мақомоти қудратӣ, низомӣ, амниятӣ ва судии кишвар, ки дар фаъолияти корӣ натиҷаҳои назаррас доранд, мукофотҳои давлатӣ супориданд. Қабл аз оғози маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳозиринро […]

25-08-2021

Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҳайати Бонки ҷаҳониро таҳти роҳбарии Директори минтақавии Бонк дар кишварҳои Осиёи Марказӣ хонум Татяна Проскурякова ба ҳузур пазируфтанд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе иттилоъ доданд.Бино ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Мақомоти иҷроияи […]

24 август дар шаҳри Душанбе бо ибтикори муштараки Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Нақши Парламент дар таҳкими Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.Дар конференсия Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси […]

Дар доираи нақша-чорабиниҳои раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) дар солҳои 2020-2021 аз ҷониби Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 27 август дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар мавзӯи «Эмомалӣ Раҳмон — яке аз бунёдгузорони СҲШ» конфронси илмӣ-назариявӣ баргузор мегардад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».Конфронси мазкур якҷо бо Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон […]

Дар асоси дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 майи соли 2021, №5 “Оид ба баргузории вохӯрию мулоқотҳо дар ҷузъу томҳои ҳарбӣ ва ҳавасманд намудани афсарону сарбозоне, ки дорои ҳисси баланди ватандӯстӣ ва хизмати намунавӣ мебошанд” Нақшаи мушатараки Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо вазоратҳои мудофиа, корҳои дохилӣ, […]

11-08-2021

Дар асоси дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 майи соли 2021, №5 “Оид ба баргузории вохӯрию мулоқотҳо дар ҷузъу томҳои ҳарбӣ ва ҳавасманд намудани афсарону сарбозоне, ки дорои ҳисси баланди ватандӯстӣ ва хизмати намунавӣ мебошанд” Нақшаи мушатараки Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо вазоратҳои мудофиа, корҳои дохилӣ, […]

6 август дар шаҳри Туркманбошии Туркманистон Фестивали байналмилалии таомҳои миллии кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид. Аз ҷараёни фестивал Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров, Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов боздид ба амал оварданд. Дар фестивал гӯшаи намоишии Тоҷикистон ташкил шуда буд, ки дар он таомҳои […]

Нимаи дуюми 5 август дар шаҳри Туркманбошӣ дар доираи сафари давлатӣ дар Туркманистон ва дар ҳошияи Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ — Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров, Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ […]

6 август дар шаҳри Туркманбошии Ҷумҳурии Туркманистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ иштирок ва суханронӣ карданд. Дар вохӯрӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров, Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ширкат […]

10-08-2021

Истиқлолият барои мо яке аз муқаддастарин арзишҳои миллӣ ба ҳисоб меравад, зеро ин дастоварди бузург натиҷаи талошу муборизаҳои фарзандони бонангу номуси тоҷик ба хотири амалӣ намудани ормони чандин асраи халқамон, яъне эҳёи давлатдории миллии тоҷикон мебошад. ЭМОМАЛӢ  Раҳмон Воқеан ҳам имрӯз мардуми сарбаланду саодатманди тоҷик зери Роҳбарии фарзанди фарзанаи миллат, таҳаммупазиру дурандеш, сиёсатмадору ғаюр, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон […]

09-08-2021

Ман андешаҳои худро доир ба вазъи кишвари ҳамсоя ва дӯсти мо – Ҷумҳурии Исломии Афғонистон 22-юми июли соли ҷорӣ муфассал баён карда будам.Мушоҳидаву таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар муддати беш аз як моҳи гузашта вазъият дар ин кишвар, мутаассифона, боз ҳам мураккабу ҳалокатбор ва боиси нигаронии ҷиддии мамолики минтақа ва ҷаҳон гардид.Сокинони ин кишвар, ки беш аз чил соли охир […]

08-09-2021

Имрӯз бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ҳамоиши ҳизбиёни пойтахт таҳти унвони “Нақши  ҲХДТ дар таҳкими истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” бахшида ба ҷашни  30 – солагии  Истиқлолияти давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Осорхонаи миллии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ҳамоиш Хайринисо Юсуфӣ – Муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Мирзозода Иброҳим -Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии […]

07-09-2021

Дар Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Хирадмандон” бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Симпозиуми байналмилалии илмии «Тоҷикистон дар масири таърих: истиқлолият, дастовард ва дурнамо» дар толори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор шуд. Ҳамоишро президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Хирадмандон”, академик Фарҳод Раҳимӣ ифтитоҳ намуда, дар ҷараёни суханронӣ иброз кард, ки бузургтарин сармояи миллӣ истиқлоли сиёсӣ мебошад ва […]

Баъд аз садо додани Суруди миллии Тоҷикистон дар ташкилоти ибтидоии “Иёр” бо иштироки Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур — Гулҳмадзода Зулфиқор Аҳмад ва Раиси ташкилоти ибтидоии “Иёр” Саидзода Дилшод маҷлиси тантанавӣ ба ифтихори ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ доир гардид. Сароғоз Гулаҳмадзода Зулфиқор оид ба дастоварди таърихии миллати тоҷик – Истиқлоли давлатӣ, хизматҳои бесобиқаву таърихии Пешвои миллат, муҳтарам […]

Санаи 6-уми сентябри соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Истиқлол”-и Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” бо иштироки Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ — Шоҳиён Абдураҳим Маҳмадулло, муовини сармуҳаррири нашрияи ҳизбии “Минбари халқ” — Наимов Маҳмадулло ва аъзоёни фаъоли ҲХДТ маҷлиси тантанавӣ бахшида ба ҷашни миллӣ – 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ доир гардид. Маҳмадулло Наимов муовини сармуҳаррири нашрияи […]

Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷлосияи якуми ғайринавбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум, ки имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода баргузор гардид, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф»-ро қабул карданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Иҷлосия бо садо додани […]

06-09-2021

Маҳз истиқлолият ба мо имконияти таърихие, фароҳам овард, ки ватани худро соҳибӣ кунем, давлатдории миллии худро барпо намоем, суннату арзишҳои миллиамонро эҳё созем, ормонҳои деринаи халқамонро амалӣ гардонем ва зиндагии озодонаи мардумамонро ба роҳ монем.Эмомалӣ РаҳмонИмсол мардуми шарафманди Тоҷикистон дар арафаи таҷлили солгарди 30–юми Истиқлоли давлатӣ қарор дорад. Ин санаест, ки дар таърихи навини тоҷикон 30 соли эҳёи суннату арзишҳои […]

Дар Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Обрасон”-и Обу корезии шаҳри Душанбе ба ифтихори 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бо иштироки Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур- Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад, Файзизода Исмоил- муовини раиси Федератсияи итифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Раҷабов Умедҷон-Раиси Кумитаи ҷумҳуриявии итифоқи касаба ва Мирзозода Эмомалӣ –Раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Обрасон” маҷлиси тантанавӣ доир гардид. Баъд аз садо додани суруди […]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

  • Сентябрь 2021
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
     12345
    6789101112
    13141516171819
    20212223242526
    27282930  
  • Архиви Моҳона

  • Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028